Тоҷикистон аз Иттиҳодияи Аврупо кумакҳои нақдӣ дарёфт хоҳад кард

Тоҷикистон аз Иттиҳодияи Аврупо кумакҳои нақдӣ дарёфт хоҳад кард

Хабарнома

Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврқпо тавофуқномаеро имзо намудаанд, ки бар асоси он, Иттиҳодияи Аврупо 29 миллион евро, ҷиҳати ҳимоят аз бахши энержӣ ва таъмини оби нӯшидании манотиқи рустоии Тоҷикистон тахсис хоҳад дод.

Бар асоси гузоришот, ин мувофиқатнома дар ҳошияи конфронси минтақаии Иттиҳодияи Аврупо ба муносибати муаррифии пружаи ҷадиде бо номи “Ҳамкории энержии пойдор дар Осиёи Марказӣ” (SECCA) дар Самарқанд ва тавассути Далери Ҷумъа, вазири энержӣ ва манобеи оби Тоҷикистон ва муовини мудири кул дар умури ширкатҳои байналмилалии Комиссияи Аврупо ба имзо расид.

Тибқи ин санад, Иттиҳоди Аврупо барои ҳимоят аз бахши энержии пойдори 15 миллион евро ва таъмини манотиқи рустоӣ бо оби ошомиданиву солим 14 миллион евро кумак хоҳад кард.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Таърихсозон киёнанд?
Қирғизистон: Мушкилоти марзӣ то соли нав бартараф хоҳад шуд!

Матолиби пурбоздид