Тавсифи Наврӯз дар осори муаррихон, мутафаккирон ва шоирони асримиёнагии форсу тоҷик
Саҷҷоди Муҳаммадшарифзода
Мардумони бостонии ориёитабор шод зистан ва шодмонӣ карданро амре нек ва аҳуроӣ медонистанд ва дар ҳар моҳ ба муносибате ҷашне барпо мекарданд. Аз миёни он ҷашнҳои сершумор бархе аз онҳо чун Наврӯз, Меҳргон ва Сада бо мурури замон ва ба тадриҷ аҳамияти бештаре ёфта, то имрӯз боқӣ мондааст. То кунун пажуҳишгарон дар ихтиёри худ доир ба маншаи аслӣ ва таърихи пайдоиши аксарияти ин гуна анъанаву маросимҳо ва ҷашнҳои қадима, алалхусус Наврӯз, ки пуршукӯҳтарин ҷашни қадимаи тоҷикон ва дигар мардуми ориёитабор мебошад, ба як хулосаи мушаххаси барои ҳамагон қобили қабул нарасидаанд. Дар заминаи пажуҳиши муқоисавии маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ ва бозёфтҳои бостоншиносон аксарияти муҳаққиқон чунин ҳадс мезананд, ки ин ҷашн шояд дар даврони ташаккулёбӣ ва равнақи фарҳанги ҳиндуориёӣ пайдо шуда бошад. Фарзияи мазкур асосан ба як силсила ривоятҳое такя мекунад, ки онҳо дар манобеи гуногуни хаттӣ ба ин муносибат нақл шудаанд. Чуноне ки аз мазмуни катибаҳои сангии шоҳони сулолаи Ҳахоманишӣ натиҷа гирифтан мумкин аст, ба назар чунин мерасад, ки ҷашни Наврӯз ҳанӯз дар ҳамон рӯзгорон хеле маъмул буда, бо шукӯҳу тантана баргузор мешудааст. Анъанаҳо ва ҷашну маросимҳои наврӯзӣ дар замони ҳукмронии Сосониён низ дар саросари кишварҳои зери тобеияти онҳо ба таври мутантан баргузор мешуданд. Дар он рӯзгорон Наврӯз аз ду қисмат иборат буд: Наврӯзи хурд ва Наврӯзи бузург. Аз рӯзи аввали моҳи Фарвардин то рӯзи шашуми он моҳ Наврӯзи хурд ё ин ки Наврӯзи омма баргузор мегардид. Дар ин шаш рӯз мардуми оддӣ Наврӯзро ҷашн мегирифтанд ва барои дидор ва мулоқот бо шоҳ, гуфтани арзу шикоятҳо ва додхоҳӣ аз ӯ ҳуқуқ ва имконияти бештаре доштанд. Наврӯзи бузург ё ин ки Наврӯзи хоса дар давоми панҷ рӯзи баъди Наврӯзи хурд баргузор мегардид. Дар ин рӯзҳо шоҳ хосагон, яъне аҳли дарбор, амирону кабирон, вазирону девонсолорон, ашрофон ва аҳли табақаҳои дигари сарватманду ҳукмрони кишварро ба ҳузур мепазируфт ва ҳамроҳи онҳо Наврӯзи хуҷастапайро ҷашн мегирифт.
Мардумони ориёитабор баъди қабули дини мубини ислом низ аз ин ҷашни бузург, ки муҳимтарин мероси фарҳангии ниёгонашон маҳсуб мешуд, даст накашиданд ва аз он ҳамеша ҳимоя ва риоя карданд. Гузашта аз ин, пажуҳиш ва таълифи таърихи Наврӯз ба як мавзӯи муҳими таҳқиқоти мутафаккирон ва муаррихони мусулмон табдил ёфт. Аз байни мутафаккирони мусулмони форсу тоҷик ба ин масъала, аз ҷумла, Муҳаммад Ҷарири Табарӣ (дар «Таърихи паёмбарон ва шоҳон»), Абуалӣ Муҳаммади Балъамӣ (дар «Таърихномаи Табарӣ» – тарҷумаи такмилдодашудаи дарӣ – тоҷикии «Таърихи паёмбарон ва шоҳон»), Абулқосими Фирдавсӣ (дар «Шоҳнома»), Абурайҳони Берунӣ (дар «Тафҳим» ва «Осор ул-боқия»), Низомулмулк (дар «Сиёсатнома»), Умари Хайём (дар «Наврӯзнома») таваҷҷуҳ зоҳир намудааанд.
Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва «Таърихномаи Табарӣ»-и Балъамӣ поягузори ҷашни Наврӯз – яке аз шоҳони сулолаи устуравии Пешдодиён – Ҷамшед мебошад, ки дар Авасто ва адабиёти авастоӣ бо номи Йима зикр шудааст. Масалан, Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» дар бораи пайдоиш ва ба ҳукми анъана даромадани ҷашни Наврӯз чунин ривоят мекунад:
Чу он корҳои вай омад ба ҷой,
Ба ҷои маҳин бартар овард пой.
Ба фарри каёнӣ яке тахт сохт,
Чу моя бад-ӯ гавҳар андар гузошт.
Чу хуршеди тобон миёни ҳаво,
Нишаста бар ӯ шоҳи фармонраво.
Ҷаҳон анҷуман шуд бар тахти ӯ,
Фурӯ монда аз фарраи бахти ӯ.
Ба Ҷамшед-бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро Рӯзи Нав хонданд.
Сари соли нав – ҳурмузи фарвдин,
Баросуда аз ранҷ тан, дил зи кин.
Бузургон ба шодӣ биёростанд,
Маю ҷому ромишгарон хостанд.
Чунин рӯзи фаррух аз он рӯзгор,
Бимонда аз он хусравон ёдгор [1,-452].
Абурайҳони Берунӣ дар «Осор ул-боқия» доир ба пайдоиши ҷашни Наврӯз як чанд ривоятро зикр намудааст, ки мутобиқи мазмуни онҳо пайдоиши Наврӯз бо омилҳои динӣ ва устуравӣ вобаста будааст. Берунӣ дар «Осор ул-боқия» менависад: «Ва чанде аз ҳашвия [4,-2535] мегӯянд, ки чун Сулаймон ибни Довуд ангуштарии хешро гум кард, салтанат аз дасти ӯ берун рафт. Вале пас аз чил рӯз бори дигар ангуштарии худро биёфт ва подшоҳию фармондеҳӣ бар ӯ баргашт ва мурғон бар даври ӯ гирд омаданд. Эрониён гуфтанд: «Наврӯз омад»! яъне рӯзи тоза биёмад. Ва Сулаймон бодро амр кард, ки ӯро бардорад. Ва парастуе дар пеши рӯи ӯ пайдо шуд, ки мегуфт: «Эй подшоҳ, маро лонаест, ки чанд тухм дар он аст, аз онсӯтар рав, ки лонаи маро дарҳам нашиканӣ»! Пас Сулаймон роҳи худро каҷ кард. Ва чун аз тахти худ, ки бар бод ҳаракат мекард, фуруд омад, парасту бо минқори худ қадре об оварду ба рӯи Сулаймон пошид ва як рони малахро низ ҳадя овард. Ва аз ҷост, ки мардум дар Наврӯз бар якдигар об мепошанд ва пешкашиҳо ба назди ҳам мефиристанд…» [2,-232]. Тибқи ривояти дигари дар байни эрониҳо маъмул, ки онро Берунӣ нақл кардааст, «сабаби ин ки ин рӯзро Наврӯз меноманд, ин аст, ки дар айёми Таҳмурас собиа [5,-4667] ошкор шуданд ва чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динро аз нав кард ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро ки рӯзи тозае буд, Чамшед ид гирифт, агарчӣ пеш аз ин ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд» [2,-233].
Чуноне, ки аз мазмуни ин ривоятҳо бармеояд, дар замони зиндагии Берунӣ, мардуми мусулмони эронизабон аз фирқаву мазҳабҳои гуногуни исломӣ пайравӣ мекарданд ва дар ҳар кадоми ин мазҳабҳо роҷеъ ба пайдоиши Наврӯз ривоятҳои ба низоми ақоиди динӣ ва ҳуқуқии онҳо мувофиқ мавриди боварӣ ва пайравӣ қарор доштааст.
Инчунин, Берунӣ дар «Тафҳим» низ ба сабаби пайдоиши ҷашни Наврӯз ишора карда, менависад: «Наврӯз нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ ва онро бад-ин ҷиҳат Наврӯз ном кардаанд, ки пешонаи (оғози) соли нав аст» [3,-452].
Илова бар ин, Берунӣ ҳамчун олими табиатшинос дар «Осор ул-боқия» доир ба омилҳои табиӣ ва пайванди таърихии байни ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон низ як андешаи ҷолиберо баён кардааст Ӯ зимни овардани ривоятҳои гуногуни марбут ба пайдоиши ҷашни Меҳргон, чунин зикр мекунад: «Ва аммо он даста аз эрониён, ки ба таъвил қоиланд, барои ин қабил матолиб таъвил қоил мешаванд ва Меҳргонро далел бар қиёмат ва охири олам медонанд, ба ин далел, ки ҳар чизе ки дорои сабзиш бошад, дар ин рӯз ба охири сабзиши худ мерасад ва маводи сабзиш аз он қатъ мешавад. Ва ҳайвон дар ин рӯз аз таносул боз мемонад, чунонки Наврӯзро он чӣ дар Меҳргон гуфта шуд, баръакс аст ва онро оғози олам медонанд. Ва Меҳргонро бар Наврӯз афзал мешуморанд, чунон ки тирамоҳро бар баҳор бартарӣ додаанд. Ва такягоҳи эшон ин аст, ки чун Искандар аз Арасту пурсид, ки кадом яки ин ду фасл беҳтар аст»?, Арасту гуфт: «Подшоҳо, дар баҳор ҳашароту газанда оғоз мекунанд, ки нашъунамо ёбанд ва дар тирамоҳ оғози аз байн рафтани онҳост. Пас тирамоҳ аз баҳор беҳтар аст». Ва ин рӯз дар айёми гузашта ба аввали зимистон мувофиқ буд» [2,-243].
Чуноне ки таҳлили муқоисавии ривоятҳои мухталифи «Осор ул-боқия» дар бораи ҷашнҳо ва анъанаву маросимҳои қадимаи форсҳо, суғдиён, хоразмиҳо ва дигар мардуми ориёитабор гувоҳӣ медиҳад, аксарияти ҷашну маросимҳои ин мардум дар даврони исломӣ вобаста аз таҳаввулоти динию мазҳабӣ ва ҷудошавии онҳо ба равияҳо, мазҳабҳо, фирқаҳои тасаннун ва ташайюъ, мазмун ва мундариҷаи пешинаи худро қисман гум карда, дар ҳар кадоми ин мазҳабҳо мутобиқ бо низоми таълимоти худошиносӣ ва ҳастишиносии онҳо тафсир ва шарҳу тавзеҳ дода мешуданд. Масалан, дар кишвари Эрон баъди таъсис ёфтани ҳукумати Сафавиён ва ба ҳайси мазҳаби расмӣ пазируфта шудани шиаи исноашарӣ (дувоздаҳимома), олимони шиамазҳаб ривоятҳои гуногуни пешвоёни ин мазҳабро дар робита ба ҷашни Наврӯз гирдоварӣ намуданд. Мутобиқи ин ривоятҳо, дар Наврӯз Худованд аз бандагонаш паймон гирифт, ки танҳо Ӯро парастиш кунанд, ва Наврӯз рӯзест, ки Ҷабраил ба назди Паёмбар (с) фуруд омадааст, дар Наврӯз аст, ки Иброҳими паёмбар бутҳоро шикастааст ва ҳоказо.
Ҳамин тавр, гуфтан мумкин аст, ки Наврӯз ҳамчун як мероси гаронбаҳои фарҳангии мардум ориёитабор дар даврони исломӣ низ шукӯҳу шаҳомати пешинаи худро ҳифз намуд. Ин ҷашни бостонӣ ҳамчун як падидаи созандаи фарҳангӣ ҳамеша дар маркази диққати мутафаккирон ва муаррихони мусулмони форсу тоҷик қарор дошт. Дар даврони исломӣ доир ба пайдоиш ва мазмуну мундариҷаи Наврӯз ривоятҳо ва ақидаҳои зиёде гуфта шуданд, ки онҳо ба хазинаи фалсафаи Наврӯз ворид гардида, онро таровату ғановати бештаре бахшидаанд.
Дар баробари ин, Наврӯз, ба ғайр аз он маъниҳое, ки дар ривоятҳои мухталифи динӣ ва мазҳабӣ ба он дода шудаанд, инчунин, ифодагари оғози айёми баҳор ва эҳёи табиат низ мебошад ва маҳз бо ҳамин маънӣ дар назми классикии форсу тоҷик ба ҳайси як мавзӯи муҳими эҷодӣ мақом ёфтааст. Бо ҳамин маънӣ Наврӯз ҳамчун як сарчашмаи илҳом аз одамушшуаро Рӯдакӣ сар карда то шоирони муосири тоҷик, ҳамаро яксара мафтун ва масту махмури худ кардааст ва беҳтарину зеботарин сатрҳои шеъри ноби форсӣ – тоҷикӣ ба тараннуми он бахшида шудаанд. Барои тасдиқи ин андеша аз ашъори наврӯзии бархе нобиғаҳои шеъри классикии форсу тоҷик намунаҳо меорем.
Сардафтари шеъри классикии форсу тоҷик Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ айёми зебои наврӯзӣ ва лаҳзаҳои нотакрори бедоршавии табиатро чунин тасвир мекунад:
Омад баҳори хуррам бо рангу бӯи тиб,
Бо сад ҳазор нағмаву ороиши аҷиб.
Шояд ки марди пир бад-ин гаҳ шавад ҷавон,
Гетӣ ба дил ёфт шабоб аз паи машиб.
Чархи бузургвор яке лашкаре бикард,
Лашкар-ш абри тираву боди сабо ракиб.
Наффот барфи равшану тундар-ш таблзан,
Дидам ҳазор хайлу надидам чунин маҳиб.
Он абр бин, ки гиряд, чун марди сӯгвор,
В-он раъд бин, ки нолад, чун ошиқи касиб.
Хуршедро зи абр дамад рӯй гоҳ-гоҳ,
Чун он ҳисорие, ки гузар дорад аз рақиб.
Якчанд рӯзгор ҷаҳон дардманд бувад,
Беҳ шуд, ки ёфт бӯи суманбодро табиб.
Борони мушкбӯй биборид нав ба нав,
В-аз барг баркашид яке хуллаи қашиб.
Кунҷе, ки барф пеш ҳамедошт, гул гирифт,
Ҳар ҷӯяке, ки хушк ҳамебуд, шуд ратиб.
Тундар миёни дашт ҳаме бод бардамид,
Барф аз миёни абр ҳаме баркашид қазиб.
Лола миёни кишт бихандад ҳаме зи дур,
Чун панҷаи арӯс ба ҳино шуда хазиб.
Булбул ҳаме бихонад дар шохсори бед,
Сор аз дарахти сарв мар ӯро шуда маҷиб.
Шоири дигари классикии тоҷик Унсурӣ, ки дар дарбори Ғазнавиён мезист, манзараи оғози баҳорро ба таври зер баён мекунад:
Боди наврӯзӣ ҳаме дар бӯстон бутгар шавад,
То зи сунъаш ҳар дарахте лӯъбате дигар шавад.
Боғ ҳамчун кулбаи баззор пурдебо шавад,
Роғ ҳамчун тублаи аттор пуранбар шавад.
Рӯйбанди ҳар замине ҳуллаи чинӣ шавад,
Гӯшвори ҳар дарахте риштаи гавҳар шавад.
Чун ҳиҷоби лӯъбатон хуршедро бинӣ ба ноз,
Гаҳ бурун ояд зи меғу гаҳ ба меғ андар шавад.
Манучеҳрии Домғонӣ, ки ба андешаи муҳаққиқони адабиёти классики форсу тоҷик бузургтарин шоири мусаввир ва вассофи табиат мебошад, дар васфи Наврӯз чунин сурудааст:
Омада Наврӯз дар ин бомдод,
Омаданаш фарруху фархунда бод.
Боз ҷаҳон хурраму хуб истод,
Мурд зимистону баҳорон бизод.
Дар як шеъри дигари Манучеҳрии Домғонӣ ҳодисаҳое, ки дар айёми Наврӯз дар табиат ба амал меоянд, ба таври хеле зебо тасвир ёфтаанд:
Бар лашкари зимистон Наврӯзи номдор,
Кардаст раъйи тохтану қасди корзор.
В-инак биёмадаст ба панҷоҳ рӯз пеш,
Ҷашни Сада – талояи Наврӯзи навбаҳор.
Ин боғу роғ мулкати Наврӯзмоҳ бувад,
Ин кӯҳу қуҳпоя ва ин ҷӯю ҷӯйбор.
Ҷӯяш пур аз санавбару кӯҳаш пур аз суман,
Роғаш пур аз бунафшаву боғаш пур аз баҳор.
Боз як намунаи дигар аз ашъори Манучеҳрии Домғонӣ, ки ба васфи Наврӯз бахшида шудааст:
Абри озармоҳ баромад аз канори кӯҳсор,
Боди фарвардин биҷунбид аз миёни марғзор.
Ин яке гул бурд сӯйи кӯҳсор аз марғзор,
В-он гулоб овард сӯйи марғзор аз кӯхсор.
Абри дебодӯз дебо дӯзад андар бӯстон,
Боди анбарсӯз анбар сӯзад андар лолазор.
Нофаи мушк аст, ҳар ч-он бингарӣ дар бӯстон,
Донаи дур(р) аст, ҳар ч-он бингарӣ дар ҷӯйбор.
Ин яке – дурре, ки дорад бӯйи мушки тубатӣ,
В-он дигар – мушке, ки дорад ранги дурри шоҳвор.
Чанги бозон аст гӯӣ шохаки шоҳиспарам,
Пойи бутон аст гӯӣ барг бар шохи чанор.
Шоири дигари дарбори Ғазнавиён – Абулфараҷи Рунӣ дар ашъори худ Наврӯзро чунин тасвир мекунад:
Наврӯз ҷавон кард ба дил пиру ҷавонро,
Айёми ҷавонист заминрову замонро.
Ҳар сол дар ин фасл барорад фалаки пир,
Чун табъи ҷавонони ҷаҳондӯст ҷаҳонро.
Бигрифт шукуфа ба чаман дар гузари боғ,
Чун он ки ситора гузари Коҳкашонро.
Намунаи дигар аз ашъори Абулфараҷи Рунӣ дар васфи баҳор:
Ҷашни фархундаи фарвардин аст,
Рӯзи бозори гулу насрин аст.
Боғ пероста гулзори биҳишт,
Гулбун ороста ҳуррулъин аст.
Гирди бӯстон зи фурӯғи лола,
Гӯӣ оташкадаи Барзин аст.
Об чунин ёфта дар ҳавз аз бод,
Ҳамчу пуркор ҳарири Чин аст.
Муизии Нишопурӣ – амирушшуарои дарбори Салҷуқиён низ дар тасвири бадеӣ – эстетикии лаҳзаҳои нотакрори фарорасии Наврӯз ва манзараҳои зебои табиат дар мавсими баҳор хуб қаламкашӣ карда, шеърҳои дилнишине эҷод кардааст:
Шудаст боғ пур аз даштҳои дурри хушоб,
Шудаст роғ пур аз тӯдаҳои анбари ноб.
Ба боғу роғ магар боду абр додастанд,
Ба тӯда анбари нобу ба ришта дурри хушоб.
Чаман шудаст чу меҳробу андалеб ҳаме,
Забур хонад Довудвор дар меҳроб.
Миёни сабза нигар барги лолаи нӯъмон,
Миёни лолаи нӯъмон сиришкҳои саҳоб.
Сиришки абр гулобу шукуфа кофур аст,
Чу сандал аст ба ҷӯю ба фарғар андар об.
Намунаи дигар аз ашъори наврӯзии Муизии Нишопурӣ, ки аз маҳорати томи ин шоири мониқалам дар тасвири табиати зебои фасли баҳор гувоҳӣ медиҳад:
Мушку шингарф аст гӯӣ рехта бар кӯҳсор,
Нилу зангор аст гӯӣ бехта бар марғзор.
Дар замин гӯӣ бароварданд ганҷи шойгон,
Дар чаман гӯӣ пароканданд дурри шоҳвор.
Шоири дигари машҳури дарбори Салҷуқиён – Анварии Абевардӣ низ дар васфи Наврӯз ва баҳор бо истифодаи моҳиронаи санъати ташбеҳ шеърҳои дилнишине сурудааст. Масалан:
Рӯзи айшу тарабу бӯстон аст,
Рӯзи бозори гулу райҳон аст.
Тӯдаи хок абиромез аст,
Домани бод абирафшон аст.
Лола бар шохи зумуррад ба масал,
Қадаҳе аз шабаҳи марҷон аст.
Боз бар пардаи илҳон булбул,
Мутриби базмгаҳи бӯстон аст.
К-аз пайи базмгаҳи наврӯзӣ,
Боғро боди сабо меҳмон аст.
Чеҳраи боғ зи наққоши баҳор,
Ба накӯӣ чу нигористон аст.
Абр обистани дуррест гарон,
В-аз гарониш гуҳар арзон аст.
Асосгузори анъанаи хамсасароӣ дар назми классикии форсу тоҷик Ҳаким Низомии Ганҷавӣ низ дар тасвири манзараҳои зебои айёми наврӯзӣ шеърҳои зиёде эҷод кардааст. Аз ҷумла:
Чаҳон аз боди наврӯзӣ ҷавон шуд,
Зиҳӣ зебо, ки ин соат ҷаҳон шуд.
Шамоли субҳдам мушкиннафас гашт,
Сабои гармрӯ анбарфишон шуд.
Ту гӯӣ оби Хизру оби Кавсар,
Зи ҳар сӯи чаман оби равон шуд.
Муаллифи шоҳасарҳои безаволи «Бӯстон» ва «Гулистон» Саъдии Шерозӣ низ аз мушоҳида ва тамошои лаҳзаҳои мафтункунандаи айёми наврӯзӣ илҳом ва таъсири эстетикӣ гирифта, таасуроти худро бо як лаҳни ширин рӯи қоғаз овардааст:
Бархез, ки меравад зимистон,
Бикшой дари сарои бӯстон.
Норинҷу бунафша бар табақ неҳ,
Манқал бигузор дар шабистон.
Бархез, ки боди субҳи Наврӯз,
Дар боғча мекунад гулафшон.
Хомӯшии булбулони муштоқ,
Дар мавсими гул надорад имкон.
Дар як ғазали дигари худ ин шоири хушкалом таассуроти равонии худро аз нафаҳоти мадҳушкунандаи боди наврӯзӣ чунин баён мекунад:
Субҳам аз машриқ баромад боди Наврӯз аз ямин,
Ақлу табъам хира гашт аз сунъи Раббу-л-оламин.
Бо ҷавонон роҳи саҳро баргирифтам бомдод,
Кӯдаке гуфто: «Ту пирӣ, бо хирадмандон нишин»!.
Гуфтам: «Эй ғофил! Набинӣ, кӯҳ бо чандин виқор,
Ҳамчу тифлон доманаш пурарғувону ёсумин»!.
Остини даст пӯшид аз баҳори барг шох,
Мева пинҳон карда аз хуршеду маҳ дар остин.
Бод гулҳоро парешон мекунад ҳар субҳдам,
З-он парешонӣ магар дар рӯйи об афтода чин.
Навбаҳор аз ғунча берун шуд ба як навпираҳан,
Бед пушт андохт то дигар зимистон пӯстин.
Ин насими хоки Шероз аст бо мушки хутан,
Ё нигори ман парешон карда зулфи анбарин.
Чуноне ки таҳлили муқоисавии мазмуни намунаҳои дар боло овардашудаи ашъори наврӯзии бархе аз шоирони классикии форсу тоҷик нишон медиҳад, дар ҳамаи онҳо Наврӯз на ба ҳайси як ҷашни моҳияти динӣ ё фарҳангӣ дошта, балки ҳамчун як ҳодисаи қонунманду фараҳафзои табиӣ, ки дар натиҷаи он ҷаҳон аз хоби зимистона бедор мешавад, мавриди ситоиши шоирони хушбаён қарор гирифтааст. Дуруст аст, ки аксарияти онҳо зимни тасвири манзараҳо ва ҳодисаҳои баҳорӣ аз як силсила истилоҳоти динӣ мисли «Оби Хизр», «Оби Кавсар», «сунъи Раббу-л-оламин» ва ғайра, истифода бурдаанд. Аммо, корбурди ин истилоҳот ба хотири тақвияти ҳусни баён ва таъсиргузории як матлаби комилан воқеӣ будааст, ки он ҳам таъкиди зебогии биҳиштмонанди ҷаҳон ва хушии ҳаёт дар айёми баҳорон мебошад.
Руйхати Адабиёт
- Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. Бо тасҳеҳи Парвиз Атобакӣ. Ҷилди 1. Теҳрон, 1391
- Абурайҳони Берунӣ. Осор ул-боқия. Душанбе: Ирфон, 1990.
- Абурайҳони Берунӣ. Ат-тафҳим. Бо тасҳеҳи Ҷалолиддин Ҳумоӣ. Теҳрон: Ҳумо, 1386.
- Фарҳанги бузурги сухан. Ҷилди 3. Теҳрон: Сухан, 1381
- Фарҳанги бузурги сухан. Ҷилди 5. Теҳрон: Сухан, 1381.
Шоев Зиёвиддин – н.и.ф., сардори шуъбаи пажуҳиши анъанаву маросимҳо ва диншиносии муқоисавии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Саҷҷоди Муҳаммадшарифзода – сармутахассиси шуъбаи пажуҳиши исломи муосири Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қаламонлайн
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед: