Идомаи ҷанг метавонад мавқеи Исроилро дар ҷаҳон заифтар кунад
Ахбори байналмилал
Ба гузориши расонаҳои Исроилӣ, идомаи ҳамлаҳои низомӣ алайҳи Эрон метавонад мавқеи Исроилро дар арсаи байналмилалӣ заифтар карда, онро ба сӯи мунзавишавии бештар бибарад.
Дар ин таҳлил гуфта мешавад, ки такя ба роҳи ҳалли низомӣ, на танҳо ба тақвияти мавқеи Телавив мусоидат намекунад, балки боиси афзоиши фишорҳои байналмилалӣ ва коҳиши эътимоди кишварҳои минтақа мешавад.
Ҳамчунин таъкид шудааст, ки бо вуҷуди идомаи ҷанг, зерсохтҳои аслии Эрон ҳифз шудаанд, ки ин метавонад нишонаи маҳдуд будани таъсири роҳбурди низомӣ бошад.
Қаламонлайн












