Тақвияти руҳияи кору талош дар идораи ҳукумат
Ахбори байналмилал
Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Руҳияи кору талошро бар ҳолати на ҷангу на сулҳ ғалаба бидиҳем”
Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, дар дидор бо раиси ҷумҳури ин кишвар ва ҳайати вазирон аз ҷумла гуфт:
“Бояд руҳияи кор, талош ва созандагиро дар кишвар тақвият кунем ва онро бар вазъияте, ки душманон мехоҳанд бар мо таҳмил кунанд, ғалаба диҳем, яъне ҳамон вазъияти на ҷанг ва на сулҳ. Ин ҳолат, яке аз осебҳо ва хатароти ҷиддӣ барои кишвар аст; вазъияти мубҳам ва фарсоянда, ки заминаи пешрафтро кунд мекунад ва фазои умуми ҷомеаро дар билотаклифӣ нигаҳ медорад.”
Вай афзуд: “Барои ғалаба бар ин фазо, бояд руҳияи ҳаракат, ангеза, умед, кор ва ибтикорро дар ҷомеа барҷаста кунем; на фақат бо ҳарф, балки бо амал кардан, натиҷа додан ва нишон додани осори малмуси пешрафт. Ҳар ҷо ин руҳия ғалаба дошта, кишвар пеш рафтааст; ва имрӯз низ роҳи убур аз чолишҳо, такя бар ҳамин ирода ва ҳиммати миллӣ аст.”
qalamonline.net
Қаламонлайн