Тромп: Ҷанги севвуми ҷаҳонӣ дар роҳ аст!

Тромп: Ҷанги севвуми ҷаҳонӣ дар роҳ аст!

Ахбори байналмилал

Раиси ҷумҳури собиқи Амрико гуфт, дар даврони раёсати ҷумҳурии Бойден, эҳтимоли вуқуи ҷанги севвуми ҷаҳонӣ вуҷуд дорад.

Доналд Тромп – раиси ҷумҳури собиқи Амрико, ки 76 сол син дорад, дар ҷараёни аввалин суханронии умумӣ аз замони эҳзор шудан ба додгоҳ гуфт, ки таҳти раёсати ҷумҳурии Ҷу Бойден эҳтимолан ҷаҳон шоҳиди ҷанги ҷаҳонии севвуми атомии ҳамаҷониба хоҳад буд.

Тромп ба унвони аввалин раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бо иттиҳоми ҷиноӣ рӯбарӯ шудааст, дар хусуси 34 маврид дар робита бо ҷаъли санадҳои молӣ дар ҷаласаи додгоҳи Манҳеттен марбут ба пардохти ҳаққуссукут ба бозигари филми мустаҳҷан изҳори бегуноҳӣ кард.

Вай бо интиқод аз сиёсатҳои давлати Бойден идома дод, ки таҳдидҳои ошкоре аз сӯи кишварҳои мухталиф дар хусуси истифода аз таслиҳоти атомӣ вуҷуд дорад, ки ин мавзуест, дар даврони раёсати ҷумҳурии вай ба ҳеч унвон баҳсе дар бораи он матраҳ набуд.

Тромп дар суханронии худ дар тафарруҷгоҳи “Морологу”-и иёлати Флуридо ба маҳзи он ки аз Ню-Йорк бозгашт, гуфт: “Чунин чизе дар даврони раёсати ҷумҳурии Бойден метавонад ба як ҷанги ҷаҳонии севвуми ҳастаӣ мунтаҳӣ шавад. Бовар кунед, ё на, мо аз чунин чизе фосилаи чандоне надорем”.

Раиси ҷумҳури собиқи Амрико рӯзи сешанбе расман боздошт шуд ва дар догоҳи ҷиноии Манҳеттен барои тафҳими иттиҳом ҳузур ёфт. Қабл аз вуруди ӯ ба додгоҳ дар Ню-Йорк, маҳватаи берунии додгоҳ ба саҳнаи даргириҳое миёни ҳаводорон ва мухолифони ӯ табдил шуд.

Тромп қарор буд, дар ин додгоҳ дар иртибот бо дасткории санадҳои тиҷорӣ барои пардохти ҳаққуссукут ба як бозигари филмҳои мустаҳҷан тафҳими иттиҳом шавад.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тромп Бойденро барои хуруҷи Амрико аз Афғонистон аҳмақ хонд
Ҳамлаи артиши “Исроил” ба навори Ғазза

Матолиби пурбоздид