Тазоди арзишҳо ва доштаҳо
Марям Давлатова
Инсонҳо дар бораи он чизе, ки зотан дар сиришт доранд, сӯҳбат намекунанд.
Зеро он чун задани дил, гардиши хун, рафту омади нафас барояшон як чизи комилан табиист.
Ба ҳар гуна арзиш таваҷҷуҳи дигаронро онҳое ҷалб мекунанд, ки дар тинаташон ё нест, ё ноустувор аст.
Тарсу аз ҷасорат, хасис аз саховат, ҷоҳил аз дониш лоф мезанад, то надоштанашро дигарон надонанд.
Баъзан, хеле зебову боварибахш ҳам мегӯянду менависанд, то таҳсину офарине бишнаванд, холигии фазои ботинашонро чанд лаҳза ҳам бошанд, пур кунанд…
Ин гунаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар аз ҳама ҳастанд, чун ин ҷо имкони санҷидани онҳо барои аксарият нест.
Ақаллият рӯи хотир, изои мӯъмин ҳаром ва амсоли онро шиор мекунанду лаб мебанданд ин ҷо, вале дар чат ва сӯҳбатҳои хосса нақлҳои аҷиб доранд…
Марям Давлатова
Қаламонлайн