Таҳқиқоти ҷадид: Ҳатто камтарин миқдори машруботи алкулӣ хатари заволи ақлро афзоиш медиҳад

Таҳқиқоти ҷадид: Ҳатто камтарин миқдори машруботи алкулӣ хатари заволи ақлро афзоиш медиҳад

Washington Post

 Таҳқиқи нав: “Ҳатто камтарин миқдори масрафи машруб низ хатари заволи ақлро афзоиш медиҳад”

Ба гузориши рӯзномаи омрикоии Washington Post

Як таҳқиқи ҷадид нишон медиҳад, ки бар хилофи пажӯҳишҳои пешин, ки иддао мекарданд нӯшидани андак ва сабуки машруб хатари заволи ақлро ҳатто нисбат ба афроде, ки машруб камтар масраф мекунанд надорад, ин таҳқиқ мегӯяд, ҳар миқдор аз масрафи машруб аз назари ибтило ба заволи ақл хатарнок аст.

Бар асоси ин пажӯҳиши нав, ки дар нашрия BMJ Evidence-Based Medicine мунташир шудааст, ҳатто масрафи сабуки машруб низ метавонад хатари ибтило ба заволи ақлро афзоиш диҳад.

Ин таҳқиқ бо баррасии додаҳои беш аз 550 ҳазор нафар байни 56 то 72 сол ва иттилооти женетикии 2.4 миллион нафар нишон медиҳад, ки ҳар миқдор аз масрафи машруб барои саломати мағз дорои хатар аст ва ё ба забони дигар, ҳеч миқдори бехатарӣ вуҷуд надорад.

То пеш аз ин, бархе таҳқиқот дар Ғарб иддао мекарданд, ки нӯшидани андаки машруб ё оби ҷав (пива) дар рӯз мумкин аст хатари заволи ақлро коҳиш диҳад, аммо пажӯҳиши ҷадид ин дидгоҳро рад кардааст.

Дуктур Ҷоэл Гелрентер (Joel Gelernter), устоди равонпизишкӣ ва улуми аъсоб дар Донишгоҳи Йел ва пажӯҳишгари ин таҳқиқ гуфт:

“Муддатҳо таври дигаре фикр мекардем, аммо шавоҳиди ҷадид нишон медиҳад, ҳатто миқдори андак ҳам метавонад асароти манфӣ бар амалкарди шинохтӣ дар баландмуддат дошта бошад.”

Бар асоси ёфтаҳо, афзоиши мизони нӯшидан, бо афзоиши хатари ибтило ба заволи ақл дар тӯли зиндагӣ ҳамроҳ аст.

Пажӯҳишгарон мегӯянд, таҳқиқоти пешин, ки нӯшидани сабукро муфид дониста буданд, эҳтимолан дучори хато будаанд.

Дар маҷмӯъ, ин таҳқиқ яке аз равшантарин шавоҳид то кунун аст, ки нишон медиҳад, масрафи машруб, ҳатто дар камтарин миқдор, метавонад ба мағз осеб бирасонад ва хатари заволи ақлро дар тӯли замон афзоиш диҳад.

(Манбаъ: istaravshani.com)

qalamonline.net

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Баёнияи неруҳои мусаллаҳи Яман дар бораи шаҳодати сарлашкар Муҳаммад Абдулкарим ал-Ғуморӣ
Музокироти Русия ва Тоҷикистон дар бораи тавсиаи майдонҳои нафту газ дар кишвар

Матолиби пурбоздид