Тавсияҳои ҳазрати Алӣ(а) ба ҳокимон ва фармонравоён
“Маҳбубтарини корҳо дар назди ту, бояд миёнаравӣ дар ҳақ ва густариши адолат ва амал ба он чӣ ки беш аз ҳар чиз ризояти мардумро фароҳам меоварад бошад…
Ҳеҷ як аз афроди миллат монанди табақаи сарватманд ва хавос нест. Ин табақа дар ҳангоми осойиш бори сангинтаре бар дӯши ҳоким ҳастанд ва дар гирифториҳову мушкилот камтар ба ӯ кӯмак мекунанд; адолатро дӯст надоранд, хостаҳову таваққуъоти бештаре доранд. Агар ба онҳо чизе дода шавад, камтар қадрдонӣ мекунанд ва агар дареғ шавад, дертар узр мепазиранд ва дар пешомадҳои ногувори рӯзгор бесабртаранд.
Сутуни дину ҷомеаи мусалмонон ва нерӯи ҳамеша омода дар баробари душманон, дар ҳақиқат ҳамон мардуми оддӣ ҳастанд. Пас бояд гаройиши ту ба онон бошад…
(Бахше аз тавсияҳои Имом Алӣ (а) ба яке аз фармонравоёни худ; Наҳҷул-балоға, номаи 53)
Қаламонлайн