Тафовутҳои аслии фалсафаи исломӣ ва фалсафаи ғарб

Тафовутҳои аслии фалсафаи исломӣ ва фалсафаи ғарб

Мактаби андеша

Чорлз Толёфиру (Charles Taliaferro), файласуфи шаҳир ва устоди фалсафаи Донишгоҳи Сент Улоф (St. Olaf) дар Минесуто (Minnesota)-и Омрико мӯътақид аст, фалсафаи исломӣ ба таври зарифе тавониста ақлро бо ваҳйи илоҳӣ пайванд диҳад…

Шояд муҳимтарин тафовут миёни фалсафаи исломӣ ва фалсафаи ғарби кунунӣ ин аст, ки фалсафаи ғарб дар ҳоли ҳозир дар муқоиса бо фалсафаи исломӣ, секулортар аст. Аммо нуктае, ки бояд мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирад ин аст, ки мизони секулор будани фалсафаи ғарб набояд ба сурати муболиғаомез мавриди муҳосиба ва таъкид қарор гирад. Бештари файласуфон дар ғарб аз Питогурос (Pythagoras) – аввалин касе ки ба унвони файласуф дар ғарб шинохта мешавад — то даврони кунунӣ, ба Худо ё худоён ва ваҳй таваҷҷӯҳ доштаанд. Бар ин асос, ҳатто бояд мунтақидони ҷиддии дин дар ғарб аз Эспинузо (Spinoza) то Ҳюм (Hume) ва аз Кант (Comte) то Бертронд Росел (Bertrand Russell)-ро низ арҷ ниҳод; чаро ки ин файласуфон низ масоили муҳиммеро тарҳ ва мавриди баҳс қарор додаанд.

Бархе файласуфони бисёр муҳим дар ғарб дар ҳоли ҳозир ҷиҳатгирии динӣ доранд ва мавриди эҳтиром ҳастанд аз ҷумла Роберт Оудӣ (Robert Audi), аммо бархе душманиҳо низ вуҷуд дорад. Замоне ки Тумос Ногил (Thomas Nagel) – шояд яке аз матраҳтарин файласуфони зиндаи ҳоли ҳозири ғарб — китобе навишт ва дар он моддигаройӣ (materialism) ва худонобовариро мавриди нақд қарор дод ва пурсишҳои ҷиддӣ дар хусуси он матраҳ кард, вокуниши мунтақидон ба суханон ва навиштаи ӯ бисёр тунд, шадид ва хасмона буд. Дар ҳоле ки худи Ногил як худонобовар аст. Ҳайратовар буд, ки ҳамкорони секулораш чунин интиқодоти шадиде ба ӯ доштанд ва ӯро мавриди нақд қарор доданд, ки чаро сухан аз имкони вуҷуди Худоро матраҳ кардааст?!

Чорлз Толёфиру (Charles Taliaferro)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Имонуел Конт
Ишқ танҳо бемориест, ки бемор аз он лаззат мебарад

Матолиби пурбоздид