Фарохони Ҳамос барои хезиши ҷаҳонӣ
Байналмилал
Ҷунбиши Ҳамос тайи як фарохон, мардуми Фаластин, уммати исломӣ ва ҳамаи озодагони ҷаҳонро ба хезиш алайҳи тавтиаҳои омрикоӣ-саҳюнистӣ барои кӯчондан мардуми Фаластин даъват кард.
Ба гузориши Алҷазира дар баёнияи Ҳамос омадааст: “Мо аз ҳамаи мардуми Фаластин, уммати исломӣ ва озодагони ҷаҳон мехоҳем, ки дар радди тарҳҳои берун кардани фаластиниҳо аз сарзамини худашон, иқдом ба баргузории роҳпаймоӣ ва фаъолиятҳои ҳамбастагии густарда дар саросари дунё кунанд.”
Ҳамос идома дод: “Бигузоред, ҷумъа, шанбе ва якшанбеи оянда як ҷунбиши ҷаҳонӣ алайҳи тарҳҳои оворагӣ ва кӯчондани иҷборӣ бошад, ки ишғолгарон ва ҳомиёни он мунодии он ҳастанд.”
Қаламонлайн