Узрхоҳӣ ва бахшиш пурсидан

Узрхоҳӣ ва бахшиш пурсидан

Одоби иҷтимоӣ

Касе, ки ошно бо фарҳанги “бахшиш пурсидан” нест ва намедонад “бахшиш”, чизе масалан хӯрданист ё пӯшиданӣ, якчунин инсоне вақте ба гӯшаш “узру бахшиш” мерасад, фикр мекунад, ки одами бахшишпурсида, аз роҳи баргузидааш “пушаймон” шудааст.
Дар ҳоле, ки “бахшиш пурсидан”, ин кори одамони бузург аст; одамоне, ки бо “бахшиш пурсидан аз мардум” ва “кӯтоҳ омадан”, таъкид бар самимият доранд.
Асосан, нишон додани зӯри бозу ва “ҳаёҳу” роҳ андохтан ва худро бузургтар аз он ки ҳаст нишон додан, ин кори одамони заъифу нотавон аст. Аммо ҳайҳот, ки дарку фаҳми ин матлаби волоро Худованд насиби ҳар касе намекунад; ба хусус афроде, ки худбартарбин ва худбузургбин ҳастанд.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Достони марги Ҳорун
Мариус Фоссум: Рафтори Русия алайҳи тоҷикон тааҷҷубовар нест!

Матолиби пурбоздид