Таҳлили Абдулборӣ Атвон аз интихоботи Туркия

Таҳлили хабарӣ

Таҳлили Абдулборӣ Атвон аз интихоботи Туркия

Абдулборӣ Атвон, таҳлилгари барҷастаи фаластинӣ ва ҷаҳони араб ва сардабири рӯзномаи “Раъюл-явм” навиштааст:

Дуруст аст, ки Эрдуғон набардро дар даври аввал яксара накард, аммо ба мухолифонаш собит кард, ки сиёсатмадори коркуштае аст, ки аз тавоноии болое барои манёврдиҳӣ ва истифода аз тамоми аҳрумҳои қудрат барои ҷазби раъйдиҳандагон бархурдор аст.

Далоили мутааддиде дар дуввум шудани мухолифон ба раҳбарии Қиличдор Уғлу дар даври аввали интихоботи Туркия нақш доштааст:

Мавриди аввал, исрори Қиличдор Уғлу барои муаррифии худ ба унвони номзади мухолифон барои рақобат бо Эрдуғон, бар сари курсии риёсати ҷумҳурӣ аст, дар ҳоле, ки ӯ солхӯрда аст (74 сол дорад) ва дар ҳеч интихоботе алайҳи Ҳизби адолат ва тавсиа пирӯз нашудааст.

Мавриди дуввум, иштибоҳи дигари Қиличдор Уғлу дар алавимазҳаб хондани худ барои таъкид бар секулор будан аст.

Севвумин маврид, ҳимояти Омрико ва бештари кишварҳои ғарбӣ аз рақиби Эрдуғон аст; Эрдуғоне, ки ба Омрико ва ғарбиҳо пушт кард ва бар хилофи хости онҳо, бо Владимир Путин ва Эрон равобити эътилофии қавӣ барқарор кард.

Мавриди чаҳорум, мухолифат бо хостаҳои панҷ муттаҳиди худ барои канорагирӣ ва номзадии Акрам Имом Уғлу, шаҳрдори ҷавон ва 53-солаи Истонбул, ки дар интихоботи ахири шаҳрдориҳо, номзади Ҳизби адолат ва тавсиаро шикаст дода буд, чун ӯ ҷавон буд ва аз зарфиятҳои мудириятии боло ва маҳбубияти болое назди ҷавонон бархӯрдор аст; чизе, ки Қиличдор Уғлу аз он баҳрае надорад.

Албатта, ишора ба иштибоҳоти Қиличдор Уғлу ба маънои он нест, ки Эрдуғон муназзаҳ аст; ӯ ҳам иштибоҳоте муртакиб шудааст, ки ба роҳатӣ қобили бахшиш нест ва он ҳам замоне аст, ки кишварашро вориди ҷангҳои Омрико дар Сурия ва Либӣ кард ва бо бештари кишварҳои арабӣ вориди душманӣ шуд ва муҳимтар аз ҳама ин ки дар заминаи оддисозии равобит бо режими Исроил поро аз ҳадди худ фаротар ниҳод.

Бо ин ҳол, ду шахсият ҳастанд, ки дар мушаххас кардани ҳувияти барандаи даври дуввуми интихоботи Туркия нақши басазое доранд:

Шахсият аввал, Синон Уғон аст, ки дар даври аввали интихобот севвум шуд.

Шахсияти дуввум низ Башшор Асад аст, ки аҳруми оворагони суриро ба унвони яке аз муҳимтарин парвандаҳои интихоботӣ ва муҳимтарин калиди ҳал дар даст дорад.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Назари бисёр ҷолиби Энгелс дар бораи забони порсӣ дар номааш ба Моркс
Ҳикматҳое аз Саъдии Шерозӣ

Матолиби пурбоздид