Тавозӯъ ва фурӯтанӣ
Сабки зиндагӣ
Масъалае, ки Қуръони Маҷид дар сабк ва равиши таблиғи пайғамбарон нақл мекунад, тавозӯъ ва фурӯтанӣ аст (нуқтаи муқобили истикбор). Касе, ки мехоҳад паёмеро, он ҳам паёми Худоро ба мардум бирасонад, бояд дар муқобили мардум дар ниҳояти дараҷа фурӯтан бошад, яъне пурмуддаоӣ накунад, изҳори иноният ва маният накунад, мардумро таҳқир накунад, бояд дар ниҳояти хузӯъ ва фурӯтанӣ бошад.
(Қуръони Карим аз забони Нӯҳ алайҳис салом хитоб ба гурӯҳе аз қавмаш мефармояд:)
أَوَعَجِبْتُمْ أَنْ جَاءَكُمْ ذِكْرٌ مِنْ رَبِّكُمْ عَلَى رَجُلٍ مِنْكُمْ
(Сураи Аъроф, ояти 63) Оё тааҷҷуб мекунед, ки паёми парвардигори шумо, зикри парвардигори шумо, мояи танбеҳе, ки аз тарафи парвардигори шумост, бар марде аз худи шумо бар шумо омадааст? Иборати:
مِنْ رَبِّكُمْ
— нишондиҳандаи ин аст, ки намехоҳад Худоро ба худаш ихтисос бидиҳад ва дар чунон мақоме бигӯяд, Худои ман, шумо, ки қобил нестед, то бигӯям Худои шумо. Баъд мегӯяд:
عَلَى رَجُلٍ مِنْكُمْ
— бар марде аз худи шумо, ман ҳам яке аз шумо ҳастам.
Шумо бибинед чӣ қадр тавозӯъ дар ин ояти карима нуҳуфтааст, ки хитоб ба Пайғамбари Акрам мефармояд:
قُلْ إِنَّمَا أَنَا بَشَرٌ مِثْلُكُمْ
Бигӯ ба мардум, ман ҳам башаре мисли шумо ҳастам,
يُوحَى إِلَيَّ
Бар яке аз амсоли худи шумо ваҳй нозил мешавад,
أَنَّمَا إِلَهُكُمْ إِلَهٌ وَاحِدٌ فَمَنْ كَانَ يَرْجُو لِقَاءَ رَبِّهِ فَلْيَعْمَلْ عَمَلًا صَالِحًا وَلَا يُشْرِكْ بِعِبَادَةِ رَبِّهِ أَحَدًا
(“Бигӯ: ҷуз ин нест, ки ман монанди шумо башаре ҳастам, ки ба ман ваҳй мерасад, ки Худои шумо Худои яктост, пас ҳар кас ба лиқо (-и раҳмат)-и парвардигораш умедвор аст, бояд некӯкор шавад ва ҳаргиз дар парастиши Худояш аҳадеро бо ӯ шарик нагардонад.” (Сураи Каҳф, ояӣт 110))
(Ҳамосаи ҳусейнӣ, Муртазо Мутаҳҳарӣ)
Қаламонлайн