Фаъолиятҳои фарҳангӣ ва иҷтимоии Имом Мӯсо Садр
Машоҳир ва номоварон
Имом Мӯсо Садр донишманди барҷастае исломӣ буд, ки аз маъруфтарин осори илмии ӯ метавон ба ин осор ишора намуд: “Иқтисод дар мактаби ислом”, “Ислом ва мушкили ихтилофоти табақотӣ”, “Ислом ва фарҳанги қарни бистум”, “Ислом ва зан”, “Ислом ва тарбияти хонаводагӣ”, “Ислом ва ибодат” ва осори боарзиши дигар…
Сайидмӯсо Мусавии Садр маъруф ба Имом Мӯсо Садр, олим, мутафаккир, сиёсатмадор, муҷоҳид ва раҳбари шиъаёни Лубнон, дар 14 хурдоди соли 1307 ҳ.ш. (мусодиф бо 4 июни соли 1928 м.) дар шаҳри Қуми Эрон ба дунё омадааст. Падараш, Оятуллоҳ Сайидсадруддини Садр ва падарбузургаш, Оятуллоҳ Сайидисмоили Садр, ҳар ду аз уламои барҷаста буданд. Падару модари Оятуллоҳ Сайидисмоили Садр аз Ҷабали Омили Лубнон буданд ва ба шаҳри Исфаҳони Эрон ҳиҷрат кардаанд.
Хонадони Садр аз наводагони Имом Мӯсои Козим (а) ва аз хонадонҳои машҳури мазҳабӣ дар Эрон, Ироқ ва Лубнон аст. Лақаби Садр барои ин хонадон ба ҷиҳати интисоб ба Сайидсадруддини Мӯсавии Омилии Исфаҳонӣ аст, ки ба сабаби шӯҳрати илмӣ ва фиқҳии вай, фарзандонаш ҳама ба Садр маъруф шудаанд.
Таҳсил
Сайидмӯсо, ҳамзамон бо гузарондани дарсҳои дабиристон, ба дуруси ҳавзавӣ низ мепардохт. Таҳсилоти ҳавзавии Сайидмӯсо дар Қум, беш аз як даҳа ба тӯл анҷомид.
Сайидмӯсо Садр дар канори таҳсил ва тадриси дарсҳои ҳавза, дар меҳрмоҳи 1329 (сентябри 1950) дар Донишкадаи ҳуқуқи Теҳрон машғул ба таҳсил шуд ва дар хурдоди 1332 (майи 1953) муваффақ ба ахзи дарҷаи лисонси ҳуқуқи иқтисодӣ шуд.
Вай пас аз гузарондани давраи муқаддамот ва сатҳи мутавассит ва олӣ, дар дарси хориҷи фиқҳ ва усул ва фалсафаи устодони номӣ ва бузурги ҳавзаи Қум ва Наҷаф ширкат ҷуст.
Тадрис
Сайидмӯсо Садр дар канори таҳсили хориҷи фиқҳ ва усул, ба тадриси муқаддамот ва сатҳ низ иштиғол дошт. Ӯ тавонист дар муддати кӯтоҳе худро дар саффи асотиди ҳавзаи илмияи Қум ҷой диҳад ва пас аз чанде ба тадриси фиқҳ ва усул ва фалсафа ва мантиқ низ бипардозад.
Осор ва таълифот
Аз Сайидмӯсо Садр осори илмии фаровоне бар ҷой мондааст, ки маъруфтарини онҳо иборатанд аз:
Иқтисод дар мактаби ислом
Ислом ва мушкили ихтилофоти табақотӣ
Ислом ва фарҳанги қарни бистум
Ислом ва зан
Ислом ва тарбияти хонаводагӣ
Ислом ва ибодат
Афзун бар ин, вай мақолоти мутаъаддиде навишт, ки дар маҷаллаи “Мактаби ислом” дарҷ шудааст. Ҳамчунин вай муқаддимаҳои таҳқиқӣ ва таҳлилии арзишманде бар китобҳои “Маънои ҳадиси Ғадир”, навиштаи Сайидмуртазо Хусравшоҳӣ, “Фотимаи Заҳро (с)”, навиштаи Сулаймони Каттонӣ, “Таърихи фалсафаи исломӣ”-и Ҳонри Курбан ва “Қуръони Карим ва улуми табиӣ” аз Юсуфи Мурувват навиштааст.
Фаъолиятҳои фарҳангӣ ва иҷтимоӣ
Сайидмӯсо Садр дар соли 1338 ҳ.ш. (1959) дар сафаре ба Лубнон, ба дидори аллома Сайидабдулҳусайн Шарафуддини Омилӣ, раҳбари шиаёни он ҷо рафт ва мавриди таваҷҷӯҳи хосси эшон қарор гирифт, ба гунае, ки вай аз Садр барои бар ӯҳда гирифтани раҳбарии ояндаи шиъаёни Лубнон, барои иқомати доим ба Лубнон, даъват кард.
Дар охирҳои сол 1338 ҳ.ш. (1959) баъд аз вафоти раҳбари шиъаёни Лубнон, Сайидабдулҳусайни Шарафуддини Омилӣ, тибқи васияти эшон ва ба даъвати шиъаёни Лубнон, ки бо ирсоли номае аз Сайидмӯсо Садр дархост намуданд ба он диёр ҳиҷрат намояд ва раҳбарии шиъаёнро ба ӯҳда бигирад, Имом Мӯсо Садр ба Лубнон қадам ниҳод ва дар шаҳри Сур раҳли иқомат афканд.
Бархе аз фаъолиятҳои ӯ дар Лубнон иборатанд аз:
— таъсиси Донишкадаи санъатии Ҷабали Омил;
— таъсиси ҷамъияти бирру эҳсон;
— таъсиси хонаи духтарон;
— таъсиси омӯзишгоҳи парасторӣ;
— таъсиси маркази пизишкӣ;
— таъсиси муассисаи қолибофӣ;
— таъсиси ҳавзаи илмия;
— ташкили Маҷлиси аълои шиъаён;
Ва ғайра…
Сайидмӯсо Садр мӯътақид буд, ки фақри фарҳангӣ иртиботи танготанге бо фақри иқтисодӣ дорад. Ҳамчунон ки ин ду беиртибот бо масоили сиёсӣ, низомӣ, ахлоқӣ ва эътиқодӣ низ наметавонанд бошанд.
Садр бо Имом Хумайнӣ иртибот дошт ва аз ҳомиёни неҳзати ӯ буд, чунонки номаҳое миёни он ду радду бадал шудааст. Вай ба мабонии сиёсӣ ва инқилобии Имом Хумайнӣ эътиқоди комил дошт ва нахустин руҳонӣ дар Лубнон буд, ки шахсияти илмӣ, сиёсӣ ва инқилобии Имом Хумайниро дар миёни мардум, бавежа ҷавонон ва нухбагони Лубнон ва Фаластин муаррифӣ кард ва афкор ва андешаҳои эшонро ривоҷ дод.
Имом Мӯсо Садр дар Либӣ
Имом Мӯсо Садр дар мурдодмоҳи 1357 ҳ.ш. (июли 1978) қасди сафаре ба кишвари Алҷазоир дошт. Вай аз Алҷазоир ба ҳамроҳи шайх Муҳаммадяъқуб (аз руҳониҳои Лубнон) ва хабарнигори маъруф Аббос Бадруддин, бино бар даъвати давлати Либӣ ва барои дидоре расмӣ вориди кишвари Либӣ шуд. 6 рӯз баъд, соати дуи баъд аз зуҳр, Сайидмӯсо Садр ба ҳамроҳи ду тан аз ҳамроҳонаш барои мулоқот бо Қаззофӣ, раҳбари Либӣ, савори автомобилҳои давлатӣ мешавад, вале аз он пас то кунун, хабари мувассақе перомуни зиндагонии эшон дар дастрас нест. Мақомоти вақти Либӣ муддаъӣ шуданд, ки вай хоки Либиро ба мақсади Итолиё тарк кардааст, вале иддаъои сафари Садр ба Итолиё, аз сӯйи Кумитаи таҳқиқ дар Лубнон, ҳамчунин бо шавоҳид ва адиллаи зиёде дар тӯли ду даҳа рад шудааст.
Қаламонлайн