Тоҷикистон дар гуфтугӯҳои байналмилалии амниятӣ дар Манома ширкат варзид
Ахбори байналмилал
Фаррух Шарифзода, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар гуфтугӯҳои Манома иштирок намуд, ки аз ҷониби Маркази байналмилалии таҳқиқоти стратегии (IISS) ва Вазорати корҳои хориҷии Баҳрайн ташкил гардида буд.
Дар ҷараёни ин ҳамоиши сатҳи баланд, масоили муҳими марбут ба таъмини амният ва субот дар минтақа, таҳдидҳои ҷаҳонӣ, дипломатияи пешгирикунанда ва тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, энергетика ва амнияти баҳрӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронии худ таъкид намуд, ки дар шароити мураккаби геополитикӣ, таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба ва мубодилаи таҷриба дар самти амният ва рушди устувор барои кишварҳои минтақа аҳамияти хос дорад.
Гуфтугӯҳои Манома, ки ҳамасола намояндагони аршади кишварҳои гуногун, коршиносон ва муассисаҳои байналмилалиро гирди ҳам меорад, ба унвони яке аз минбарҳои муҳими мубодилаи афкор дар мавзӯъҳои амниятӣ ва стратегии ҷаҳонӣ шинохта мешавад.
Ширкати Тоҷикистон дар ин нишаст нишон медиҳад, ки кишвар дар сиёсати хориҷии худ бар пояи дипломатияи фаъол ва ҳамкорӣ барои сулҳу суботи минтақавӣ таъкид дорад.
qalamonline.net
Қаламонлайн













