Таъсирпазирии меъмории исломӣ
Фарҳанг
Дар мавриди меъмории эронӣ ва таъсирпазирии ислом аз фарҳанги меъмории милал, бояд ин нуктаро дар ибтидо ёдовар шавем, ки бисёр чизҳои дигар, ғайр аз меъморӣ ҳастанд, ки ислом аз фарҳанги эронӣ ва дигар милал, таъсир гирифта, чаро ки қабл аз ислом ҳам ҷомеаи арабҳо бисёр таҳти таъсир будааст.
Таъсироти пеш аз ислом бештар ба хотири тиҷоратҳое, ки аз сӯи Эрон мешуд, баргирифта мешуд, аммо пас аз ислом ин таъсирпазирӣ кам шуд ва таъсиргузорӣ бар дигар ҷомеаҳои мусалмон аз сӯи аъроб, бахусус бар рӯи ҷавомеи эронӣ бештар шуд.
Меъмории эронӣ яке аз ҳунарҳои бо қидмати зиёд аст, ки дар тӯли торих аз шукӯҳу азамати фаровон бархурдор буда ва ба ҳамин сабаб мавриди таваҷҷуҳи торихнигорон ва ҳатто меъморони имрӯзӣ ҳам қарор гирифтааст.
Чизе ки мо имрӯза дар меъмории исломӣ мебинем, қариб зиёдаш баргирифта аз усули муҳандисии меъмории эронии қабл аз ислом аст.
Яке аз далелҳои муҳимми ин сухан, реша дар фарҳанги мардуми аъроби он замон дошта, ки бештар таъсир гирифта аз ҷомеа ва мардуми Эрон будааст.
Албатта ин маврид баёнгари таъсирпазирии меъмории эронӣ нест, чаро ки ин баргирифтагӣ маншаъ дар қабулии дини ислом аз тарафи мардуми Эрон дорад, ки пас аз ин воқеа ибодатгоҳҳои пешин (оташкадаҳо, маҳалли ибодати зардуштиҳо) ба хотири ҳамин, ба масҷидҳои мусалмонон табдил шудааст.
Аз намунаҳои ин масҷидҳое, ки пеш аз ислом оташкада буданд, метавон ба Масҷиди Ҷомеи Исфаҳон, Масҷиди Торихонаи Домғон, Масҷиди Сангии Дороб (Фирӯзобод) ва Масҷиди Ҷомеи Атиқ – воқеъ дар Қазвини Эрон ном бурд.
Ҳамин тағир сабаби таъсирпазирии ислом аз меъмории эронӣ шуд ва оташкадаҳое, ки бо усул ва вижагиҳои бориз (айвон ва тоқ, гунбад ва саҳни шабистон ва биноҳои дуайвонӣ ва чаҳор айвонӣ) тавассути эрониҳо сохта шуда буд, баъд аз табдил шудан ба масҷид, бо ҳамон усул ва вижагиҳо таъсир гирифт ва дигар биноҳои исломӣ бо таркиби меъмории эронӣ ҳамроҳи дигар манотиқи меъмории исломӣ шакл гирифт.
Рафта-рафта ин таъсирпазирӣ бо халлоқиятҳо ва навовариҳои ҷадид ва дастовардҳои навин мавриди истиқболи бисёр хубе қарор гирифт ва сабаби густариши меъмории эронӣ дар саросари ҷаҳони ислом шуд.
Барои дарк кардани амиқи ин масъала кофист, ба вижагирҳои меъмории Эрон дар замони пеш аз ислом нигоҳе биандозед. Гунбад, ки аз вижагиҳои боризи меъмории даврони пеш аз ислом аст, баъд аз зуҳур ба хидмати ислом даромад ва то кунун ҳам мавриди истифодаи меъмории исломӣ дар саросари ҷаҳони ислом аст.
Бисёр чизҳои дигар, ғайр аз меъморӣ ҳастанд, ки ислом аз фарҳанги эронӣ таъсир гирифта, чаро ки қабл аз ислом ҳам ҷомеаи арабҳо бисёр таҳти таъсир будааст. Таъсироти пеш аз ислом бештар ба хотири тиҷоратҳое, ки аз сӯи Эрон мешуд, баргирифта мешуд, аммо пас аз ислом ин таъсирпазирӣ кам шуд ва таъсиргузорӣ бар дигар ҷомеаҳои мусалмон аз сӯи аъроб, бахусус бар рӯи ҷавомеи эронӣ бештар шуд.
Сомонаи Қаламонлайн