Тақвияти низомии Қирғизистон

Тақвияти низомии Қирғизистон

Ахбори минтақа

Садир Ҷаборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон дар мавриди тақвият ва тавсиаи  низомии кишвараш хабар дод.

Садир Ҷабборов, гузлоришотеро дар ҷаласаи Шӯрои амнияти иттилоотӣ, дар мавриди навъи таҷҳизоти низомие, ки барои тақвият ва тавсеаи неруҳои мусаллаҳи ин кишвар харидорӣ шудааст, ироа кард.

Ба гуфтаи Ҷабборов, анвои ҷадиде аз силоҳҳо харидорӣ шудааст, ки мушобеҳи он дар тамоми Осиёи Марказӣ вуҷуд надорад.

Вай гуфт, мо паҳподи «Байрақтар» ва ду чархболи «Эйрбас»-и ҷадид барои вазорати шароити изтирорӣ, харидорӣ кардем. Панҷ фарванд чархбол бо ҳазинаи буҷети вазорати дифоъ, таъмироти асосӣ шуд.

Илова бар ин, як адад болгарди ҷадиди «МI – 17 B5», харидорӣ шуда ва ҳамчунин қасд дорем теъдоде болгард харидорӣ кунем.

Раиси ҷумҳури Қирғизистон афзуд, сомонаи мушакии зиддиҳавоии мутаҳаррики «Печура»-и замонавӣ харидорӣ шудааст, ки ба муҳофизат дар баробари ҳамалоти ҳавоии эҳтимолӣ кумак мекунад. Ҳамчунин як системаи дифои ҳавоии минтақаӣ ба таври муштарак бо Русия эҷод шудааст.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Шӯхиҳои Устод
Ҳамла ба Масҷидулақсо

Матолиби пурбоздид