Тромп: Дигар кишвари аҳмақе нахоҳем буд!

Тромп: Дигар кишвари аҳмақе нахоҳем буд!

Ахбори байналмилал

Раиси ҷумҳури Омрико дар паёме дар шабакаи иҷтимоии Truth, ба 36 триллион доллар бадеҳкории (қарз) ин кишвар ишора ва бар афзоиши боҷҳои воридотӣ аз дигар кишварҳо таъкид кард.

Дунолд Тромп, раиси ҷумҳури Омрико, имрӯз (якшанбе) дар паёме дар шабакаи иҷтимоии Truth навишт, ки “лоббиҳо” ба раҳбари Wall Street Journal, сахт дар талош ҳастанд, то боҷ (-и воридоти коло) аз кишварҳое монанди Конодо, Мексик, Чин ва бисёре аз кишварҳои дигарро, ки наметавон ном бурд, тавҷеҳ кунанд.

Раисиҷумҳури Омрико дар идомаи паёми худ навишт: “Он рӯзҳо тамом шуд, Омрико бо Конодо, Мексик ва Чин (ва тақрибан ҳамаи кишварҳо) касрии тиҷории умда дорад.”

Тромп изофа кард: “Омрико 36 триллион доллар бадеҳкор аст ва мо дигар кишваре аҳмақ нахоҳем буд, чаро Омрико бояд триллионҳо долларро дар ёрона додан ба кишварҳои дигар аз даст бидиҳад, ин кишварҳо колоҳои худро дар Омрико тавлид кунанд, то боҷ пардохт накунанд.”

Раиси ҷумҳури Омрико афзуд: “Мо садҳо миллиард доллар барои ёрона (субсид) додан ба Конодо пардохт мекунем, чаро? Ҳеч далеле барои ин мавзӯъ вуҷуд надорад. Мо ба ҳеч чизе, ки онҳо доранд ниёз надорем.”

Вай дар идома навишт: “Мо энержии номаҳдуде дорем, бояд худравҳои худро бисозем ва чӯби бештаре нисбат ба он чи ки метавонем истифода кунем, дорем.”

Тромп изофа кард: ”Бидуни ин ёрона (субсид)-и азим, Конодо ба унвони як кишвари қобили давом дигар вуҷуд нахоҳад дошт. Ин мавзӯъ хашин аммо воқеӣ аст.”

Раиси ҷумҳури Омрико дар поён навишт: “Бинобар ин, Конодо бояд 51-умин аёлати гиромии мо шавад, молиёти бисёр камтар ва ҳифозати низомии бисёр беҳтар барои мардуми Конодо ва бидуни боҷ”.

Truthsocial

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дарди одам чист ва давои он кадом аст? – 1
Акнун пай ба суханони Вил Дуронт мебарам

Матолиби пурбоздид