Тарҷумаи Оятулкурсӣ ба назм

Адаб

Тарҷумаи Оятулкурсӣ ба назм

Набошад ҷуз Аллоҳ парвардигор

Ки зинда асту поянда он Кирдигор

Нагирад Худоро касолат фаро

На ҳаргиз ба хоб андар ояд Худо

Замину самовот аз они ӯст

Ҳама мулки гетӣ ба фармони ӯст

Чи касрост дар пеши Яздон сазо

Шафоат кунад ҷуз ба изни Худо

Зи рӯзи азал то ба шоми абад

Бидонад ҳама чиз аз хубу бад

Ба чизе зи илми ягона Илоҳ

Иҳота надорад касе ҳеч гоҳ

Чуз он чи бихоҳад Худои накӯ

Ки мардум бидонанд аз илми ӯ

Бувад вусъати илми ӯ бекарон

Фаротар зи арз асту ҳафт осмон

Надорад бар ӯ заҳмате ҳифзашон

Алию Азим аст он бенишон.

Қаламонлайн

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Макорими ахлоқ чист?
Инсони оқил

Матолиби пурбоздид