Суханони Сайидҳасан Насруллоҳ дар бораи ҳамлаи густардаи Ҳизбуллоҳ

Суханони Сайидҳасан Насруллоҳ дар бораи ҳамлаи густардаи Ҳизбуллоҳ

Ахбори байналмилал

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ гуфт, ки дар амалиёти густардаи Ҳизбуллоҳ алайҳи душмани саҳюнистӣ, як пойгоҳи стратегии артиши ишғолгар дар 1500 метрии Телавив ҳадаф қарор гирифт.

Ба гузориши Алмаёдин, Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳ, имрӯз аср (якшанбе), дар бораи ҷузъиёти марҳилаи нахусти посух ба терури фармондеҳи шаҳид Фуод Шукр ба дасти режими саҳюнистӣ дар Бейрут суханронӣ кард.

“Тасмим гирифта шуд, ба далоил ва ҳикмате, ки ба мурури замон мушаххас мешавад, амалиёти худро ба сурати инфиродӣ анҷом диҳем”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар ибтидо дар бораи иллати таъхир дар интиқоми шаҳид Шукр тасреҳ кард: “Аҷала барои посухгӯӣ дар авҷи ҳушдори Исроил ва Омрико, метавонист ба маънои шикаст бошад. Яке аз далоили таъхир дар посух, ниёз ба замон ва машварат дар мавриди ин буд, ки оё посух аз тариқи Меҳвари Муқовамат хоҳад буд ё ба танҳоӣ бошад. Мо мунтазир мондем, то фурсати музокираро фароҳам кунем, зеро ҳадафи мо дар ин ҷабҳа ва тамоми фидокориҳо, таваққуфи ҷанги Ғазза аст. Тасмим гирифта шуд, ки ба далоил ва ҳикмате, ки ба мурури замон мушаххас мешавад, амалиёти худро ба сурати инфиродӣ анҷом диҳем ва ҳар як аз тарафҳо дар Меҳвар, худ тасмим бигиранд, ки чӣ замоне ва чӣ гуна посух диҳанд.”

Вай хотирнишон кард: “Мо сарфаслҳо ва маҳдудиятҳоеро барои посух, аз ҷумла ҳадаф қарор надодани ғайри низомиён таъйин кардаем. Мо тасмим гирифтем, ки ҳадаф низомӣ бошад ва ба терури фармондеҳи шаҳид Фуод Шукр муртабит бошад. Мо ҳамчунин тасмим гирифтем, ки ҳадаф бояд дар умқи режими саҳюнистӣ ва наздик ба Телавив бошад. Мо пойгоҳи “Гилелот”-ро ҳадаф қарор додем, ки пойгоҳи аслии вобаста ба лашкари иттилоотии низоми “Амон” ва “Воҳиди 8200”-и вобаста ба он аст.”

“Пойгоҳи “Гилелот”-и режими саҳюнистӣ, ки ҳадаф қарор гирифт, 1500 метр бо Телавив фосила дорад”

Насруллоҳ идома дод: “Пойгоҳи “Гилелот”, ки ҳадаф қарор гирифт, 110 километр бо марзи Лубнон ва 1500 метр бо Телавив фосила дорад. Ҳизбуллоҳ тасмим гирифт, бо мушакҳои “Катюша”, ки теъдоди онҳо ба 300 расид, пойгоҳҳо ва подагонҳо дар Алҷалил ва Ҷулони ишғолиро ҳадаф қарор диҳад. Ҳадафи аввалии мушакҳои “Катюша” машғул кардани сомонаи “Гунбади Оҳанин” ва заминасозӣ барои анҷоми ҳамлаи паҳподӣ буд.”

“Қабл аз амалиёт ҳеч саккуи партоби Ҳизбуллоҳ мавриди ҳамлаи душман қарор нагирифт”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ бо ишора ба ҷузъиёти бештари ин амалиёт афзуд: “Замони амалиёт соати 5:15-и субҳи имрӯз таъйин шуд. Дар амалиёти имрӯз мо барои аввалин бор як паҳподро аз минтақаи Биқоъ дар шарқи Лубнон партоб кардем. Таъкид мекунем, ки қабл аз амалиёт ҳеч саккуи партоби Ҳизбуллоҳ мавриди ҳамлаи душман қарор нагирифт. Ошёнаи паҳподҳои Ҳизбуллоҳ на қабл ва на баъд аз амалиёт ҳеч осебе надиданд. Тамоми паҳподҳои партобшуда аз дараи Биқоъ ба саломат аз марзи Лубнон ва Фаластини ишғолӣ ба самти аҳдофи мушаххасшуда убур карданд.”

“Ривояти режими саҳюнистӣ дар бораи амалиёти имрӯз кизби маҳз аст”

Насруллоҳ эълом кард: “Ҳадафи низомии хосс, ки дар ин амалиёт ҳадаф қарор гирифт, пойгоҳи иттилоотӣ-низомии “Амон” ва “Воҳиди 8200” дар “Гилелот” дар наздикии Телавив аст. Додаҳои мо ҳокӣ аз ин аст, ки теъдоде паҳпод ба ин ду ҳадаф расидаанд, аммо душман тибқи маъмул воқеиятҳоро пинҳон мекунад. Ривояти Исроил дар мавриди он чи имрӯз субҳ дар марзи Лубнон ва Фаластини ишғолӣ иттифоқ афтод, пур аз дурӯғ аст, ки нишондиҳандаи мизони заъфи ин режим аст. Тасмими муқовамат барои ҳадаф қарор додани ғайри низомиён ва ботил шудани ин талош аз сӯйи режими ишғолгар, дурӯғи маҳз аст.”

“Қарор буд 300 мушак партоб кунем, аммо 340 мушак партоб кардем”

Сайидҳасан Насруллоҳ таъкид кард: “Он чи ки барномарезӣ шуда буд иттифоқ афтод ва дастоварди мо ҳатто бештар аз пешбин буд. Мо қарор буд 300 мушак партоб кунем, аммо 340 мушак партоб кардем. Мо дар ҳоли ҳозир қасди истифода аз мушакҳои роҳбурдиро надоштем, аммо мумкин аст дар ояндаи наздик аз онҳо истифода кунем. Ҳеч як аз мушакҳои роҳбурдӣ, ки душман аз онҳо сӯҳбат мекунад, осеб надидааст. Он чи имрӯз субҳ бомбборон шуд, дарраҳое буд, ки холӣ шуда буд ё мушакҳои роҳбурдӣ дар он вуҷуд надошт. Иддаъои артиши ишғолгар, ки Натонёҳу онро тарвиҷ медиҳад мабнӣ бар инҳидоми ҳазорон мушак ва мушакандози Ҳизбуллоҳ, кизби маҳз аст.”

“Ҳеч як аз саккуҳои партоби мушак қабл аз амалиёт мавриди ҳамла қарор нагирифт”

Насруллоҳ идома дод: “Ҳеч як аз саккуҳое, ки дар партоби мушакҳо нақш доштанд, қабл аз амалиёт мавриди ҳамлаи душман қарор нагирифтанд ва фақат ду сакку баъд аз амалиёт мавриди исобат қарор гирифт. Душман ҳеч иттилооте дар бораи замони амалиёт дар ихтиёр надошт ва ҳамалоташ, ки як соат қабл анҷом шуд, натиҷаи ҳаракати табиии муҷоҳидон буд. Ҳеч як аз ҳамалоте, ки душман анҷом дод, минтақаи амалиётро ҳадаф қарор надод. Он чи имрӯз иттифоқ афтод, як таҷовуз буд, на як иқдоми пешгирона ва агар чунин ҳам фарз кунем, ҳеч таъсире бар амалиёти имрӯз нагузошт. Инҳо достонсароиҳои дурӯғини душман ва шикасти иттилоотии он аст. Амалиёти мо тибқи барномарезӣ ва бо тамоми ҷузъиёт, комил шуд.”

“Агар натиҷаи амалиёт кофӣ набошад, ҳамчунон ҳаққи посухро барои худ маҳфуз медонем”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ изҳор дошт: “Алорағми ҳамаи ҳаёҳуи душман, ки бархе дар дохили Лубнон ба он кӯмак карданд, муқовамат тасмими анҷоми ин амалиётро гирифт ва онро бидуни таъхири бештар анҷом дод. Мо натиҷаи пинҳонкории душман дар бораи он чи дар ин ду пойгоҳ бавежа дар “Гилелот” рух дода аст-ро дунбол хоҳем кард. Агар натиҷа ризоятбахш бошад ва ҳадафи мавриди назар муҳаққақ шавад, амалиёти посухро поёнёфта дар назар мегирем, вале агар натиҷа кофӣ набошад, мо ҳаққи посухгӯиро то замоне дигар барои худ маҳфуз медорем.”

“Амалиёти имрӯзи Ҳизбуллоҳ барои музокиракунандагони фаластинӣ бисёр муфид ва паёми он барои Омрико равшан аст”

Сайидҳасан насруллоҳ дар бахши поёнии суханонаш таъкид кард: “Амалиёти имрӯзи мо мумкин аст барои тарафҳои фаластинӣ ва арабӣ дар музокирот бисёр муфид бошад ва паёми он барои душман ва омрикоиҳо равшан аст. Ҳар гуна умеде барои хомӯш кардани ҷабҳаҳои пуштибонӣ бемаъно аст ва кореро, ки 11 моҳ пеш оғоз кардем, бидуни таваҷҷуҳ ба иръоб ва ҳазинаҳои он такмил хоҳем кард. Мо мардуме ҳастем, ки зиллатро намепазирем ва наметавонем барои касе гардан хам кунем ва хуни мазлуми мо бар шамшер пирӯз хоҳад шуд. Душман бояд бифаҳмад, ки рӯзе, ки тавонист бо як гурӯҳи мусиқӣ ба Лубнон ҳамла кунад ба поён расидааст ва мумкин аст рӯзе бирасад, ки битавонем бо як гурӯҳи мусиқӣ ба Исроил ҳамла кунем.”

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Телевизиони Исроил аз масрафи беш аз ҳадди доруҳои оромбахш хабар дод
Ҷузъиёти ҳамлаи мушакии густардаи Ҳизбуллоҳи Лубнон ба шимоли Исроил

Матолиби пурбоздид