Таҳлиле дар нашрияи Асри Эрон

Таҳлиле дар нашрияи Асри Эрон

Нӯҳ нукта дар бораи интихоботи ояндаи Эрон

 Сегонаи рақобатии Ҷалилӣ, Қолибоф ва Пизишкиён

 Аз радди Лориҷонӣ то ваҳдати ислоҳталабон

 Чаҳор омили таъйинкунандаи пирӯзи интихобот

Номи 6 кондидои ниҳоӣ ва расмии интихоботи зудҳангоми риёсати ҷумҳурӣ эълом шуд: Пизишкиён, Пурмуҳаммадӣ, Саъиди Ҷалилӣ, Зоконӣ, Қозизодаи Ҳошимӣ ва Қолибоф.

  1. Рақобати аслӣ дар сегонаи Саъиди Ҷалилӣ, Қолибоф ва Пизишкиён шакл хоҳад гирифт.
  2. Пешбинӣ мешавад, бар хилофи ду интихоботи қаблӣ, интихоботи оянда бо мушорикати қобили қабул рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Шумори бисёре бавежа дар шаҳрҳои бузург, ки дар ду интихоботи қаблӣ раъй надода буданд, ин бор пойи сандуқ хоҳанд омад ва раъй медиҳанд. Эҳтимоли ин ки интихобот ба марҳилаи дуввум кашида шавад, бисёр аст. Чӣ касе раисиҷумҳури оянда хоҳад шуд? Дуқутбии Қолибоф-Пизишкиён шакл мегирад. Пирӯзи майдонро сатҳи мушорикат, мунозираҳои телевизионӣ, нисбати мушорикати бахши хокистарӣ ва ҷавви (фазои) куллии ҷомеъа таъйин хоҳад кард. Ҷинси интихоботи 1403 (2024) шабеҳи 1392 (2013) аст ва на 1400 (2021).
  3. Шоки аслӣ, радди кондидотурии Алӣ Лориҷонӣ аз сӯйи Шӯрои нигаҳбон аст. Ин ки Лориҷонӣ бар чӣ асос дубора кондидо шуд? Ин ки чаро ӯ натавонист радди салоҳияти дубораи худро пешбинӣ кунад? Ин нуктаи манфӣ дар бораи ӯ ба шумор меравад. Ӯ бар асоси кадом таҳлил ё хабар, дубора кондидо шуд? Кадом фард ё афроде ба Лориҷонӣ барои таъйиди салоҳият итминон дода буданд ва ҳоло мушаххас шуд шикаст хӯрданд.

Дар ҳоле, ки ҳамагон интизор доштанд вақте дубора сабти ном кард ва ба суръат ситодҳои худро барпо ва расман фаъолиятҳои таблиғотиро оғоз кард, пас ҳатман аз қабл дар бораи таъйиди салоҳияти худ итминон касб карда буд, аммо баъдан натоиҷ нишон дод ин гуна нест.

  1. Аз миёни 7 узви давлат, ки барои кондидотурӣ сабти ном карда буданд, ҷуз Қозизодаи Ҳошимӣ (раиси Бунёди шаҳид) ҳама рад шуданд.

На Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ (вазири иршод), ки 16 вазир ва муовини раисиҷумҳур барои ӯ истишҳоди дастнавис имзо карданд ва на Базрпош, ки бисёре фикр мекарданд аз гузинаҳои ҷиддӣ ба шумор ояд. Қозизодаи Ҳошимӣ ҳам ба унвони намоде аз давлати Раисӣ ба шумор намеояд.

  1. Абдунносири Ҳимматӣ дар интихоботи собиқ таъйид шуд, аммо дар интихоботи феълӣ таъйид нашуд. Ин ки дар фосилаи 3 сол чӣ иттифоқе рух дод, то Шӯрои нигаҳбон як кондидои таъйидшударо рад кунад, намедонем. Ин барои чандумин боре аст, ки дар Шӯрои нигаҳбон иттифоқи мушобеҳ рух медиҳад. Аҳмадинажод 84 ва 88 таъйид шуд ва дар се интихоботи 96 ва 1400 ва 1403 радди салоҳият шуд. Бо ин ҳол, 3 кондидои давраи қабл яъне Зоконӣ, Ҷалилӣ в Қозизодаи Ҳошимӣ дубора ҳузур доранд.
  2. Зоконӣ баъд аз интихобот шаҳрдори Теҳрон шуд. Агар ӯ дубора ба суди яке аз кондидоҳо (эҳтимолан Саъиди Ҷалилӣ) канорагирӣ кунад, дубора нақши пӯшишӣ хоҳад дошт ва ин барои ӯ як рафтори нописанд хоҳад буд. Агар рақобатро тарк накунад, бахши муҳим ва таъйинкунандае аз раъйи усулгароёнро ҷазб хоҳад кард ва ин ба зарари усулгароён ва ба суди ислоҳталабон аст.
  3. Камтар касе бовар мекард, Пизишкиён таъйид шавад. Аз танзи рӯзгор ҳамин бас ки Лориҷонӣ таъйид нашуд, аммо Пизишкиён таъйид шуд.

Пизишкиён то ҳамин чанд моҳ қабл барои таъйиди кондидотурии Маҷлис (порлумон) ҳам бо мушкил мувоҷеҳ шуда буд. Пизишкиён ба унвони танҳо кондидои воқеан ислоҳталаб, ҳамаи ислоҳталабонро пушти сар худ ҷамъ хоҳад кард. Дар миёни 6 кондидо, 5 усулгаро ва танҳо як ислоҳталаб ҳастанд. Шӯрои нигаҳбон иҷмоъи ислоҳталабонро роҳат кард ва дар муқобил, 5 гузинаи усулгароён, ин урдугоҳро мутафарриқ мекунанд.

Шӯрои нигаҳбон бо радди Лориҷонӣ, иҷмоъи ислоҳталабон бар сари Пизишкиёнро роҳат кард. Агар Лориҷонӣ таъйид мешуд, бахше аз ислоҳталабон ва ҳомиёни мардумии онҳо ба самти Лориҷонӣ гароиш пайдо мекарданд, аммо алъон иҷмоъи комил дар урдугоҳи ислоҳталабон дар пушти сари Пизишкиён аст.

Қобили пешбинӣ аст, Пизишкиён илова бар ислоҳталабон, табақаи мутавассит ва бахше аз ҷавононро ҷазб хоҳад кард. Илова бар ин, ӯ зарфияти ҷазби раъйи устонҳои шимоли ғарбӣ ва ғарби кишварро низ дорад. Пизишкиён, як дуктури воқеӣ аст; пизишк ва ҷарроҳи қалб ва аз табақаи болои иҷтимоӣ аст. Вазири беҳдошти давлати Хотамӣ буд ва чанд давра ҳам намояндаи Маҷлис ва ноиби раиси Маҷлис. Дар ҳамаи мароҳил ҳам собиқаи қобили қабуле аз худ ба ҷо гузоштааст. Пизишкиён метавонад раъйи бахше аз усулгароён ва бахшҳои хомӯши ҷомеаро низ ҷазб кунад.

  1. Қолибоф аз 1384 то 1403 (2024), чаҳор мартиба кондидои риёсати ҷумҳурӣ шудааст. Қолибофи 1403 нисбат ба 84 ва 92 ва 96 мутафовит аст. Ӯ ҳар бор тавонист раъйи бахше аз ҷомеъаро ҷазб кунад. Дар 84 бахши зиёде аз табақаи мутавасситро намояндагӣ мекард. Дар 92 ва 96 аммо ба унвони кондидои усулгаро ба майдон омад. Ҳоло аммо бо тафовутҳои бузургтар аз қабл ба майдон омадааст.
  2. Раъйи асосии усулгароён миёни Қолибоф ва Саъиди Ҷалилӣ ва Зоконӣ тақсим хоҳад шуд. Насли ҷадид ва афроди камсинну сол ба Ҷалилӣ ва афроди синни болотар ба Қолибоф ва Зоконӣ раъй хоҳанд дод. Ин ҳадияи хубе барои урдугоҳи Пизишкиён аст. Ҳомиёни Саъиди Ҷалилӣ ва Зоконӣ дар ҷомеъаи эронӣ андаканд. Ононе, ки мисли ин ду рафтор ва гуфтор дошта бошанд. Бавежа Саъиди Ҷалилӣ, ки собиқаи масъулияти ӯ дар музокироти ҳастаӣ дар солҳои 86 то 92 то кунун дар муқобили дидагони ҳама аст. Интиқоли парвандаи ҳастаии Эрон аз Ожонс ба Шӯрои амният дар давраи ӯ рух дод, то барои аввалин бор таҳримҳои Шӯрои амнияти Созмони Милал алайҳи Эрон тасвиб шавад ва кишвар вориди калофӣ шавад, ки то кунун на бо даст ва на бо дандон боз нашудааст.

Asriran

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Истеъфои Банӣ Гонтз аз кобинаи ҷанги Исроил
Қассом: “Исроил се асири саҳюнист аз ҷумла як шаҳрванди Омрикоро куштааст”

Матолиби пурбоздид