Тоҷикони хориҷ аз Тоҷикистон

Таҳлили хабарӣ

Тоҷикони хориҷ аз Тоҷикистон

Нависанда: Навиди Донишвар

Тоҷикистон кишваре бо шумори мардумони даҳ миллион нафарӣ буда ва аз самти ҷануб, бо Афғонистон, аз сӯи ғарб, бо Узбекистон, ҷониби шимол, бо Қирғизистон ва аз шарқ бо Чин сарҳад ва марзҳои муштарак дорад.

Тоҷикистон аз тариқи долони Вохон дар Афғонистон, фосилаи андаке бо Покистон дорад. Ватани аслии тоҷикҳо шомили Тоҷикистони имрӯзӣ ва ҳамчунин бахшҳое аз Афғонистон ва Узбекистон аст.

Сарзамине, ки имрӯз сарҳадҳои Тоҷикистонро ташкил медиҳад, қаблан хонаи чандин фарҳанги бостонӣ, аз ҷумла шаҳри Саразм, аз даврони навсангӣ ва асри биринҷии беш аз панҷ ҳазор сол пеш будааст.[1] Ва баъдҳо хонаи подшоҳиҳое буд, ки тавассути мардуме бо адён ва фарҳангҳои мухталиф идора мешуд, аз ҷумла тамаддуни Амударё, фарҳанги андроново, будизм, масеҳияти настурӣ, ҳиндуизм, маздаясно, оини монавӣ ва ислом.

Ин минтақа дар садаи гузашта тавассути императории Русия ва баъдтар тавассути Иттифоқи Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ фатҳ шуд.

Дар дохили Иттифоқи Шӯравӣ марзҳои ин кишвар ба унвони як ҷумҳурии сотсиалистии худмухтор, дар қолаби Ҷумҳурии Шӯравии Узбекистон шакл гирифт ва Тоҷикистони Шӯравӣ ном дода шуд.

Дар соли 1929 низ ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон тағйири ном ва моҳият дод.

Ҳоло беш аз навад сол аз таъсиси Тоҷикистон ба унвони узве аз Иттифоқи Ҷамоҳири Шӯравӣ, дар қолаби минтақаи худмухтор мегузарад. Ҳарчанд асоси истиқлоли расмии Тоҷикистон ба унвони ҷумҳурии ҷудогона ва ҷудо аз батни Иттиҳоди Шӯравӣ ба соли 1991 бозмегардад. Дар ин хусус Мӯъминҷон Назаров, мудири муассисаи фалсафа, ҳуқуқ ва улуми сиёсии Тоҷикистон мӯътақид аст, ин кишвар дар ду марҳала мустақил гардидааст. Ба бовари ӯ, тоҷикҳо тавонистаанд дар давраи аввал, ба унвони як минтақаи худмухтор ва сипас ба унвони як ҷумҳурӣ, давлати миллии худро эҳё кунанд.[2]

Аммо воқеият ин буд, ки тоҷикон асрҳо пеш аз истиқлоли сиёсӣ, ба унвони миллати муҳим дар батни Осиёи Миёна нақш доштанд. Ҳатто тоҷикон дар тӯли торих, чандин ҳукумат ба меҳварияти сардорон ва сиёсатмадорони худ, аз ҷумла ҳукумати сомониён ва ҳукумати хоразмшоҳиёнро бино ниҳоданд. Мардумони ин диёр дар тӯли садаҳои гузашта бино ба далоиле чун тақсиму тағйири марзҳо дар қаламрави ҳукуматҳо ва кишварҳои мухталиф ва ё муҳоҷират, дар кишварҳои дигаре сукно гузиданд. Бахши аъзаме аз тоҷикон имрӯза дар Узбекистон ва Афғонистон сукунат доранд.

Ҳамчунин ин қавм дар шимоли Ҳиндустон, Покистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Эрон низ пароканда ва низ шарқитарин минтақаи тоҷикнишин, водии Сарикӯли Синкёнги Чин аст.[3]

Ҳатто дар солҳои ахир, ба ҷуз Русия ба кишварҳое чун Австралия ва Конодо ҳам муҳоҷират доштаанд, ки бахше аз онон дар ин мақола унвон мешавад.

Имрӯза шояд бештарин теъдоди тоҷикон дар Узбекистон бошанд. Тоҷикҳо дар Узбекистони имрӯзӣ дуввумин гурӯҳи этникӣ ҳастанд. Ҳарчанд омори расмӣ саҳми тоҷикҳо дар дохили Узбекистонро ҳудуди панҷ фоиз (1,5 миллион нафар) тахмин кардааст,[4] аммо дар оморҳои ғайрирасмӣ ва дигар баррасиҳо, то 38 фоиз (ё 12 миллион нафар) низ баровард мешавад. Ба ҳар ҳол, забони тоҷикӣ забони модарии бисёре аз сокинони ин кишвар аст, ки метавонад нишондиҳандаи саҳми бузурги тоҷикон дар Узбекистон бошад. Бавижа дар манотиқе монанди Самарқанд, Бухоро, Фарғона, Сурхондарё ва Қашқадарё собит шудаанд.

Ин падида пеш аз ҳама чиз, бо хусусиятҳои шакли ҷуғрофиёӣ ва миллии шӯравӣ мутобиқат дорад, вақте ки Ҷумҳурии Сотсиалистии Узбекистон ташкил ёфт, мардумони тоҷикзабон ба шакли густарда чун узбек сабт шуда ва сиёсати узбексозӣ давом дода шуд. Ҳатто дар ин давра, забони таълим дар аксари мактабҳои тоҷик ба хости худи тоҷикҳо, ба узбекӣ иваз шуд, чаро ки хатмкунандагони давраи омӯзишӣ бо забони тоҷикӣ, ба донишгоҳҳои Узбекистон наметавонистанд дохил шаванд. Шояд яке аз сабабҳои аслии вуҷуди ихтилофи назарҳо дар омори теъдоди тоҷикҳо дар Узбекистон ба ҳамин мавзӯъ марбут бошад.

Тоҷикҳо дар Афғонистон дуввумин гурӯҳи қавмии бузург ҳастанд, ки бештар дар шимол ва ғарби Афғонистон сокинанд ва дорои мавқеияти муҳим ва мавзеъ ва истеҳкомоте дар дараи Панҷшер, шаҳри Ҳирот ва низ бархе аз вилоятҳои шимолӣ ҳастанд.

Тибқи омори аҳолӣ ва саршумории нуфуси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки дар соли 2017 сурат гирифтааст, тоҷикон дар ин кишвар наздик ба ду баробари паштунҳо бештар буда ва аксариятро ташкил медиҳанд. Шумори тоҷикон дар Афғонистон баробари ҷамъи шумори се қавми бузурги дигари ин кишвар, яъне паштуҳо, ҳазораҳо ва узбекҳо будааст. Бино ба ин омор, дар 17 вилоят, Бодғис, Бадахшон, Бағлон, Балх, Парвон, Тахор, Панҷшер, Сари Пул, Самангон, Ғур, Фароҳ, Қундуз, Майдонвардак, Кобул, Кописо, Лугар ва Ҳирот тоҷикон аксариятро ташкил медиҳанд ва дар маҷмуъ беш аз 45 фоиз аз мардумони Афғонистони имрӯзӣ тоҷикҳо ба шумор меоянд.[5]

Дигар кишвари мизбони тоҷикҳо дар тӯли солҳои гузашта Русия мебошад. Пас аз шаҳрвандони Украина ва Узбекистон, неруи кори муҳоҷири тоҷик аз бузургтарин коргарони Русия ҳастанд. Бар асоси омори расмии мунташиршуда, 11 фоиз аз муҳоҷирон дар Русияро тоҷикон ташкил медиҳанд. Русия беш аз як миллион ва мақомоти Тоҷикистон беш аз чаҳор миллион нафарро баршумурдаанд.

Тоҷикон имрӯз дар Эрон, умдатан дар вилоятҳои Хуросон ва Систону Балучистон басар мебаранд. Ҳарчанд пешинаи ҳузури тоҷикон дар сарзаминҳои имрӯзии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба давраи Сосониён (226-652 мелодӣ) ва дар шимоли шарқии Хуросон бозмегардад.

Тоҷикҳо бино ба далоиле дар кишварҳои мухталиф ва бисёре сокин шудаанд, ки бино ба тахминҳо, балки шумори онҳо аз чанд миллион нафар ҳам мегузарад, агар бино бошад то як ба як он кишварҳоро унвон кард, шояд натавон дар чандин сафҳа хулоса кард, вале тоҷикон аз шарқ ва марзҳои Чин то ғарб ва сарҳадоти Аврупо ва бисёре аз мамолики дигар сукунат дошта ва ҳатто осоре аз худ гузоштаанд.

Ин ҷо ёдовар мешавем, ки дар охирин муборизоти сиёсӣ барои интихоби раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо интихоби перзидент Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ буд, ҳамватанони бисёре дар хориҷ аз хоки Тоҷикистон дар шаҳрҳои Абузабӣ, Кувейт, Алмато, Анкара, Ишқобод, Берлин, Бешкек, Боку, Бруксел, Вашингтон, Вена, Доҳа, Деҳлӣ, Дубай, Екатеринбург, Женева, Исломобод, Истанбул, Киев, Кобул, Квалалампур, Қоҳира, Ландан, Мазори Шариф, Минск, Маскав, Новосибирск, Теҳрон, Токио, Тошканд, Уфа ва Файзобод ба номзади худ дар хориҷ аз марзҳо раъй дода буданд. Ҳамин теъдоди зиёде аз шаҳрҳои дорои ҳамватанонамон, нишоне аз парокандагии тоҷикон дар саросари гетиро дорад.

[1] https://sputnik.tj/20190110/Omodagiho-ba-jashni-5500-solagii-Sarazm-raisi-Sugd-sangi-asosi-osorkhonaro-guzosht-1027931742.html

[2] https://www.ozodi.org/a/30217521.html

[3] https://rch.ac.ir/article/Details/7176

[4] https://asiaplustj.info/tj/news/centralasia/20210820/toikon-17-million-zbekiston-omori-tarkibii-avmii-in-kishvarro-nashr-kard

[5] https://payom.net/fa/%D8%A8%DB%8C%D8%B4-%D8%A7%D8%B2-45-%D8%AF%D8%B1%D8%B5%D8%AF-%D8%AC%D9%85%D8%B9%DB%8C%D8%AA-%D8%A7%D9%81%D8%BA%D8%A7%D9%86%D8%B3%D8%AA%D8%A7%D9%86-%D8%AA%D8%A7%D8%AC%DB%8C%DA%A9-%D8%A7%D9%86%D8%AF/

Сомонаи Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Таҳдиди Амрико ба Остона: Ба Русия кумак накунед!
Раҳбарони толибон ба сарватмандтарин афрод табдил шудаанд

Матолиби пурбоздид