Тоҷикон дар “Таърихи Байҳақӣ” – II
Сайфулло Муллоҷон
Бахши дуввум
Дар ашъори иддае аз шоирон, тоҷик чун халқи забуну бечора ва он ҳам тобеъи турк тасвир шудааст. Чунончи, Ҷомӣ мефармояд:
Пеши ҳиндуи чашми хунрезат
Гашта туркон забунтар аз тоҷик.
Албатта, ин ҷо шоир зебоии аз ҳадд зиёд ва ҷабру виқори маъшуқаро бештар дар назар дорад, аммо чунон ки ишора намудем, аз оҷизии тоҷик низ сухан дар миён аст.
Яъне сустӣ, нармхӯӣ, мутеъ будан ба авсофи тоҷик гардида ва Мавлавӣ ҳам шиквакунон мегӯяд:
Як ҳамлаву як ҳамла шаб омаду торикӣ,
Чустӣ куну туркӣ кун, не нармиву тоҷикӣ (5, 1018).
Ин намунаро метавон хеле зиёд пайдо кард. Муаллифи «Таърихи Байҳақӣ» дар ин боб низ ишораҳо дорад. Байҳақӣ зимни баёни воқеаҳои баҳору тобистони соли 1040, ки авҷи ҷангҳои Ғазнавиёну Салҷуқиён аст, аз забони як мушриф (ҷосус) машварати аъёни салҷуқиро меоварад. Он шабу рӯз дар Хуросон қаҳтӣ бедод мекард ва Масъуд бо артиши хаставу аз ҷангҳои зиёд кӯфта саргардон буд. Пас аз набарди мухтасар аъёни туркман ба машварат менишинанд, ки дар баробари лашкари Масъуд чӣ тадбир андешанд. Дар ин ҷаласа меҳтари Салҷуқиён Туғрал аз таъқиби Масъуд тарсида, мегӯяд, ки бояд аз ҷанги рӯ ба рӯ бо Ғазнавиён парҳез кунем. Ӯ идома медиҳад, ки «моро савоб он менамояд, ки буна пеш кунему сӯйи Деҳистон равем ва Гургону он навоҳӣ бигирем, ки тозикон сабукмояву беолатанд ва агар он ҷо натавон буд, ба Рай биравем, ки Рай ва Ҷиболу Сипоҳон морост. Ва ба ҳеч ҳол подшоҳ (яъне Масъуд – С.М.) ба думи мо наёяд, чун мо аз вилояти ў бирафтем, ки ин подшоҳе бузург аст ва лашкару олату уддату вилояти бисёр дорад ва сомони ҷанги мо бидонист ва аз думи мо боз нахоҳад гашт». Тавре мушоҳида мешавад, зиндагии муқимӣ ва хӯ гирифтан ба илму дониш, шуғли зирояткориву машғулият ба ҳунарҳои асил боис шуд, ки тоҷикон ба артишу ҳифзи манофеи худ дар шароити турктозии асрҳои миёна кам аҳамият дода, борҳо аз хонаву кошонаи хеш маҳрум гардидаанд. Нуктаи дигар ин ки Байҳақӣ аз қавли раҳбари туркманҳо мардуми ду шаҳри соҳили дарёи Хазарро – Деҳистону Гургонро тоҷик меномад.
Зиддияти унсури турку тоҷик, ки онҳо дар айни ҳол аз низомиёну дарбориён намояндагӣ доштанд, бо пирӯзии аввалиҳо анҷомид ва сабаби заволи Оли Сомон гардид. Дар дарбори подшоҳони минбаъда ҳам ин ихтилоф вуҷуд дошт. Дар лаҳзаҳои тақдирсоз хушунат байни сипоҳиёну дарбориён боиси парокандагии лашкари Ғазнавиён гардид. Муҳорибаи Дандонақон 29 майи соли 1040 ба султаи Ғазнавиҳо дар Хуросон поён бахшид ва Байҳақии дабир муфассал ин воқеаро шарҳ медиҳад. Дандонақон шаҳре буд дар миёни биёбон ва байни Марву Сарахс. Бино бар навиштаи Байҳақӣ, Масъуди ғазнавӣ дар ин набард низ ба ғуруру бадгумонӣ дода шуд ва «низом бигусаст, ки ғуломони сарой аз уштур ба зер омаданд ва аспон ситадан гирифтанд, аз тозикон, аз ҳар кас, ки заъифтар буданд, ба баҳонаи он ки ҷанг хоҳем кард». Сиёсатҳои ғалати Султон Масъуд, ки дар гузашта бо туҳмату бадгумонӣ ва ба хотири хатоҳо чандин сипоҳсолори туркро фурӯ гирифта зиндон карда буд, натиҷаҳои худро нишон медод. Туркони лашкар гурӯҳ-гурӯҳ ба ҷониби душмани Ғазнавиён Салҷуқиён мегузаштанд. Аз ҷумла, дар ин набард низ горди ғуломон нахуст аспҳои тозиву хатлонии тоҷиконро ба зур гирифтанд, аммо бо ин аспҳо на барои Ғазнавиён ҷангиданд, балки «бо аломатҳои шер бигаштанду ба туркмонон пайвастанд». Яъне, бо парчамҳое, ки бар рўйи онзо акси шер тасвир ёфта буд, зеро парчами Ғазнавиён бар суннати парчамҳои давлатҳои мардуми тоҷик акси шер дошт, ки Байҳақӣ чанд бор ба он ишорат мекунад.
Дар ин идомаи ҷанги Дандонақон низ муаллиф аз хиёнати лашкариён ҳикоят мекунад. Лашкар ё артише, ки бо салоҳдиди Маҳмуд аз ақвому қабоили мухталиф таъсис гардид, дар охир мояи тафриқаву низоъ шуд. Зеро дар корзори сарнавиштсоз, тавре гуфта омад, ғуломони турк ба сӯи туркмонҳои ҳамнажодашон гузаштанд ва «ҳиндувон ба хазимат бар ҷониби дигар ва курду арабро кас намедид ва хайлтошон бар ҷониби дигар уфтод ва низоми майманаву майсара табоҳ шуд ва ҳар кас мегуфт: нафсӣ-нафсӣ». Яъне ҳамаи гурӯҳҳои этникии артиш ҳифзи ҷони худро дар авлавият қарор дода, аз майдони набард фирор карданд. Салҷуқиён, ки то ин дам дар ду-се набард лашкари Ғазнавиёнро зада буданд, пирӯзиро наздик дида, то пойи ҷон меҷангиданд. Онҳо ҳатто кӯшиш доштанд, ки шахси амир Масъудро ҳадаф қарор дода, мехостанд зарбаи кориро ба ӯ ворид созанд.
Амир Масъуд ва фарзанди аршади ӯ Мавдуд худ дар майдони мубориза меҷангиданд. Байҳақӣ навишта, ки Мавдуд аз лашкариён даъват мекард, ки « Ай ноҷавонмардон! Саворе чанд сўйи ман оед», аммо касе ба даъвати ӯ ҷавоб намедод. Дар ин миён танҳо «ғуломони тозикон бо амир нек биистоданд ва ҷанги сахт карданд аз худ гузашта». Чун тоҷикон бо вуҷуди нақсҳое, ки гуфта шуд, бо садоқат ҳам маъруф буданд ва заволи давлати ғолибан тоҷикбунёдро ба суди хеш намедонистанд. Дар воқеъ пирӯзии салҷуқиён ва давлатдории беш аз садсолаи онҳо дар Хуросону Мовароуннаҳр бар сари тоҷикон анвои мусибату бадбахтиро сарозер кард, ки зикри он дар манобеи муътабар, осори шуаро ва таълифоти муҳаққиқон фаровон омада ва ин ҷо маҷоли баёнаш нест.
Дар қатори фавоиди фаровони асари Байҳақӣ наметавон аз як нуктаи муҳими дигар ё имтиёзи ин китоб ғафлат варзид. Байҳақӣ аз нахустин касонест, ки дар таърихи хеш истилоҳи «тозик» ё «тоҷик»-ро зикр карда, пас аз худ онро роиҷ месозад. Агар перомуни далоили истифодаи истилоҳи«тозик» ё «тоҷик» дар асари Байҳақӣ мулоҳиза ронем, зарур аст чанд нуктаро тазаккур диҳем. Чиро муаррихони қабл аз Байҳақӣ (Табарӣ, Балъамӣ, Наршахӣ ва ғ) мардуми эронинажоди Хуросонро тозик ё тоҷик наномиданд? Сабаб чист, ки маҳз муаррихону шоирони рўзгори ғазнавӣ (Унсурӣ, Искофӣ) ин истилоҳро ба мардуми бумии Хуросон нисбат додаанд? Магар то ин замон (аз ҷумла рўзгори Сомониён) тоҷикон мавҷуд набудаанд?
Пас аз баррасиву тааммул ба хулосае расидем, ки:
- Дар рўзгори Байҳақӣ туркони барда дигар иддиъои хоҷагӣ доштанд ва табдил ба як хатари бузурге барои сарзамини ў гашта буданд. Инро метавон аз руҳияи Носири Хусрав ё Аттору Саъдӣ низ пай бурд. Бо ин манзур устод Байҳақӣ дар қиболи «турк» вожаи «тозик»-ро ҳамрадифи «эронӣ» китобат кардааст: «тозик», «тозикон», «мо тозикон» бо таъкиду такрор ҳар гоҳе менависад ў. Пай бурдан душвор нест, ки маниши туркгароии туркон Байҳақиро водору ночор ба таъкиду таъйиди ҳувийяти миллии хеш карда, ки пас аз ў меомадагонро бо худу бегона шиносонад, ки тозикон (яъне тоҷикон ё эрониён) киҳо ва аз куҷо будаанду чӣ кардаанду чӣ гуфтаанду чӣ навиштаанд. Таъйиди «тозик» (яъне «тоҷик») дар «Таърихи Байҳақӣ» ҳойизи чанд нуктаи муҳимми илмию таърихист.
- Ин фарзия бояд ҳақиқат дошта бошад, ки дар замони истилою истибдоди араб эрониёнро ҳамчун «тозик» мешинохтаанд ва шояд ин араб будааст, ки дар он давра «тоҷик»-ро «тозик» ба забон овардааст ё китобат кардааст.
- Ҳамин тозикон будаанд, ки дар Хуросон аз бедоди бегонагони араб ба хурўш омада, бо сина сипаркарданҳову сарбадордоданҳо санги бинои ҳукумати Эрони бостонро дар Бухоро (оли Сомон) дубора устувору побарҷо кардаанд. Зеро вожаи «тозик» табиист, ки пас аз ба Ғазнин кўчидани маркази Хуросон дафъатан падид наомадааст, албатта қаблан вирди забонҳо будаву аммо маҳз туфайли ҳакими бедори Байҳақ дар моварои таззоди шадид бо туркон рўйи коғаз омадааст.
- Аз таъкиди Байҳақӣ рўйи вожаи «тозик» бермеояд, ки ҳукуматҳои Тоҳирию Саффорию Сомонӣ ҳама тоҷикӣ (эронии асил) ва дастбакорони ин ҳукуматҳо (истисноан аз баъзе аз саркардаҳои турки барда) ҷумла тоҷик будаанд. Соҳибқиронони илму адаби ин давронро, ки бар чашми башар аз коиноти маърифати хеш ҳазорон хуршед намудаанд, низ ҳамчун «тозик» медонистаанд. Баъдан дигар бузургон мо – Ҳаким Саноию Шайх Аттор, Мавлонои Балху Саъдии Шерозӣ ин вожа («тозик»)-ро ба гунаи «тоҷик» фаровон ба кор бурда, зимнан худро «тоҷик» хондаанд:
Шояд, ки ба подшаҳ бигўянд.
Турки ту бирехт хуни тоҷик!
Бад-ин тартиб, номовари ғаюри Байҳақ, устод Байҳақии бузургвор нишон медиҳад, ки дар авҷи шадиди фаҷоеъи истилои турку араб тоҷикон (тозикон) дар эҳёи дубораи Эрони бостон дар поёию ҷовидонагии ин марзи пургуҳар нақши сазовори калидие доштаанд.
Дар шоҳкори беназири худ Байҳақии дабир инчунин ба як муаммои дигар, ки дар манобеи таърихӣ гоҳе ҷилвагар шуда посух гуфтааст. Ин муаммо афсонаи аз ҳунари ҷангу мубориза дур будани тоҷикон аст. Тавре маълум аст, дар дигар гушаву канори олам (аз ҷумла Аврупо) низ ҳамеша миёни мардуми бумӣ ва ҳамсоягони чодарнишини он доду ситад ва набарду мубориза дар ҷараён будааст. Байҳақӣ нахустин муаррихи тоҷик аст, ки ин ихтилофро аз забони акобири дарбори Ғазнин баён дошта, менависад, ки турконро «биёбон падару модар аст, чунонки моро шаҳрҳо».
Тибқи ривояти Байҳақӣ, лашкари Ғазнавиён мураккаб аз туркон (ғолибан сарвар) ва тоҷикон буд; Ғазнавиён аз дигар қавмҳо низ дастаҳо доштанд, аммо на бо шумори афзун. Байҳақӣ агар аз лашкариёни тоҷик сухан ронад, танҳо ҳадиси садоқату фидокории ононро мегўяд ва таъкид мекунад, ки тоҷикон ҳамвора дар нақши дифоъӣ зоҳир шудаанд, зеро ҷангу юриш вайронгару нобудсоз аст, табиати тоҷикӣ ободгарист. Байҳақӣ дар баробари зикри фазлу насаби тоҷикон, аз парокандагии ашрофи тоҷик ва хусумату тафриқаи музофотии онҳо низ сухан мегӯяд ва бад-ин минвол ҳазорҳо сол қабл яке аз муҳимтарин нукоти осебпазири ин миллати қадимро, ки ҳанӯз баъзе осори ин марази музмин боқӣ монда, ба ворисон гӯшзад мекунад. Бошад, ки ин ворисон бедор шаванду ба ҳамбастагиву иттиҳод гароянд!
Сайфулло Муллоҷон
Қаламонайн