Тарсу ваҳшат дар Телавив ба хотири мушакҳои яманӣ

Тарсу ваҳшат дар Телавив ба хотири мушакҳои яманӣ

Ахбори байналмилал

Нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар вокуниш ба таҷовузоти режими саҳюнистӣ ба фурудгоҳи байналмилали Санъо ва бандари Ҳадида ва таъсисоти ғайринизомии Яман, як фарванд мушаки болистик ба тараф Телавив шиллик карданд.

Ба гузориши Алъолам, дар ин ҳамлаи мушакӣ ба хотири тарсу ваҳшати мардум ва фирори гурӯҳе аз онон ба тараф паноҳгоҳ, 18 нафар бар асари мондан дар зери дасту по захмӣ шуда ва парвозҳои фурудгоҳи Бен-Гурён муваққатан мутаваққиф шуд.

Душмани саҳюнистӣ рӯзи гузашта бо ҳамоҳангӣ ва ҳамкории Омрико ва Ангилис, бо даҳҳо фарванд ҳавопаймои ҷангӣ фурудгоҳи Санъо ва бандари Ҳадида ва нерӯгоҳи барқ ва таъсисоти ғайринизомӣ дар Санъо ва Ҳадидаро ҳадаф қарор дод, ки бар асари он 6 яманӣ ба шаҳодат расида ва 40 нафар захмӣ шуданд.

Ҳамлаи исроилӣ ба фурудгоҳи Санъо замоне анҷом шуд, ки мудири кулли Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ ва аъзои ҳайати Созмони Милал дар ҳоли савор шудан ба ҳавопаймо буданд, ки дар натиҷаи ин ҳамалот яке аз хадамаи ҳавопаймо захмӣ шуд ва ҳавопаймо осеб дид ва хасороте ба таҷҳизоти новбарӣ ва бурҷи муроқибати фурудгоҳи ин кишвар ворид шуд.

Алъолам

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тамсиле аз Маснавӣ
Порлумони Олмон мунҳал шуд

Матолиби пурбоздид