Фишори кишварҳои арабӣ бар Ҳамос
Ахбори байналмилал
Рӯзномаи “Раъюл-явм” гузориш дод, ки бисёре аз кишварҳои арабӣ дар ростои тан додан ба фишорҳои Омрико ва режими саҳюнистӣ, бо таҳдид ба қатъи равобити худ бо Ҳамос, ба дунболи эъмоли фишор бар ин ҷунбиш ба манзури пазириши шартҳои Омрико барои қабули оташбас ҳастанд.
Ин рӯзнома навишт, ки пас аз таҳаввулоти ҷадиди марбут ба ҷанги ваҳшиёна алайҳи навори Ғазза ва фишорҳои Омрико ва режими саҳюнистӣ бахусус тайи ҳафтаҳои ахир, муносиботи ҷунбиши Ҳамос бо бисёре аз кишварҳои арабӣ ба марҳилаи “даргирӣ ва қатъи равобит” расидааст.
“Раъюл-явм” афзуд, ки кишварҳои арабӣ расман ба раҳбарони Ҳамос эълом кардаанд, ки онҳо “аносири номатлуб” ҳастанд ва бояд ба сурати ниҳоӣ ин кишварҳоро тарк ва таҳти ҳеч шароите чӣ сиёсӣ ё инсонӣ ба он ҷо бознагарданд.
Ин рӯзнома ба нақл аз манобеи огоҳ навишт, ки Ҳамос аз ҳаҷми фишори кишварҳои арабӣ бар ин ҷунбиш тайи марҳилаи ахир барои пазириши ҳар гуна пешниҳоди Омрико ва Исроил ба манзури поёни ҷанг шок шудааст; фориғ аз ин ки бандҳо ё натоиҷи ин пешниҳод чӣ бошад.
Манобеи мазкур тасреҳ карданд, Ҳамос суроғи кишварҳои арабии бисёре рафта, ки “пештар дӯст буданд”, аммо натиҷа шоковар буда ва тақрибан “иҷмои ниҳоӣ дар миёни кишварҳои арабӣ” барои адами робита бо ин ҷунбиш вуҷуд дорад, балки вазъият ба ҳадде расида, ки ба Ҳамос ва раҳбарони он иттилоъ дода шуда, ки қатъи равобит бисёр наздик аст.
Ин манобеъ изҳор доштанд, ки Ҳамос расман ҳарчанд ба шакл муваққат ба дунболи интиқоли дафтари сиёсӣ ва ағлаби раҳбарони худ ба Теҳрон пас аз дарёфти чароғи сабзи Эрон аст.
Дар ҳамин иртибот, расонаҳои исроилӣ гузориш доданд, ки кишварҳои арабӣ нигарони таҳкими равобити худ бо Ҳамос ҳастанд ва талош доранд, ба давлати Тромп нишон диҳанд, ки ҳеч иртиботи расмӣ бо ин ҷунбиш надоранд. Дар ин байн, бархе кишварҳо расман ба Омрико эълом кардаанд, ки равобити худро бо Ҳамос қатъ кардаанд.
Режими саҳюнисти тайи музокироти оташбас бар идомаи ишғол ва истиқрори нерӯҳои худ дар бахшҳое аз навори Ғазза аз ҷумла шимоли Ғазза ва созукори вуруди кӯмакҳои инсонӣ ба Ғазза аз тариқи ширкати омрикоӣ таъкид дорад, ки мӯҷиби шикасти музокироти оташбас ва табодули асирон мешавад.
Дар муқобил, гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ то кунун борҳо таъкид кардаанд, ки дар муқобили ақибнишинии комили артиши Исроил аз навори Ғазза, вуруди кӯмакҳои инсонӣ аз тариқи ниҳодҳои вобаста ба Созмони Милал, тазмини поёни ҷанг ва озодии асирони фаластинӣ, ҳозиранд тамоми асирони исроилиро дар як дафъа таҳвил диҳанд.
Қаламонлайн