Таъкиди се кишвари аврупоӣ бар лағви муҳосираи Ғазза

Таъкиди раҳбарони се кишвари аврупоӣ бар лағви муҳосираи Ғазза

Ахбори байналмилал

Роҳбарони се кишвари аврупоӣ, Англия, Фаронса ва Олмон бар зарурати оташбас ва лағви муҳосираи Ғазза ба тавофуқ расиданд.

Сухангӯи ҳукумати Англия эълом кард, ки нахуствазири ин кишвар дар гуфтугӯҳои ҷудогона бо раиси ҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон ва садри аъзами Олмон  Олаф Шулз вазъи буҳронии Ғаззаро баррасӣ кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, роҳбарони се кишвар дар мавриди фалокатбор будани вазъ дар навори Ғазза ба тавофуқ расиданд ва бар зарурати оташбаси фаврӣ таъкид карданд.

Сарони се кишвари аврупоӣ ҳамчунин ба тавофуқ бар рӯи ин масъала расидаанд, ки Исроил бояд маҳдудиятҳои эъмоли кумакҳои башарӣ ба Ғаззаро лағв кунад, то имдодҳои муассир ба ғайринизомиён фароҳам гардад.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ба доми таассубот наафтед
Сохтани худ

Матолиби пурбоздид