Сухан аз саодати инсон

Сухан аз саодати инсон
(Андар хотимаи баҳс перомуни як панди Эпикур)
(Як ҷумла шарҳ: Перомуни як гуфтори файласуфи маъруф Эпикур баҳси доманадоре шуд. Ин мақоларо, ки ду сол пеш навишта будам, аз нав бо таҳриру такмил нашр мекунам ва чун посухи ниҳоӣ ба корбарони ин фазо – Ҳомид Хостихудоев, Маҳдӣ Собир, Султон Сафарзода, Абубакр Саидов, Зоҳир Мамадамонов, Файзулҳасан Зикруллоев ва чанд азизи дигар пешниҳод мекунам… Ба ин шахсиятҳои муҳтарам барои ибрози андеша (хоҳ розӣ ҳастаму хоҳ на) самимона сипос мегӯям, чун ба қавли Мавлоно, “машварат идроку ҳушёрӣ диҳад…”. Ҳар чизе медонаму намедонам, ин ҷо навиштам ва идомаи баҳсро дигар лозим намедонам… ).
Мутафаккири бузурги Юнони бостон Эпикур (341-270 қабл аз милод) гуфтори ҳакимонае дорад ба ин мазмун: “Бо илму хирад, аммо бадбахтона зистан ҳазор бор беҳтар аз он аст, ки бидуни хирад сарватманду хушбахт бошӣ”. Шарҳи ин гуфтор бевосита ба дарёфти саодат тавассути зиндагии хирадмандона дахл мекунад. Кӯшиш мекунем, ки мухтасар ба шарҳи ин гуфтор бипардозем.
Эпикур мутафаккири одӣ не, балки бунёдгузори як мактаби томи фалсафист, ки ба рушди равияи моддиюн дар ҳикмату фалсафа такони бузурге додааст. Ҳадафи асосии Эпикур ҳамин будааст, ки дуруст ва саодатмандона зистанро ба мардум биёмӯзонад…
Эпикур мегуфт, ки ҳаёти хушбахтона на танҳо барои ҳар инсон имконпазир аст, балки чунин ҳаёт метавонад зери контрули одам ҳам бошад, яъне одам метавонад ба таври мустақил бахту саодатро дарёбад, новобаста аз он ки дар ин олами бераҳм ва пур аз истибдод чиҳо мегузарад… Аммо бахту саодатро аз лаҳзаҳои зудгузари шодиву нишот фарқ бояд кард, саодат худаш бевосита намеояд, барои он ҷаҳду талош бояд кард, ба фалсафа машғул бояд шуд… Касе, ки худро хеле ҷавон ва ё хеле пир барои омӯзиши фалсафа мепиндорад, муносибаташ ба бахту саодат ҳам ҳамон гуна мешавад: ё дери дер шудааст, ё ҳоло барвақт аст… Фалсафае, ки ба сиҳҳатии рӯҳи инсон мусоидат намекунад, аслан фалсафа нест…
Саодат ё бахт ҳадафи ниҳоии ҳар инсон аз рӯйи мантиқи табиати ашёст. Ҳаявон одат доранд, ки аз чизҳои ногувор (сармову гуруснагиву дигар чизҳо…) дур шуда, ба сӯйи хубиҳо талош мекунанд. Инсон, ки хирад дорад, метавонад принсипи ҳаёти худро худаш дар амал татбиқ кунад. Дар замонаш Зигмунд Фрейд ҳам мегуфт, ки ҷумлаи лаззату ҳаловатҳо ва хушиҳо дар умум бад нестанд, аммо баъзеашон дар оянда боиси азиятҳо мешаванд, бархе ончунон заҳамоту саъю талошҳо мехоҳанд, ки аз онҳо даст кашидан лозим мешавад.
Танҳо тавассути фикри солим ба хулосае омадан мумкин аст, ки лаззату ҳаловатҳо мисли азияту азобҳо ҷисмиву рӯҳонӣ мешаванд. Лаззату ҳаловатҳои ҷисмиро мо тавассути ҳиссиётамон дарк мекунем, масалан, аз таоми бомазза, шароби ноб, робитаи ҷинсӣ, зебоиҳои хонае, ки дар он иқомат дорем.
Ин лаззатҳо ҳамеша хушоянд буда, ҷаззобияте доранд, аммо оқибаташон чандон хуб нест: одам зуд аз онҳо сер шуда, дар пайи ҳаловату лаззатҳои тоза ба тоза ва зӯртар аз инҳо мешавад…
Кайфу роҳати ҳамешагӣ билоқибат инсонро ғулом мегардонад ва пайваста рӯҳашро ноором месозад. Ӯ аз маҳрум шуданаш аз он роҳату хушиҳо метарсад, он лаззату хушиҳое, ки дигар барояш хушҳолкунанда нестанд, аз ин рӯ, барои он мекӯшад, ки ақаллан як лаҳза барояш хушии наве муҳайё бишавад… Ҳамин тавр, ҳаёти ин гуна инсонҳо оҳиста-оҳиста моломоли азиятҳо мегардад…
Ҳамин тавр, Эпикур лаззатҳои ҷисмониро ба се гурӯҳ ҷудо мекунад:
– лаззатҳои табиӣ ва лозим;
– лаззатҳои табиӣ, аммо нозарур;
– на табиӣ ва на зурур, аммо ҳосили андешаҳое, ки замони хушҳолӣ ба вуҷуд омадаанд…
Ба гурӯҳи аввал он лаззатҳое дохиланд, ки инсонро аз азият мераҳонанд, масалан, таом, ки гуруснагиро бартараф мекунад, либос, ки одамро аз сармо наҷот медиҳад, хона, ки сарпаноҳи ӯст, муомила бо зан, ки роҳати зиёде дорад ва қонун иҷоза додааст… Аз ин ҷиҳат Эпикур гӯё Суқротро такрор мекунад. Суқрот ҳам мегуфт, ки ғизо ҳамон вақт хушмазза аст, ки аз он беҳтарашро интизор надорӣ, шароб низ, агар аз он беҳтарашро намехоста бошӣ…
Эпикур илова мекунад, ки одат кардан ба ғизоҳои одиву арзон одамро тандуруст мекунад ва ва аз печутоби роҳи сарнавишт наҷот медиҳад. Баъдан ин андешаро файласуфони равиши равоқиюн (стоитсизм, стоикҳо) то ҳадди ниҳоиаш бурданд: онҳо дастуруламалҳое сохтанд, ки одамро барои маҳдуд кардан аз хоҳишҳои номаҳдудашон одат мекунониданд. Масалан, субҳидам бархостану машқи ҷисмонӣ кардан, мизи пур аз ғизоҳои бомаззаро оростан ва ба эҳтиёҷмандони гурусна (хидматгузорон, ғуломон ва …) иҷозат додан, ки то метавонанд, бихӯранд.
Худи инсон бояд дар ин вақт рост истода тамошо кунад, ки дигарон чӣ гуна мехӯранд. Ва танҳо баъди ғуруби офтоб гуруснагиро танҳо бо обу нон рафъ кардан… Бо чунин корҳо одам идора кардани нафсашро ёд мегирифт ва ҳаёташро ба қарзи инсониаш тобеъ мекард….
Эпикур таҳти ибораҳои “лаззатҳои табиӣ, аммо нозарур” он лаззатҳоеро дар назар дошт, ки ҳаёти одамиро рангоранг мекунанд, Масалан, ғизоҳо ва либосҳои қимат, хонаи ниҳоят қашанг ва пур аз ҷиҳози ҳарранг, сайру сайёҳат касро ҳамеша хушнуд мекунанд ва то он замоне манфиат доранд, ки агар кас ба ин хушиҳо ҷиддӣ муносибат накунад ва тавонад, ки бидуни онҳо низ зиндагӣ карда тавонад… Агар ин гуна эҳсос набошад, кас ҳаёташро, саодаташро зери хатар мегузорад.
Гурӯҳи савуми лаззатҳо – на табииву на зарур, ба одамоне хос аст, ки кибру ғурури ҳамешагӣ доранд, ҳамеша ҳокиму роҳбар будан ва фармонфармоӣ кардан мехоҳанд ва аз пайи хушиву роҳат ҳастанд… Ин навъ одамон мудом рӯҳи хешро ноором мекунанд, зеро намедонанд, ки хоҳишҳои одамиро интиҳое нест: ҳоким будан ба дигарон, шарафу иззатхоҳӣ, сарватҷамъкунӣ меъёр надоранд, барояшон инҳо ҳар қадар зиёд бошад, кам менамояд, ҳар қадар сарвати зиёд дошта бошанд, боз мехоҳанд аз ин ҳам бештар бошад, хоҳишу тақозои доштани дороии зиёдтар рӯҳашонро доиман н-осуда мекунад…
Сарнавишти ин гуна одамонро Александр Сергеевич Пушкин дар афсонаи машҳури “Кампир ва тағораи шикаста” хеле хуб тасвир кардааст: кампире, ки ба ҷуз як тағораи шикаста дар бисоташ чизе надошт, баъди дарёфти қасри зебое он қадар иштиҳояш боз шуд, ки хост яккаҳукмрони олами баҳру уқёнусҳои ҷаҳон шавад…
…Аммо лаззатҳои ҷисмониро азиятҳои ҷисмонӣ ба дунбол аст, инро низ Эпикур шарҳ додааст. Магар мумкин аст, ки одам бо азияти ҷисмонӣ, масалан, дарду ранҷи бадан, эҳсоси хушбахтӣ дошта бошад? Эпикур мегуфт, бале, мумкин аст. Одамон на аз худи дард, балки аз интизори расидани он дарду ранҷ бештар азият мекашанд… Дарди начандон вазнин, аммо тӯлонӣ наметавонад сафои рӯҳи инсониро бишканад, аммо агар дарди вазнин бошад, пас, марг ба дунболи ӯ хоҳад шуд, марг бошад, ҳолатест, ки дигар эҳсос надорад…
Ҳамин тавр, меъёри аслии лаззатҳо адами азиятҳо ва ҳолати оромиш аст, ки онро Эпикур атараксия меномад… Азияту азобҳои рӯҳӣ бадтар аз азобҳои ҷисмонист, зеро аввалӣ ба худи ҳозир, айни замон дахл дорад ва мегузарад, аммо азиятҳои рӯҳӣ ҳам ба гузашта (эҳсоси гуноҳ, азоби виҷдон аз кирдору гуфтори нопоки гузашта) ва ҳам ба оянда (эҳсоси тарс) тааллуқ мегиранд…
Сарчашмаи тамоми иллатҳои рӯҳӣ ҷаҳолат аст, аз ин рӯ, давои ҷаҳолат танҳо фалсафа ҳасту халос.
Воқеан, одамон аз ду чиз бештар метарсанд: аз марг ва аз азоби ҷаҳаннам. Одамон чӣ будани маргро намедонанд ва ҳам намедонанд, ки бо марг чӣ чизҳое ҳамроҳ аст: дард ё номуайянӣ… “Марг ба мо муносибате надорад: вақте ки мо ҳастем, марг нест, вақте ки марг дармерасад, мо аллакай нестем. Ҳамин тариқ, марг на барои зиндаҳо ва на барои мурдаҳо вуҷуд надорад, чунки барои бархе худи вақт (яъне марг) мавҷуд нест, дигарон барои ӯ (барои марг) аслан вуҷуд надоранд”…
Эпикур ба ҳоли онҳое механдид, ки мегуфтанд (ва ҳоло ҳам бархе мегӯянд): ҳаёти одамӣ аслан маъно надорад. Зиндагии мо ончунон аз даводаву гирудор ва кашмакашҳо пур аст, ки марг ҳамчун падидаи наҷотбахш ба додамон мерасад. Беҳтар аст, ки инсон таваллуд нашавад. Агар ин қабил одамон ба суханони худашон эътимоде дошта бошанд, пас, чаро худашон мезиянд? Бо ин гапҳо аблаҳиашонро нишон медиҳанду халос. Марг чизе нест, ки дар бораи он сухани беҳуда бигӯӣ.
Марди хирад на аз марг метарсад ва на худро аз зиндагӣ канора мегирад. Маҳз хирад ба инсон кумак мекунад, ки сарнавишташро ба дасти хеш бигирад ва тарсу ҳарос аз маргро дар вуҷудаш нобуд кунад.
Хирадманди воқеӣ медонад, ки азобу азиятҳо ё кутоҳмуддат мешаванд (ва онро метавон ба осонӣ пушти сар кард) ё чунон пурзӯр мешаванд, ки оқибаташон марг хоҳад буд (дар ин ҳол ҳам аз он набояд тарсид). Хирадманди воқеӣ на аз пайи шаъну шараф мегардаду на аз пайи эътироф шуданаш аз ҷониби дигарон. Хӯрдану пӯшидану сарпаноҳи хоксоронае доштан барои саодатманд шудан кофист, ба бештар аз ин роҳату хушиҳо саъй кардан ҳатмӣ нест. Ҳар қадар хоҳишҳои инсон хоксорона бошад, ҳамон қадар хушбахт шуданаш осонтар мешавад…
Ҳафиз Раҳмон
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Насиҳате аз Абӯзари Ғифорӣ (р)
Бахшиш

Матолиби пурбоздид