Сухангӯи Вазорати хориҷаи Ҷ.И.Эрон: “Ансоруллоҳ як нерӯи мустақилли минтақаӣ аст ва аз касе дастур намегирад”
Ахбори байналмилал
Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Ҷ.И.Эрон дар Х навишт:
“Дурӯғҳои Марко Рубио (вазири хориҷаи Омрико) наметавонад ҷойгузини воқеиятҳо шавад. Ансоруллоҳ як бозигари мустақилли яманӣ аст, ки тасмимоти худро мегирад; аз ҳеч кас дастур намегирад ва ба унвони намояндаи ҳеч кас амал намекунад.
Решаҳои бесуботӣ дар минтақа дар мудохилоти низомӣ ва сиёсатҳои султаҷӯёнаи Иёлоти Муттаҳида нуҳуфтааст.
Агар Вошингтун воқеан хоҳони сулҳ буд, як гоми содда бармедошт: ба мудохилоти бадхоҳона ва бесуботкунандаи худ дар минтақаи мо поён медод”.
Қаламонлайн













