Танишҳои Эрон ва Озарбойҷон

Таҳлили хабарӣ
Танишҳои Эрон ва Озарбойҷон хатари даргирии низомиро афзоиш медиҳад
Гузорише дар Middle East Eye
Танишҳо байни Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон моҳҳост, ки боло гирифта ва ин танишҳо эҳтимоли даргирии низомӣ байни ду тарафро афзоиш додааст. Танишҳои байни Озарбойҷон ва Арманистон хатари эҷоди як ҷанги хушунатомези дигар дар Қафқози ҷанубиро дар пай дорад ва дар сурате, ки Боку бихоҳад барои эҷоди коридори Зангезур, марз байни Эрон ва Арманистонро қатъ кунад, эҳтимоли дахолати мустақими низомии Эрон боло хоҳад буд.
Аммо оё воқеан Боку ва Теҳрон мехоҳанд ва метавонанд вориди як рӯёрӯии низомӣ алайҳи якдигар шаванд?
Боку сафорати худро дар Теҳрон дар моҳи январ ва пас аз ҳамлаи як фарди мусаллаҳ ба он, баст ва ба дунболи он Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон, мустақиман Эронро масъули ин ҳодиса донист.
Андаке пас аз он, Боку дар охирҳои март сафорати худро дар Исроил ифтитоҳ кард, ки боиси тааҷҷуби Теҳрон шуд. Вазири умури хориҷаи Исроил ҳатто гуфт, ки ӯ ва ҳамтои озарбойҷонии вай “барои ташкили як ҷабҳаи муттаҳид алайҳи Эрон ба тавофуқ расидаанд.” Дар аввалҳои апрел, Боку 4 диплумоти эрониро ба баҳонаи “иқдомоти таҳрикомез”-и номушаххас ва истифода аз мардуми маҳаллӣ барои ҷосусӣ, ихроҷ кард.
Ин ҳафта, Эли Коэн, вазири умури хориҷаи Исроил, пеш аз сафар ба Туркманистон, аз Озарбойҷон боздид кард. Вазири хориҷаи Исроил дар ҷараёни сафар ба Туркманистон, аввалин сафорати Исроил дар ин кишварро ифтитоҳ кард, ки танҳо 20 километр бо марзи Эрон фосила дорад.
Гузашта аз ташдиди танишҳои диплумотик, Эрон аз иқдомоти Озарбойҷон дар Қафқози ҷанубӣ низ нигарон аст. Ҷанги сентябр то ноябри 2020-и Қарабоғи кӯҳистонӣ, ки дар он Озарбойҷон манотиқи васеъе аз сарзаминҳои мавриди муноқишаро аз Арманистон тасарруф кард, Теҳронро ғофилгир кард.
Нуфузи Русия дар минтақа низ аз замони ҳамла ба Укройн дар феврали 2022 коҳиш ёфтааст, дар ҳоле, ки нуфузи Туркия, наздиктарин муттаҳиди Озарбойҷон, ба таври қобили таваҷҷӯҳе афзоиш ёфтааст.
Бо вуҷуди талошҳо барои дастёбӣ ба тавофуқи сулҳ ва оддисозии равобит аз замони ҷанги 2020, танишҳо байни Боку ва Ереван дар ҳоли афзоиш аст.
Дар моҳи октябр, Эрон даври дигаре аз размоишҳои низомии бузургро дар наздикии марзи худ бо Озарбойҷон баргузор кард, ки шомили барпоии пулҳои понтонӣ барои убур аз рӯйи рӯдхонаи марзии Арас буд. Дар ҳамон моҳ Эрон сарконсулгарии худро дар шаҳри Капан дар вилояти ҷанубии Сюники Арманистон ифтитоҳ кард; иқдоме, ки ба вузуҳ ҳокӣ аз мухолифати Эрон бо коридори Зангезур – масири заминӣ, ки қарор аст Ҷумҳурии Озарбойҷонро аз тариқи Нахҷавон ба Туркия муттасил кунад – аст.
Дар 9 апрел, дар ҳоле, ки Теҳрон мизбони дабири Шӯрои амнияти Арманистон буд, Эрон эътирози худро ба “ҳар гуна тағйири ҷуғрофиёӣ” дар Қафқози ҷанубӣ такрор кард.
Ин танишҳо эҳтимоли рӯёрӯии низомии Эрон ва Озарбойҷонро афзоиш медиҳад. Таҳлилгарон сенарияҳои хоссеро пешбинӣ мекунанд, ки дар қолаби онҳо Теҳрон мумкин аст алайҳи тарҳҳои Боку дар ҷануби Арманистон ба зӯр мутавассил шавад.
Эмил Авдалиани, устоди равобити байналмилал дар Донишгоҳи урупоии Тифлис дар ин бора ба Middle East Eye гуфт: “Ман фикр мекунам агар Теҳрон бибинад, ки Ҷумҳурии Озарбойҷон аз хутути қирмизаш убур мекунад, мумкин аст бо қудрати бештаре посух диҳад.”
Эрон ҳамчунин эҷоди як “коридори заминӣ”-ро, ки аз Туркия то Туркманистон имтидод меёбад мушкилсоз медонад, чун ин коридор марзи заминии 40 километрии Эрон бо Арманистонро қатъ мекунад.
Авдалиани гуфт: “Теҳрон воқеан аз тағйири мувозинаи қувваҳо дар марзҳои шимолии худ норозӣ аст ва эҳтимолан ба ҳамин хотир таҳаррукоти худро дар ин минтақа афзоиш хоҳад дод.”
Муҳаммади Оятуллоҳитабор, донишёри умури байналмилал дар Донишкадаи давлатӣ ва хадамоти умумии Донишгоҳи Тегзос низ хотирнишон кард, ки Эрон борҳо нисбат ба эҷоди коридори Зангезур ҳушдор додааст.
Вай ба Middle East Eye гуфт: “Агар роҳи ҳалли миёнӣ вуҷуд надошта бошад ва Боку талош кунад он коридорро бо тавассул ба зӯр эҷод кунад, Эрон ба андозаи соли 2020 мунфаъил нахоҳад буд ва ин бор амал хоҳад кард.”
Раҳбарони Эрон ҳамчунин мӯътақиданд Алиев ба Исроил иҷоза дода аз хоки кишвараш ба унвони саккуе алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ истифода кунад.
Фарзини Надимӣ, таҳлилгари дифоъӣ ва амниятӣ ва ҳамкори Муассисаи Вошингтун барои сиёсати Ховари наздик низ сенарияҳоеро мебинад, ки Эрон мумкин аст алайҳи Озарбойҷон дахолати низомӣ кунад.
Ӯ ба Middle East Eye гуфт: “Ба назар мерасад, Эрон як дастури кори мушаххас дорад ва он, боз нигаҳ доштани масирҳои транзитии худ аз тариқи Арманистон аст. Агар Боку тасмим бигирад, ки барои тасарруфи замин ба манзури контроли коридори Зангезур ба самти Арманистон ҳаракат кунад, Эрон ба эҳтимоли зиёд саъй хоҳад кард бо эъзоми нерӯ ва таҷҳизоти сангин ба Арманистон ва дар имтидоди марзи Арманистон ва Озарбойҷон, аз он ҷилавгирӣ кунад.”
Дар ин бадтарин сенария, Надимӣ пешбинӣ мекунад, ки Эрон аз пӯшиши ҳавоӣ, тӯпхонаӣ ва дифоъи ҳавоии нерӯҳои заминии худ итминон ҳосил кунад. Бо ин ҳол, ин пӯшиш фақат ба нерӯҳои эронӣ маҳдуд мешавад.
Расонаҳои эронӣ ахиран гумоназаниҳое матраҳ кардаанд, ки Теҳрон мумкин аст дар сурати вуқӯъи ҷанги дигаре, ба Ереван кӯмаки низомӣ кунад. Мақомоти эронӣ ҳамчунин гуфтаанд, ки Арманистон яке аз кишварҳое аст, ки ба хариди паҳподҳои низомии эронӣ алоқа нишон додааст.
Надимӣ гуфт: “Ҳар гуна кӯмаки низомии Эрон ба Арманистон маҳдуд ба ирсоли паём ба Озарбойҷон ва Туркия хоҳад буд. Ман фикр намекунам Эрон миқдори қобили таваҷҷӯҳе таслиҳот ба Арманистон мунтақил кунад.”
Надимӣ пешбинӣ мекунад, ки ҳар гуна рӯёрӯии низомии Озарбойҷон ва Эрон маҳдуд ва ба суръат маҳор шавад. Бо ин вуҷуд, ин бад-он маъно нест, ки “талафоти қобили таваҷҷӯҳе аз ҳар ду тараф” вуҷуд нахоҳад дошт.
Дар ҳоле, ки артиши Озарбойҷон бисёр кучактар аз артиши Эрон аст, Боку сахтафзори низомии пешрафтае дорад, ки аз Исроил ва Туркия таҳия шудааст. Таслиҳоти мавҷуд дар зарродхонаи феълии он шомили паҳподҳои пешрафтаи исроилии “Ҳоруп” (паҳподҳои интиҳорӣ), паҳподҳои низомии “Барақдор”-и Туркия, мушакҳои баллистик ва зидди киштии исроилӣ ва падофанди ҳавоии пешрафта аст.
Аммо Эрон ҳамчунон дар ҳар рӯёрӯӣ мазияти ошкоре хоҳад дошт.
Надимӣ гуфт: “То замоне, ки Туркия дахолати бузурге анҷом надиҳад, ки бисёр баъид аст, рӯёрӯии маҳдуд бар сари коридори Зангезур байни Эрон ва Озарбойҷон ба далели мавқеияти мушаххаси ҷуғрофиёӣ ва бартарии қудрати оташ, ба эҳтимол зиёд ба нафъи Эрон тамом хоҳад шуд.”
Дар ин бора Оятуллоҳитабор хотирнишон кард, ки алорағми нуфузи минтақаии қотеъона, Эрон аз дахолати мустақим дар кишварҳои минтақа иҷтиноб кардааст ва ағлаб тарҷеҳ медиҳад ба ҷойи он аз тариқи муттаҳидон ва намояндагони маҳаллӣ кор кунад. Дар натиҷа, ӯ пешбинӣ мекунад, ки Эрон аз Арманистон ҳимоят кунад ё бо нерӯҳои маҳаллии шиъаи Озарбойҷон барои муқобила бо Боку ва ҳифозат аз марзҳои он бо Арманистон ҳамкорӣ кунад.
Вай гуфт: “Аммо албатта ҳамеша эҳтимоли ташдид ва дахолати мустақим дар даргирӣ вуҷуд дорад.”
Размоишҳои низомии Эрон дар минтақаи марзии шимоли ғарбии худ низ нишондиҳандаи “ирода ва тавоноии Теҳрон барои муқобила ба мисл бо Боку” аст.
Эрон мумкин аст умедвор бошад, ки дар ниҳоят битавонад Бокуро низ мисли давлати Муҳаммад бен Салмони саудӣ маҳор кунад. Пас аз солҳо ҷанг дар Яман ва ҳамлаи сентябри 2019 ба таъсисоти нафтии ҳаётии Арабистон, Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди саудӣ, дар ниҳоят мавзеъи ҷангталбонаи худро дар қиболи Теҳрон коҳиш дод ва дар тавофуқе, ки Чин дар аввалҳои моҳи март миёнҷигарӣ кард, гомҳое барои оддисозии равобит бардошт.
Оятуллоҳитабор дар ин бора гуфт: “Ба таври мушобеҳ, дар мавриди Озарбойҷон, Эрон мумкин аст талош кунад нишон диҳад, ки такяи раисиҷумҳур Алиев ба Исроил метавонад барои ӯ гарон тамом шавад ва ӯ бисёр осебпазиртар аз он чизе аст, ки тасаввур мекунад.”
Теҳрон намехоҳад Исроил аз хоки Озарбойҷон алайҳи Эрон истифода кунад. Боку натавониста ҳамсояи ҷанубии худро мутақоъид кунад, ки равобиташ бо Исроил шабеҳи Туркия аст ва мутазаммини таҳдиде барои Эрон нест.
Оятуллоҳитабор гуфт: “Эрон равобити таърифшудае бо Туркия дорад ва дар сурати шурӯъи даргирӣ бо Озарбойҷон, саъй хоҳад кард онро ҳифз кунад.” Туркия низ мумкин аст ба дунболи афзоиши таниш бо Эрон набошад.
Бо ин ҳол, ин мумкин аст барои ҷилавгирӣ аз як ҷанги минтақаи кофӣ набошад.
Вай афзуд: “Даргириҳо ағлаб паёмадҳои нохостае доранд ва танишҳо дар Қафқози ҷанубӣ метавонад рақобатҳои қадимӣ байни Эрон ва Туркияро ташдид кунад.”
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҷанги эҳтимолии Эрон ва Исроил ва паёмадҳои он
Идораи сарзаминҳои ишғолӣ аз дасти режими Исроил хориҷ шудааст

Матолиби пурбоздид