Фаронса таваққуфи ҳамла ба зерсохтҳои ғайринизомии Эронро хостор шуд
Ахбори байналмилал
Макрон – раиси ҷумҳури Фаронса бо интиқод аз ҳамлаи ахири Амрико ва Исроил ба Порси Ҷанубӣ (таъсисоти нафту гози Эрон) таъкид кард, ки ба нафъи ҳама аст, ки ҳамла ба зерсохтҳои ғайринизомии Эрон мутаваққиф шавад.
Эммануэл Макрон – раиси ҷумҳури Фаронса дар паёме дар шабакаи иҷтимоии Х ба ҷинояти ахири Исроил бо чароғи сабзи Амрико дар ҳамла ба бахше аз Порси ҶАнубӣ (таъсисоти нафту гози Эрон) вокуниш нишон дод.
Вай дар ин паём навишт: Дар паи ҳамлаоте, ки ба таъсисоти тавлиди гоз дар Эрон ва Қатар анҷом шуд, ман бо амири Қатар ва раиси ҷумҳур Тромп гуфтугӯ кардам.
Макрон сипас бо ҳушдор дар бораи ин гуна иқдомот идома дод: Дар ростои манофеи муштараки мост, ки фавран ҳамлаот ба зерсохтҳои ғайринизомӣ, бавижа таъсисоти энержӣ ва об мутаваққиф шавад.
Вай идома дод: Ғайринизомиён ва ниёзҳои зарурии онон, ҳамчунин амнияти таъмини энержӣ, бояд аз иқдмоти низомӣ масун бимонанд.
Қаламонлайн













