Ташаккури Ҳамос аз раҳбари Эрон ва амалиёти “Ваъдаи содиқ-2”

Ташаккури Ҳамос аз раҳбари Эрон ва амалиёти “Ваъдаи содиқ-2”

Ахбори байналмилал

Alalam

Узви аршад Ҳамос имрӯз (шанбе) бо таърихӣ хондани амалиёти мушакии Эрон алайҳи режими саҳюнистӣ, аз суханони раҳбари Ҷ.И.Эрон дар хутбаҳои намози ҷумъа қадрдонӣ кард.

Ба гузориши Алъолам, Маҳмуд Мардовӣ, узви аршади Ҳамос, дар гуфтугӯ бо шабакаи Ал-Ақсо тасреҳ кард, ки ба баёноти раҳбари Ҷумҳурии Исломи Эрон ва таъкиди вай бар ҳимоят ва мавзеъи қотеъи Эрон дар қиболи миллати Фаластин ва Лубнон ва пружаи муқовамат дар баробари ишғолгариро арҷ мениҳем.

Вай афзуд, ки “изҳороти гаронбаҳои раҳбари инқилоби исломии Эрон, пуштвонаи талошҳои фаровон ва иқдомоти қаҳрамононаи Эрон дар ҳимоят аз ормони Фаластин аст, ки охирини он ҳамлаи мушакии бузург буд, ки умқи режими ишғолгарро дарҳам кӯбид”.

Мардовӣ дар бораи посухи мушакии Эрон ба режими саҳюнистӣ дар қолаби “Ваъдаи содиқ-2” гуфт, ки ин ҳамла гоме муҳим ва меҳварӣ дар сояи ташдиди таҷовуз ва наслкушӣ аст, зеро ғурури Натонёҳуро, ки фикр мекард метавонад бо терури раҳбарони нерӯҳои муқовамат дар Фаластин ва Лубнон, муқоваматро боздорад, аз байн бурд.

Alalam

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Рӯзномаи исроилӣ: “Марказҳои атомии Эрон ҳадафи эҳтимолии ҳамлаи Исроил”
Расонаҳои исроилӣ: “Исроил дар ҳоли барномарезӣ барои анҷоми ҳамла ба Ироқ аст”

Матолиби пурбоздид