Фили сиёҳ

Адаб

Фили сиёҳ

Достони кӯтоҳ

Бахши аввал

Фирдавси Аъзам

Дишаб байни хутути мубҳами хобу бедорӣ, фили сиёҳеро дидам, ки зери чироғи рӯшани рӯи мизам баргҳои китобамро варақ мезад. Аз он филҳои нодире, ки фақат дар достонҳои куҳани Ҳинд ба онҳо ишора шудааст. Ба назар намерасид, ки дар фазои кучаки утоқ ҷой бигирад, аммо ӯ оромона пушти мизам нишаста буд. Гӯшҳои паҳнашро, бе он ки ба ман нигоҳе андозад, дар ҳаво такон медод. Саросема пушти пилкҳоямро молидаму чашмонамро ба кунҷи дигари утоқ дӯхтам. Нури мулоими офтоби субҳгоҳӣ аз пушти пардаҳои норинҷиранги нимабози панҷара метобиду зану шавҳари ҳамсояи рӯбарӯ, ки ҳамеша аз хонаашон садои мусиқии клосик меояд, бо чеҳраҳои нигарон болои сарам истода буданд. Писару духтарам ҳам маъюсона нигоҳам мекарданд. Сардаргум, пулеро миёни воқеъияту хиёл гум карда будам. Фил бесадо ва бидуни ҳич радди пое нопадид шуда буд. Гӯӣ ҳаргиз вуҷуд надошт…

Зоҳиран осонбари дармонгоҳ ҳамчун яке аз беморонаш ба табобат ниёз дошт; аз кор уфтода буд. Вақте ба табақаи сеюм расидем, ҳамсарам дастамро гирифт то рӯи зинаҳои сард биншинему нафасе рост кунем. Вақти равонпизишкро ӯ бо кумаки зани ҳамсояе гирифта буд, ки духтараш дар мактаб ҳамсинфи духтарамон-Тарона аст. Ба ӯ ҳақ медиҳам, ман ҳам ҷои ӯ будам, ҳамин корро мекардам. Дар ин шаҳри бегона, ки падарам ҳамвора мегӯяд: “Решаҳои мо дар хокаш ҳамчун базре дар дили сахраҳост” ғариб ва шарики зиндагии якдигар ҳастем.

Бо ишораи муншии пизишк-духтари қоматбаланди лоғар рӯи сандалиҳои холӣ нишастем. Марде бо рӯзномае зери бағал ва даст бар дасти писараке аз утоқи пизишк берун омад. Кудоме аз инҳо беморанд? Оё мисли ман ҳар шаб кобус мебинанду бо тарс бедор мешаванд? Онҳо ҳам он ҳайкали махуфро мебинанд? Теғи буррони ин андешаҳо зеҳнамро сӯрох мекард ва мисли сӯзиши як захми куҳна озорам медод.

«Ҳама чизро аз ибтидо бароям таъриф кунед. Медонед, ки ташхиси дақиқи дард, нисфи дармон аст. Муҳим аст, ки ҳич ҷузъеро пинҳон накунед» – Букуфскӣ, пизишки солманд бо садои ором гуфт. Ӯ айнакашро бо диққат рӯи чашм чид ва бо нигоҳи пажӯҳишгарона дасте ба риши зарди пруфессориаш кашид.

Ҳамсарам дасти меҳрубонашро бар шонаам фишурда буд. Барои лаҳзае ҳис кардам тамоми ғурбату сардии ин шаҳр дар миёнамон об шуда. Аммо дар дилам орзу кардам, эй кош ӯ дастикам инҷо набуд.

– Гӯшам ба Шумост – орому матин гуфт пизишк ва бо диққат ба ман хира шуд.

Дар ҳоле ки дастонам рӯи зонуҳоям буд, нафаси амиқ кашидам. Як лаҳза чашмҳоямро бастам. Дар пушти пилкҳоям саҳнаҳое аз даврони кӯдакиям чун филм намудор шуд. Чашмҳоро гушудам, банди дастамро молидам ва худро барои бозгӯии ҳодисаи талхи он шаб омода кардам. Он шабе, ки фили сиёҳ на танҳо дар хиёли ман, ки дар кӯчаҳои шаҳри ғурбати ман қадам мезад.

«Ҳақиқаташро бихоҳед, эҳсос мекардам нерӯи номаръие монанди мори азим даври гарданам печида ва нафасҳоямро ба танг оварда аст. Бехобию хастагӣ чунон тавонамро бурда буд, ки ҳар нафасро ҷанге тоза меёфтам. Шаби торики сездаҳуми Апрелро хуб ба хотир дорам; пардаи зулмонии шаб шаҳрро дар худ фурӯ бурда буд. Ханҷари тези бод сурату пӯсти сари бемӯямро мехарошид. Бераҳмона баргҳоро аз шохаҳо меканд, дар ҳаво мечархонд ва дар ҷодаҳои беинтиҳои торик ба давиданаш идома медод. Бод ҳаргиз роҳашро гум намекунад. Гоҳе нолаи ҳузнангези гурбаҳоро аз дурдастҳо меовард, ки бештар шабеҳ ба ҳиқ-ҳиқи як бачаи гурусна буд. Хонаҳо, дарахтҳо ва ҳатто худи осмон, ҳамагӣ дар он торикӣ фурӯ рафта буданд ва дар ҷой-ҷойе рӯи роҳрави борик сояҳои каҷукилебе меҷунбиданд. Телефуни ҳамроҳам хомӯш ва даруни борхалтаи пуштиам буд. Он шаб, аз шифти тӯлонию хастакунанда бармегаштам; нигаҳбони як анбори кучаке ҳастам, ки муҳавватаи боз дорад ва мо ду нафар ба навбат аз он нигоҳбонӣ мекунем.

Ҳамкорам дақиқан дар соати дуи бомдод омад ва мо навбатро иваз кардем. Пеш аз роҳ баромадан ба соат нигоҳе андохтам; дую чаҳордаҳ дақиқаро нишон медод. Он шаб, сиёҳтару андӯҳбортар аз ҳамеша ба назар мерасид. Шояд фақат ба назари ман чунин тарснок менамуд. Намедонам. Маҷбур будам пои пиёда биравам, чун то хона фақат ду кӯчаи фаръии борик фосила доштам. Албатта маҷбур набудам, метавонистам токсӣ бигирам, аммо ба худам гуфтам, ки каме сарфаҷӯӣ бад набошад. Маъмулан барои бозгашт аз дучархаам истифода мекардам, аммо он шаби лаънатӣ, аспи беминнати ман аз кор уфтода буд.

Пизишк, ки ҳамчунон бо диққат ба ман менигарист, ёддоштеро бо худкор рӯи баргае навишт ва ба оромӣ ва бо ҳамон нигоҳи тезбинаш гуфт: «Хуууб, идома диҳед».

Лаҳзае дар худ фурӯ рафтам. Ёдам меояд, бачча ки будам, дар хонаи Бобоям наққошии бузурге аз фил рӯи девори утоқам буд. Ҳар шаб пеш аз хоб, онро нигоҳ мекардам. Вақте чароғҳо хомӯш мешуданд, фил аз синаи девор берун меомаду зери кӯрпаам медаромад. Нигоҳам ба гӯшаи утоқ дӯхта шуд, ҷое ки сояҳо намоише аз рақси нуру торикӣ ба роҳ андохта буданд. Сояҳое, ки ба оромӣ шаклҳои ошно аз гузаштаамро эҷод мекарданд. Сояҳое, ки бо ҳар ҳаракати нур, ба ҳайвоноту ашёи аҷибе табдил мешуданд; гоҳе ба калоғ, соъати шинӣ, фил… Бо худ меандешидам: оё воқеан бояд ҳама чизро ба ӯ бигӯям? Ин ки он шаб ҷуз сояҳое, ки бо бод мерақсиданд, дар атроф ҳич касе набуд. Ҳама чиз ба гӯристони хомӯше мемонд. Медонам, пизишк ҳам ба хубӣ аз ин мавзӯъ огоҳ аст, ки дар шаҳри мо, он сохтмонҳои баланду ғӯлпайкари мероси Шуравӣ камёбанд. Ва дар маҳаллае, ки ман зиндагӣ мекунам, ба ғайр аз чанд сохтмони маскунӣ, тақрибан тамоми хонаҳо яктабақа ҳастанд. Дар ноҳияҳои атроф, он тоблуҳои диҷитолии рангорангу таблиғоти хиракунандае, ки гӯша-гӯшаи шаҳрро рӯшан мекунанд, ба чашм намехӯранд, албатта ба истиснои чанд макони маъдуд. Ба ҳамин далел аст, ки шабҳо торикӣ ҳама ҷоро мепӯшонад. Бештар аз ҳама, ҳамон хиёбон дар сиёҳӣ ғӯтавар аст. На майхонае вуҷуд дорад ва на рестуроне. Ин маҳалла бо инки ором ва камҷамъият аст, аммо оё дуктур бовар мекунад, ки ҳамин оромӣ, ба хусус, дар шаб, чи қадр тарснок аст?

Пас аз диранги кутоҳ, ба ӯ гуфтам:

«Бале ҷаноби дуктур, пӯзиш мехоҳам, ҳамон тур ки мегуфтам, дар он шаб, торикии амиқ дар кӯчаҳои маҳалла мепечид. Аммо, медонед, дар имтидоди он кӯчаи тангу торик, ки хонаамон дуруст дар интиҳояш қарор дорад, ногаҳон чашмам ба филе уфтод, ки дар канори хиёбон истода аст.

«Фил? Дақиқан манзуратон чист? Ман то ҳоло ҳич филеро дар кӯчаҳои шаҳр надидаам» Букуфскӣ бо нигоҳе мамлу аз таъаҷҷуб ва кунҷковӣ пурсид ва умқи чашмонашро медидам. Гӯӣ ҷаҳонҳои дигаре дар онҳо пинҳон аст.

«Бале, як фили сиёҳ» бо тардид ҷавоб додам. «Вожаи беҳтаре барои тавсифаш пайдо намекунам. Шакли он на ба инсони маъмулӣ мемонд ва на ба дарахт ё сутуни тоблуи роҳнамо. Дар ин соатҳои шаб рӯбандаҳо бедор нестанд. Ҳамсояам Кристина, ки рӯбандаи ҳамин кӯчаи «Жирмуну» аст, корашро атрофи соати чору ними субҳ шурӯъ мекунад. Ману ҳамсарам инро нағз медонем. Росташро бигӯям, ин чандумин борест, ки дар ин ҳафта, ӯ ё беҳтар аст бигӯям ҳамон филро дар ҳамон гӯша мебинам. Ин бор аммо, шаклу андозааш мутафовит буд. Қалбам шурӯъ ба тапидан кард. Чаро ки рӯзона вақте ба он гӯша менигаристам, на дарахте, на дуконе ва ҳич чизи ғайриодие онҷо намедидам.»

Гулрӯ рӯи сандалӣ ба оромӣ ҷо ба ҷо шуд. Дуктур Букуфскӣ, ки чеҳрааш нишондиҳандаи марде бо розҳои зиёд ва бо чашмандозе оканда аз кунҷковӣ буд, дасте ба риши худ кашид. Гӯӣ ҳар тори мӯ нақшае аз таҷрубаҳои печидаашро бозгӯ мекард. Нахуст ба ҳамсарам ва пас аз он ба ман нигоҳе андохт. Бо ҳайрати ошкор дар чеҳра пурсид:

«Тааҷҷуб мекунам, фил онҷо чӣ кор мекард?»

«Росташ намедонам, дуктур. Бисёр торик буд ва наметавонистам бо диққат бубинам, аммо ҳаҷми сояи бузургу тирааш тамоми вуҷудамро ба ларза дароварда буд. Ончунон беҳаракату муҷассамавор истода буд, ки намедонистам оё мақсадаш ман ҳастам ё мунтазири туъмаи дигар аст. Накунад ин фили сиёҳ василаи хатарноке; аслиҳа, чоқу ё табар ҳамроҳ дошта бошад? Ин суолот, ҳамчун хароше рӯи захми тоза, дилу зеҳнамро ошуфта сохта буданд. Ҳоло, ҷаноби дуктур, муддатҳост, дақиқан ҳафт сол аст, ки шабҳо кобусҳои тарснок маро дар худ мебалъанду осоиши хобро аз ман гирифтаанд».

Дуктур бо диққату сукут ба ҳарфҳоям гӯш супурд. Пас аз итмоми суханонам ва баррасиҳое, ки ба зоҳир нишонаи ҷиддиеро наёфт, бо нигоҳи андешмандона лаб гушуд: «Таҷрибаи тарсе, ки нақл кардед, комилан табиӣ аст. Ҳичгуна ташвише вуҷуд надорад, хиёлатон роҳат бошад.»

Баланд шуд, нигоҳашро ба фарши утоқ дӯхт. Сипас, каме қадам зад. Дубора баргашт, рӯи сандалиаш нишаст ва идома дод: «Мехоҳам бароятон доруҳое таҷвиз кунам, илова бар ин чанд равиши муқобилае низ пешниҳод мекунам, ки мумкин аст дар коҳиши изтиробатон муассир бошад».

Дуктур Букуфскӣ дастуруламале аз доруҳоро бароям рӯи коғаз навишту чанд равиши канорагирӣ аз ҳаросро ба диққат тавсия кард. Ин шеваҳо шомили нукоти содае ҳамчун нӯшидани об ба сурати муназзам, тамаркуз бар танаффуси амиқ, тамошои филм бо муҳтавои омӯзанда, муроқиба ва тамрини наққошӣ аз чизҳое буд, ки сабаби эҷоди тарсам мешуданд.

Пеш аз он ки нусхаи доруро ба ман бидиҳад, гӯшаки телефони рӯи мизашро бардошт ва ба муншиаш дастур дод то навбати баъдиро дар роёна сабт кунад.

Аз дармонгоҳ берун шудем. Гулрӯ пешниҳод дод, ки каме дар канори Нерис-рӯдхонае, ки дар наздикии мо ҷараён дошт ва мисли Сирдарёи шаҳри Хуҷанд аз дили шаҳр мегузашт, қадам бизанем. Бо нигоҳи саршор аз умеду хурсандӣ, лабханд заду гуфт:

«Худоро шукр, чизе набудааст. Ҳоло дигар хотирҷамъ шудам».

Рост ба ӯ нигоҳ кардаму гуфтам: «Оре, вале ман ҳама чизро ба дуктур нагуфтам. Моҷаро фақат ҳамин нест. Сабр кун ба рӯдхона расем, ҳама чизро мегӯям».

Гулрӯ бо нигаронӣ ба ман нигоҳ карду дастамро муҳкам гирифт. Ҳарду рӯи нимкати чӯбӣ дар баробари рӯдхонаи Нерис нишастем. Парандаҳои сафед бо зарофат рӯи сатҳи ороми об парвоз мекарданду радде аз мавҷҳои зариф барҷой мегузоштанд.

Баргаштам ва ба Гулрӯ гуфтам: «Медонӣ, вақте он ҳайкал ё чӣ медонам, филро дидам, пойҳоямро бе он ки бихоҳам, сангинтар ва тундтар бар замин мегузоштаму чашмҳои хастаамро ба хотири сӯзиши бод борик карда, роҳамро идома додам. Аз канори фурӯшгоҳи маҳсулоти ҳайвоноти хонагӣ гузаштам, ки танҳо нури заъифу нимарӯшани пешхонаш чашмак мезад. Ногаҳон, шарфаи пасти кафшҳоеро пушти сарам шунидам.»

Гулрӯ гулӯяшро соф карду бо шитоб дар ҷояш ҷунбид. Абрӯҳоро бо нигаронӣ боло андохт ва бо чашмоне, ки доиравор кушод шуда буданд, нигоҳи пурсишгаре ба ман андохт. Садоям ба ларза даромад вақте гуфтам:

«Тасаввур кун, фикр кардам накунад яке аз ҳамон сагҳои азиму сиёҳи рӯи тоблуи таблиғотии фурӯшгоҳ зинда шуда, ба шакли фил даромада ва дунболам мекунад.»

Ором нафасе кашидам ва идома додам:

«Ман аз сагҳои ваҳшӣ ба шиддат метарсам. Пушти сарамро нигоҳ кардам, аммо ҷуз торикии фарогир чизе надидам. Мӯйҳои пушти гарданам сих шуду зери пӯстам вижжас кард. Ҳамаи тарсҳоям дар он лаҳза зинда шуданд ва дар зеҳнам мисли саҳнаҳое аз як филм дар ҷараён буданд. Он шаб, беихтиёр гоҳе саги сиёҳу хашини Зариф бо он дандонҳои бузургаш зоҳир мешуд. Ҳамон саге, ки доим ба сутуни мағозаи пушти мактаби куҳнаи русто, ки ту ҳам онҷоро хатм кардаӣ, баста буд. Гоҳе дигар, Мирзокарим – мӯсафеди бедандону маълули сари заҳбур пеши чашмам меомад. Шояд ӯро ба ёд наоварӣ. Солҳо пеш мурда буд. Аз ӯ ҳам мисли мор метарсидам.»

Лаҳзае сукут кардаму нафаси амиқе кашидам. «Ёдам ҳаст, як рӯз дар синфи сеюм мехондам, дар роҳи баргаштан аз мактаб бо ӯ рӯбарӯ шудам ва ӯ чашмони даридаашро ба самтам дӯхт, ки ман…» Садоям ба ларза уфтод. «Худамро тар кардам. Забонам банд омада буд. Чаро ин ёдҳои қадимӣ, ин хотироти тилисмшудаи лаънатӣ дубора зинда шудаю раҳоям намекунанд? Саги сиёҳ маҳв мешуду Мирзокарим дар зеҳнам соя меандохт. Мӯсафед мерафту як хотираи ваҳшатноки дигар ҷояшро пур мекард. Шояд решаи ҳамаи тарсҳоям ба ҳамон саг бозмегардад, ки банди дастамро канда буд ва ҷои захмаш ҳанӯз ҳам нарафта аст. Ҳақиқат дорад вақте мегӯянд гоҳе як ҳодиса сабаби барангехтани тамоми хотироте мешавад ки дар дил хуфтаанд. Аз худам мепурсам; вақте ёде аз гузашта маро гирифтор мекунад, оё ин манам ки ба гузашта бармегардам ё гузашта ба ҳоли ҳозир боз мегардад? Аслан намефаҳмам. Эҳсос мекардам сусморе зери пӯстам мехазад. Дилам ба шиддат мезад, чунон ки гӯӣ мехоҳад аз қабати пӯсту устухон берун биҷаҳад. Дуо мекардам, ки зинда бимонаму саломат ба ҷамъи шумо баргардам.»

Нафас дар гулӯи Гулрӯи ғамзадаам ҳабс шуда буд; вазъияти ӯро ошкоро медидам. Беист боло-пойин шудани себаки гулуяш тасвире аз нигарониҳои бепоёнашро ба намоиш мегузошт. Аз чашмони вафодораш ашкҳои дурушт чак-чак ҷорӣ шуданд. Худамро нафрин кардам, ки чаро ин қадар берӯҳу номеҳрубон ҳастам, ғами ғурбату дурӣ кофӣ набуд, акнун ман ҳам боиси резиши ашкҳои ӯ шудаам. Бо вуҷуди тамоми инҳо, чорае ҷуз рехтани дилнигарониҳоям надоштам. Бо садои ларзон ҳарфҳоямро идома додам:

«Бо тане, ки меларзид каллаамро ба самти ҳамон нуқта баргардондам. Фили азим ҳамчунон дар он ҷо худнамоӣ мекард, ё шояд каме ба самти поин ҳаракат карда буд; шабаҳе, ки чун дев аз дили торикӣ баромада буд. Ногаҳон мисли саҳнаҳои филмҳои тарснок, сарашро ба наҳве тарснок ҷунбонду қадре ба як сӯ каҷ карду рост ба тарафам хира шуд. Ин бор сараш бовар кун, дақиқан ба шакли як фили ғулпайкари сиёҳи зиндаю воқеӣ даромаду гӯшҳои паҳнаш ба шакли хавфнок такон мехӯрданд. Дандонҳои печхӯрдааш чун шамшерҳои дурахшон дар ҳаво ба тобиш даромаданду ба самти замин хам шуданд. Фил ба ҷуз оҷҳояш сиёҳи сиёҳ буд. Мефаҳмӣ? Як фили комилан сиёҳ. Шояд боварат нашавад, аз даруни косаҳои чашмони доирашаклаш шуълаҳои оташ ба берун метобид ва ҳамин оташи ваҳшатнок ҳайбаташро дучандон мекард. Ҳар бор, ки нафас мекашид, оҷҳояш медурахшиданд. Сари фил ба нармӣ аз ин сӯ ба он сӯ чарх мезад. Замин зери поям меларзид. Он лаҳза ба тандисе аз ях табдил шудам ва монанди он достоне, ки падарам дар кӯдакӣ бароям бозгӯ карда буд, дар худ меларзидам. Мардоне дар торикӣ, ки ҳар як филеро ламс мекарданд, вале наметавонистанд онро дарк кунанд. Ҳар кудом, танҳо қисмати кӯчаке аз ҳақиқати бузургро дар даст доштанд. Дар он торикӣ, ман аммо фили сиёҳро медидам. Ва ин ҳайвон тамоми тарсҳои ношинохтаамро намоён месохт. Донаҳои арақи сард рӯи пешониам бесадо медамиданд. Ҳайбати бузургаш дар ҷонам рахна мекарду то устухонҳоям нуфуз меёфт. Пойҳоям ба қадре ларзону беқувват шуда буданд, ки ҳар лаҳза мумкин буд бар замин биуфтам. Афсори замону макон гусаста буд. Дар миёнаи дарёи торику амиқ медавидам. Мавҷҳое аз ваҳшат бар сарам фуруд меомаданд ва ҷое барои фирор намедидам. Бо ҳар қадаме, ки мезадам эҳсоси сангинии ногуворе мекардам, чунон ки кӯҳеро рӯи шонаҳоям ниҳодаанд. Саги сиёҳ, Мирзокарими бедандон, фили сиёҳ ва худи торикии густарда ҳамчун муҳоҷимоне, ки дар миёнаи шаб аз ҳар сӯ ба ман ҳуҷум овардаанд, муҳосираам карда буданд. Ҳама чиз, ҳамаи он мавҷудоти тира назми ороми зиндагиамро ба ҳам рехта, дар паи шикорам буданд. Ҳич дастбардор набуданд ва фарёдҳои хафаам танҳо дар гулӯям давр мезаду ба берун роҳе намеёфт.»

Гулрӯ аз рӯи нимкат баланд шуд, бо гӯшаи рӯймоли гулдораш нахуст қатраҳои чашмони худ ва он гоҳ бо мулоимӣ арақҳои сарди пешониамро пок кард. Сипас бо навозиш сарамро дар дастҳояш қарор дод. Дар фосилаи каме садои хандаю шодии мусофирони киштии сафед шунида мешуд.

Ҳамсарам бо душворӣ нафас мекашид. Вале кор аз кор гузашта буд, марг як бор – шеван ҳам як бор. Нигоҳаш ҳикоят аз он дошт, ки шояд набояд идомаи достонро бигӯям, аммо садои даруниам ҳамчун фарёде дар сина фаварон мекард: бигӯ, дилатро аз ин бори сангин холӣ кун.

Бо нигоҳе ба Нериси орому бепарво ва киштие, ки аз канорамон мегузашт, ба Гулрӯ гуфтам:

«Шояд рӯдхона тавонад тарсҳоямро бо худ барад ва дар дили дурдастҳо пинҳон кунад».

Лабханде задаму идома додам:

«Росташро бихоҳӣ, ба хотири ҳамин ба ту чизе нагуфтам; тарсҳоямро намехоҳам ба ту мунтақил кунам. Фикр мекардам тарс ҳам гузаранда аст. Он шаб, саранҷом, пас аз он ҳама дилшура ба дари вурудии сохтмон расидам. Ҷайбҳоямро саросема кофтам ва саъй кардам калидҳоро пайдо кунам. Эй кош дари сохтмони мо ҳам қуфли рамздор дошт, дар он сурат ба осонӣ рамзро мечидаму бедардисар ворид мешудам. Вале ҳангоме ки кифи пули кучакам аз ҷайбам ба замин уфтод, намедонам читур хам шудаму онро бардоштам. Чизе пушти гарданам нафас мекашид. Фил буд? Ҷуръат надоштам сарамро баргардонам. Ваҳшат устухонҳоямро маҷақ мекард. Пироҳанам ба пустам часбида буд ва дар канораҳои шалворам намро ҳис мекардам. Танҳо ду дона калид доштам, аммо дар он лаҳза гуё калидҳои тамоми сохтмон дар дастам буд. Бо ҳазор бадбахтӣ тавонистам дарро боз кунам. Намедонам худамро чигуна ба дохил кашондаму дарро пушти сарам муҳкам бастам. Пушти дар сокит истодам. Ҳамчунон нафасҳоям ба сахтӣ берун меомаданд. Танҳо садое, ки дар гӯшам мепечид, тапиши сангини қалбам буд. Бо пуште, ки ҳанӯз меларзид, тарҷеҳ додам ба осонбар наздик нашавам; бо осонбарҳо хотираи хуше надоштам. Агар онҷо ҳам бошанд, чӣ? Ҷудо аз ин, ҳамеша аз маконҳои танге чун қуттии гугирд ваҳшат дорам. Ҳолати сарчархак ба ман даст медиҳад, дамгир мешавам. Онҳо монанди селулҳои зиндонанд.»

Гулрӯ оҳе кашид. Нафаси сӯзонаш ба рӯям расид. Донаҳои дурушти ашк дар гӯшаи чашмони сиёҳаш монанди қатраҳои шабнам, ки дар офтоб медурахшанд, дубора ҷамъ шуданд. Суратамро байни дастҳои нармаш гирифту бо садои ором гуфт:

«Ҷои ҳич хавотирӣ нест, ҳама чиз нағз мешавад. Хезед, хезед, ба хона меравем.»

Офтоб дар пасзаминаи осмон, охирин тобишҳои норанҷиро ҷамъ карда, рӯзро ба шаб таслим мекард. Гулрӯ гунаамро бӯсид ва мо даст дар дасти ҳам масири хонаро дар миёни биҳишти рӯшани ғуруб пеш гирифтем. Насими хунуки асргоҳӣ атри латифи ёсро аз дурҳо меовард.

Идома дорад…

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Додгоҳи Лоҳа Исроилро муртакиби наслкушӣ дар Ғазза донист
Рафори некӯ бо ҳамсар

Матолиби пурбоздид