Сухангӯи гурдонҳои Қассом: “Тӯфон ал-Ақсо сароғозе барои поёни қадимитарин ишғолгарӣ дар таърихи муосир аст”

Сухангӯи гурдонҳои Қассом: “Тӯфон ал-Ақсо сароғозе барои поёни қадимитарин ишғолгарӣ дар таърихи муосир аст”

 “Ҳазорон муҷоҳиди мо дар манотиқи мухталифи набард дар омодагии комил ҳастанд”

Ахбори байналмилал

Абӯубайда, сухангӯи гурдонҳои Қассом, бо баёни ин ки 133 рӯз аз оғози амалиёти Тӯфон ал-Ақсо мегузарад ва ин амалиёт чеҳраи ҷаҳонро тағйир дода ва хоҳад дод ва поёни ишғолгариро тарсим хоҳад кард, гуфт: “Набарди Тӯфон ал-Ақсо сароғозе барои поёни қадимитарин ишғолгарӣ дар таърихи муосир ба шумор меравад ва нуқтаи атфе дар таърихи уммати исломӣ маҳсуб мешавад.”

Ба гузориши Алҷазира, Абӯубайда бо таъкид бар ин ки муҷоҳидони мо хасоратҳо ва талафоти сангин ва бесобиқае тайи таърихи мардумамон бар душман ворид мекунанд, гуфт: “Муҷоҳидон ишғолгаронро дар каминҳои мустаҳкам ва дақиқе ғофилгир мекунанд ва он чи ки мо дар қолаби навор пахш мекунем, танҳо бахше аз муҷоҳидатҳои нерӯҳои мо дар майдони набард аст ва тарҷеҳ медиҳем намоиши бархе аз саҳнаҳои набардро бино ба далоили амниятӣ ба таъвиқ андозем.”

Вай бо баёни ин ки муҷоҳидони мо амалиёти вежа ва маргбореро ба мувозоти иқдомоти нерӯҳои муқовамат дар минтақа иҷроӣ мекунанд, тасреҳ кард: “Муҷоҳидон дар манотиқи шимол, марказ ва ҷануб алайҳи нерӯҳои пешравикунандаи душман, токтикҳои мутанаввеъеро бо таслиҳоти муносиб иҷро мекунанд.”

Сухангӯи гурдонҳои Қассом бо таъкид бар ин ки муқовамати мо алайҳ душман ва ҳамалоти саҳюнистҳо то хуруҷи охирин сарбози саҳюнистӣ аз навори Ғазза идома дорад, изҳор дошт: “Ҳазорон нафар аз муҷоҳидони мо дар манотиқи мухталифи набард дар омодагии комил ва доимӣ ҳастанд.”

Абӯубайда бо ишора ба ин ки мо коре бо иддаоҳо ва акозиби душман дар майдони набард надорем, гуфт: “Ояндаи наздик ва дур таваҳҳумот ва дурӯғҳои душманро исбот хоҳад кард, хасоратҳои душман бисёр фаротар аз тасреҳоти саҳюнистҳост.”

Вай бо таъкид бар ин ки мо тайи чанд моҳи гузашта талош кардем, то барои таҳаққуқи манофеъи мардумамон аз асирон ҳифозат кунем ва ҳамчунон ҳам ин корро анҷом медиҳем, тасреҳ кард: “Даҳҳо бор нисбат ба хатароте, ки асирони душманро таҳдид мекунад ҳушдор додем, аммо раҳбарони саҳюнист ин ҳушдорҳоро нодида гирифтанд.”

Сухангӯи гурдонҳои Қассом бо баёни ин ки асирони душман дар вазъияти душворе ба сар мебаранд ва барои зинда мондан талош мекунанд ва мо ҳам барои ҳифозат аз онҳо мекӯшем, гуфт: “Артиши душман омидона асирони худро кушта ва захмӣ кард.”

Абӯубайда бо таъкид бар ин ки замон барои асирони душман дар ҳоли поён ёфтан аст, гуфт: “Мо ба унвони мардуми Фаластин ва муқовамат ба мубориза худ идома медиҳем ва пирӯзӣ наздик аст. Аҳдофи асосӣ, ки душман дар талош барои таҳаққуқи он аз тариқи ҷиноёт ва кушторҳост, мунҷар ба суқути саҳмгин ва хорӣ ва зиллати онҳо хоҳад шуд.”

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Яманиҳо боз як киштии англисиро дар баҳри Сурх заданд
Масъулиятшинос бошем

Матолиби пурбоздид