Таъкиди кишварҳои ғарбӣ: Ба ҳимоят аз Украина идома медиҳем!
Ахбори ҷаҳон
Раиси ҷумҳури Фаронса ва Амрико дар нишасти хабарии муштарак, дар Амрико, таъкид намудаанд, ки дар ҳар шароите ба ҳимоятҳои худ аз Украина идома хоҳанд дод.
Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса дар барномаи сафарии худ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар нишасти хабарӣ бо Ҷо Бойден – раиси ҷумҳури Амрико ширкат намуда, аз Амрико ба хотири кумакҳои ин кишвар ба Украина изҳори қадрдонӣ намуда гуфтааст: Қатъи ҳимоят аз Украина, саботи ҷаҳониро ба хатар хоҳад андохт.
Дар ин нишаст, раиси ҷумҳури Амрико низ таъкид намудааст, ки агар Путин дар паи роҳи ҳалле барои поён додан ба ҷанг бошад, омодаем бо ӯ гуфтугӯ кунем.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн