Фалсафаи ахлоқ – (4)

Фалсафаи ахлоқ
Бахши чаҳорум
Муртазо Мутаҳҳарӣ
Феъли табиӣ ва феъли ахлоқӣ
خُذِ الْعَفْوَ وَأْمُرْ بِالْعُرْفِ وَأَعْرِضْ عَنِ الْجَاهِلِينَ
(Аъроф/199) Қаблан арз кардем, ки порае аз афъоли инсонӣ “ахлоқӣ” номида мешавад дар муқобили афъоли оддӣ ва табиӣ. Ин суол пеш меояд, ки ахлоқ ва маънии ахлоқӣ будани як феъл чист? Чӣ гуна аст, ки як кори инсон ахлоқӣ номида мешавад? Ва арз кардем, ки агарчӣ ибтидо ба назар мерасад, ки ин суол, суоли хеле соддае аст ва ҷавоби осоне дорад, вале вақте, ки амиқан вориди ин матлаб мешавем, мебинем ҷавоби ин суол, ки рози ахлоқӣ будан чист, ба ин соддагиҳо нест, балки аз мушкилтарин масоили фикрӣ ва печидатарин масоили фалсафии башар аст ва аз чанд ҳазор сол пеш то имрӯз ҳанӯз фалосифаи ҷаҳон тавофуқи назаре рӯйи он пайдо накардаанд.
Мо ба ҷойи ин ки аввал милокҳои ахлоқӣ буданро дар мактабҳои ахлоқӣ баён бикунем ва масалан бигӯем Афлотун дар бораи милоки ахлоқӣ будан чӣ гуфтааст, Арасту чӣ гуфтааст, Эпикур чӣ гуфтааст, Ғаззолӣ чӣ гуфтааст, дар дунёи ҷадид фалосифаи Урупо ҳар кадом чӣ гуфтаанд, ба ҷойи инҳо, аввал мавориди соддаи бисёр равшанашро зикр мекунем, баъд ба тафсир мепардозем, зеро қабл аз он ки мавориди феъли ахлоқӣ равшан бишавад, тафсир кардан чандон савоб (дуруст) нест.
Қаблан аз мавориди мусаллами феъли ахлоқӣ мисолҳое аз эсор яъне ғайрро бар худ муқаддам доштан, заҳмати худ ва осоиши дигаронро талабидан, дар қолаби таърихчаҳое аз хориҷ ва дохили дунёи ислом ва мисолҳое ҳам аз як мавриди дигари ахлоқиёт яъне ҳамдардӣ бо дардмандон зикр кардем.
Акнун боз мехоҳем ба мисолҳои дигаре дар ин маврид бипардозем. Ҳама барои ин аст, ки мехоҳем мавзӯъ комилан равшан бишавад. Ва қабл аз зикри мисолҳо, барои ин ки шумо ба аҳаммияти ин мавзӯъ пай бибаред, лозим аст матлаберо арз кунам.
Арзиши кори ахлоқӣ
Корҳое, ки мо ба онҳо кори ахлоқӣ мегӯем, мебинем фарқашон бо кори оддӣ ин аст, ки қобили ситоиш ва офарин ва таҳсинанд. Ба иборати дигар, башар барои ин гуна корҳо арзиш қоил аст. Тафовути кори ахлоқӣ бо кори табиӣ дар ин аст, ки кори ахлоқӣ дар виҷдони ҳар башаре дорои арзиш аст, яъне як кори арзишманд ва гаронбаҳост ва башар барои худи ин кор қимат қоил аст; он қимат ҳам, ки барояш қоил аст, на аз навъи қимат ва арзише аст, ки барои кори як коргар қоил аст, ки арзиши моддӣ ба истилоҳ эҷод мекунад ва истеҳқоқи маблағе пул ё коло дар муқобили кори худаш пайдо мекунад, балки як навъ арзиши мофавқи ин арзишҳост, ки бо пул ва колои моддӣ қобили тақвим нест.
Он сарбозе, ки ҷони худашро фидои дигарон мекунад, кораш кори боарзише аст, вале арзиши он аз навъи арзишҳои моддӣ нест, ки масалан бигӯем, фалон коргар кораш соате 25 тумон арзиш дорад, меъмор 80 тумон, муҳандис 150 тумон, он дигаре 500 тумон ва хеле боло бошад масалан мегӯянд, фалон кас омад чоҳи нафтро хомӯш кард ва барои ҳар соат кораш 5 ҳазор тумон арзиш қоил буданд; билохира қобили тақвим ба арзишҳои моддӣ аст.
Корҳои ахлоқӣ дар зеҳну виҷдони башар дорои арзиш ва қимат аст, гаронбаҳост, вале навъи арзишаш бо арзишҳои моддӣ — миқёсро ҳар андоза боло бигиред — мутафовит аст. Он як арзиши дигаре аст; арзише аст мофавқи арзишҳои моддӣ. Қазоёе, ки аз Алӣ алайҳис салом нақл кардем, қобили ин нест, ки бигӯем, ин кори Алиро ҳисоб бикунед, бибинед, чанд миллион тумон ё чанд миллиард доллар қимат дорад. Ин бо тумон ва доллар қобили тақвим нест. Албатта арзиш ва қимат дорад, вале навъи арзишаш асосан бо ин арзишҳо мутафовит аст.
Баъд аз он ки собит шуд, ки дар миёни корҳои инсон як силсила корҳое ҳаст дорои арзиш ва қимат, он ҳам навъе арзиш, ки бо арзишҳои моддӣ мутафовит аст, қаҳран ин суол пеш меояд, ки тавҷеҳи ин арзишҳо чӣ гуна аст? Яъне бо чӣ фалсафае, бо чӣ мактабе метавонем ин арзишҳо ва қиматҳоро барои корҳои ахлоқии башар тавҷеҳ бикунем? Ба иборати дигар, кадом мактаб метавонад арзиши ахлоқии кори башарро тафсиру тавҷеҳ ва таъйид кунад? Оё ҳама мактабҳо қодиранд ин гуна корҳоро тавҷеҳ кунанд? Худи мактаб қодир аст? Ҳамаи мактабҳо қодир нестанд. Акнун намехоҳам ин матлабро баст бидиҳам. Инро арз кардам барои ин ки аз ҳоло зеҳни шумо омода бошад барои ин матлаб, ки арзишҳои ахлоқиро кадом мактаб аз мактабҳо метавонад тавҷеҳ кунад ва кадом мактаб қодир ба тавҷеҳ нест.
Мактабҳое, ки қодир ба тавҷеҳ нестанд, баъзе сароҳат доранд, ба рӯйи худашон меоваранд, хиҷолат ҳам намекашанд, инкор мекунанд ва мегӯянд: аслан ахлоқ ҳарфи муфт аст, кори ахлоқӣ анҷом додан аз соддадилӣ аст, одами оқил дунболи кори ахлоқӣ намеравад, дунболи хушӣ ва лаззат меравад, ҷуз суду лаззат ҳеч чизи дигаре дар олам мантиқӣ нест. Боз ин хуб аст, билохира мегӯяд, ман мактабе дорам, ки натиҷааш ҳамин аст. Вале порае аз мактабҳо, ҷаҳонбиниашон, фалсафа ва асоси фикрашон ҳамин натиҷаро медиҳад яъне ба ҳамин ҷо мерасад, аммо ба рӯйи худашон намеоваранд, балки баръакс мегӯянд: мо ҳам ба арзишҳои ахлоқӣ қоил ҳастем ва барои инсоният арзиш қоилем. Вале бо кадом мактаб?! Инҳо бо он асосе, ки ту чидӣ, ҷур дарнамеояд. Ба ҳар ҳол, мо баъдан рӯйи ин матлаб баҳс мекунем.
Ҳол, мепардозем ба мисолҳои дигар барои ахлоқӣ будани баъзе аз корҳо.
Афву гузашт
Ин худаш як масъалае аст. Ҳадиси пайғамбар аст:
ثَلاثٌ مِن مَكارِمِ الأخلاقِ: تَصِلُ مَن قَطَعَكَ وتُعطِي مَن حَرَمَكَ وتَعفُو عَمَّن ظَلَمَكَ
(“Се чиз аз ахлоқи бузургворона аст: ба он ки бо ту қатъи робита кардааст бипайвандӣ ва ба он ки туро маҳрум доштааст бибахшӣ ва касеро, ки ба ту зулм кардааст афв намоӣ.” (“Туҳафул-уқул”, с.8))
Як касе дар бораи шумо муртакиби хато ё ҷинояте мешавад. Албатта дар инҷо бахше аз амал марбут ба шахси шумост ва бахши дигар марбут ба ҷомеа. Мисли ин ки қотиле меояд инсонеро мекушад. Ин амал, ҳам ҷанбаи ҷиноӣ дорад ва ҳам ҷанбаи иҷтимоӣ. Сухан дар он ҷост, ки он амал ба ҷомеа иртибот надорад ва ҳаққе дар ҷомеа тавлид намешавад. Як касе ба шумо тӯҳмате зада, дурӯғе баста, аз шумо ғайбате карда ва аз ин навъ корҳо, ё аз ҳамон корҳо, вале на аз ҷанбаи иҷтимоияш, балки аз ҷанбаи шахсӣ ва фардиаш; шумо афву гузашт мекунед. Ӯ тақозои бахшиш мекунад, шумо ҳам мебахшед, мегузаред. Ин амал низ як амали ахлоқӣ талаққӣ мешавад мофавқи амали оддӣ ва як навъ амали қаҳрамонона.
Ҳақшиносӣ ва вафо
Дигаре ба инсон эҳсон ва некӣ карда. Аксуламали инсон дар муқобили ӯ ду ҷур метавонад бошад: яке ин ки баъд, ки фаҳмид ба истилоҳ хараш аз пул гузашта, аслан эътино намекунад, фаромӯш мекунад ва коре ба кори ӯ надорад. Ва дигар ин ки дар муқобили ӯ то охири умр ҳақшиносӣ мекунад, некии ӯро фаромӯш намекунад, ташаккур мекунад ва вафо ба харҷ медиҳад; баъд аз бист сол ҳам агар як вақте пеш биёяд, ки он шахс эҳтиёҷе дошта бошад, фавран ба ҳукми:
هَلْ جَزَاءُ الْإِحْسَانِ إِلَّا الْإِحْسَانُ
(“Оё ҷазои некӣ ғайр аз некӣ аст?” (Арраҳмон/60)) — ки худи ҳамин як асли ахлоқии фитрӣ аст, ки Қуръон зикр кардааст — дар мақоми подош ва эҳсони ӯ бармеояд.
Ин амал як амали ахлоқӣ аст.
Тараҳҳум ба ҳайвонот
Ҳатто ҳайвоноте, ки аз як назар палиданд, он палидӣ мунофот надорад бо тараҳҳум ба онҳо. Масалан, саг ба далели микробе, ки дар луоби даҳонаш ё дар ҳамаи баданаш ҳаст, мегӯем палид аст, яъне бо ӯ монанди шайъе, ки дорои як микроби хатарнок аст рафтор мекунем.
Ин мунофот надорад бо ин ки дар айни ҳол ин ҳайвон қобили тараҳҳум бошад ва ҳаст. Инсон ҳайвони гурусна ё ташнае мебинад. Як нафар мумкин аст бетафовут бошад, як нафари дигар ӯро тимор мекунад. Дар ҳадис аст, ки марде дар биёбон мегузашт. Сагеро дид, ки аз шиддати ташнагӣ забонашро ба хокҳои намнок мемолад. Дар онҷо чоҳи обе буд. Хуффи худашро — яъне кафши худашро — ба дастор ё шолӣ баст, фиристод дохили чоҳ ва аз он об кашид ва баъд зоҳиран бо дасти худаш ба ин ҳайвон об дод ва ӯро сероб кард ва аз марг наҷот дод. Ваҳй расид ба пайғамбари замонаш, ки Худо кори ин инсонро шукр кард, яъне қадри ин корро донист (яъне ин кор назди Худо қадр дорад):
شَكَرَ اللّهُ لَهُ وَأَدْخَلَهُ الْجَنَّةَ
Худо қадри кори ин шахсро шинохт, яъне амалан шинохт, ба ин маънӣ, ки ба ӯ подош дод, ӯро ба биҳишт бурд. Ҳамин ҳадис аст, ки Саъдӣ дар “Бӯстон” оварда:
Яке дар биёбон саге ташна ёфт,
Бурун аз рамақ дар ҳаёташ наёфт.
Саъдӣ мегӯяд: “Кулаҳ далв кард”, вале ҳадис мегӯяд, кафши худашро далв кард.
Кулаҳ далв кард он писандидакеш,
Чу ҳабл андар он баст дастори хеш.
Ба хидмат миён басту бозу кушод,
Саги нотавонро даме об дод.
Хабар дод пайғамбар аз ҳоли мард,
Ки Довар гуноҳон аз ў афв кард.
Рамзи матлаб дар куҷост, ки ин кор назди Худо ва халқи Худо арзиш дорад?
Сухани Сарийи Сақатӣ
Мегӯянд, яке аз урафо ба номи Сарийи Сақатӣ мегуфт: ман 30 сол аст, ки истиғфор мекунам ба хотири як Алҳамду лиллоҳ, ки гуфтаам, ба хотири як шукре, ки Худоро кардаам:
إِنّي أَسْتَغْفِرُ اللّهَ مُنْذُ ثَلاثینَ سَنَةً لِقَوْلي اَلْحَمْدُ لِلّهِ
Гуфтанд: чӣ тавр? Гуфт: ман дар Бағдод дӯкондор будам. (1) Як вақт хабар расид, ки фалон бозори Бағдодро ҳариқе пайдо шуд ва сӯхт. Дӯкони ман ҳам дар он бозор буд. Ба суръат рафтам бибинам, дӯкони ман сӯхта ё на. Як касе ба ман гуфт: оташ ба дӯкони ту сироят накарда. Гуфтам: Алҳамду лиллоҳ. Баъд, бо худам фикр кардам, ки оё танҳо ту дар дунё будӣ? Билохира оташ чаҳорто дӯконро сӯхта. Дӯкони туро насӯхта яъне дӯкони дигареро сӯхта. Алҳамду лиллоҳ маънояш ин аст, ки Алҳамду лиллоҳ оташ дӯкони маро насӯхт, дӯкони ӯро сӯхт. Пас ман розӣ шудам ба ин ки дӯкони ӯ сӯхта бишавад ва дӯкони ман сӯхта нашавад. Баъд ба худам гуфтам:
أَوَ لا تَهْتَمُّ لِلْمُسْلِمینَ؟ سریّ!
Сарий! Ту ғуссаи мусалмонон дар дилат нест? (Ишора аст ба ҳадиси пайғамбар:
مَنْ أَصْبَحَ لا یَهْتَمُّ بِأُمورِ الْمُسْلِمینَ فَلَیْسَ بِمُسْلِمٍ
“Ҳар кас, ки субҳ кунад ва ҳимматаш хидмат ба мусалмонон набошад, ӯ мусалмон нест.”) Ва ман 30 сол аст, ки дорам истиғфори он Алҳамду лиллоҳро мекунам. Ин чист?
* * *
(1) Ин достонро ҳам Саъдӣ ба шеър даровардааст.
(Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Сайидюнус Истаравшанӣ)
Идома дорад…
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Шукргузорӣ
Сайидҳасан Насруллоҳ: Мушкили минтақа, мудохилаи Амрико дар ҳамаи умур аст

Матолиби пурбоздид