Худбинӣ ва худхоҳӣ – решаи ҳамаи гуноҳон  – III

Фарҳанг

 

Худбинӣ ва худхоҳӣ – решаи ҳамаи гуноҳон  – III

Худбинӣ ва худхоҳӣ, решаи ҳамаи гуноҳон бидуни истисно

 Чаро мо худхоҳ офарида шудаем?

Дар бахши пешин, баҳси мо ба ин ҷо расид, ки мо, инсонҳо чун аз руҳи илоҳӣ ҳастем, ба ҳамин хотир дар мо сифоти рубубӣ ва худоӣ ҳаст, ки худхоҳӣ ва худбинӣ ва ман-манӣ реша дар он дорад. Он гоҳ ин пурсишро матраҳ кардем, ки агар чунин аст, пас чаро аз ин сифат ба шиддат наҳй шудаем ва ин хӯй ба бадтарин шакл тақбеҳ шуда? Ваъда додем, ки дар ин қисмат аз ёддошт, ба посухи ин пурсиш бипардозем.

Албатта, пеш аз ёфтани посух ба ин пурсиш, аввал лозим аст дар бораи худи сифати кибриёӣ, ки як сифати илоҳӣ аст, сӯҳбат шавад. Зеро вақте гуфта мешавад, сифати кибриёӣ ва такаббур, хосси Худост, чи басо бардошти нодуруст аз ин сухан шуда ва ин суол худнамоӣ кунад, ки: магар Худо мутакаббир аст? Ин яъне чӣ?

Ҷавоб ин аст, ки: бале, Худо кабир аст, яъне бузург аст ва аз ӯ бузургтар қобили тасаввур нест. Мунтаҳо ин вожа вақте дар мавриди инсонҳо ба кор меравад, дар вазни “мутафаъъил” (мутакаббир) меояд, ки ба маънои “худро бузург донистан” аст. Инсон вақте такаббур меварзад, ӯ худро бузург донистааст, дар ҳоле, ки бузург нест, балки бузурги ҳақиқӣ ин Худост. Худо комили мутлақ аст, маҳдуд нест.

Тавзеҳ ин ки: Худованд агар олим аст, олими мутлақ аст, илмаш мисли илми мо инсонҳо маҳдуд нест, агар қодир ва тавоност, қодири мутлақ аст, маҳдуд нест, ӯ зоте аст азалӣ ва абадӣ, яъне оғозу поёне надорад. Комили мутлақ будан яъне ҳамин. Ин яъне бузург будан, кабир будан. Ва мо, инсонҳо ба хотири бархӯдорӣ аз руҳи илоҳӣ, ба сӯйи ин сифот гароиш дорем.

Ва равшантарин далел бар ин ки инсонҳо аз руҳи худоӣ бархӯрдоранд ин аст, ки ҳамаи онҳо қатъи назар аз диндору бедин, камолдӯст ҳастанд, яъне сифатҳои камолиро дӯст доранд ва гароиш ба сӯйи камол, дар ниҳоди якояки онҳо вуҷуд дорад. Ба унвони мисол, ҳамаи мо, инсонҳо доноӣ ва илмро дӯст дорем ва аз ҷаҳлу нодонӣ мутанаффир ва касе дар олам нест, ки ҷаҳлу нодониро ситояд, балки ҳатто одами бесавод низ дӯст дорад олим ва огоҳ хонда шавад. Зеро илм ва огоҳӣ камол аст.

Хуб, розу сирри ин матлаб дар ин аст, ки руҳи мо камолхоҳ аст ва ба сӯйи камол гароиш дорад ва аз камол хушаш меояд, зеро асли мо аз он ҷост, ба сӯйи асли хеш кашида мешавем:

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,

Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.

К-аз найистон то маро бубридаанд,

Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Сина хоҳам шарҳа-шарҳа аз фироқ,

То бигӯям шарҳи дарди иштиёқ.

Ҳар касе, к-ӯ дур монд аз асли хеш,

Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.

Мо мехоҳем ба камоли мутлақ васл шавем ва бипайвандем ва то ба он васл нашавем, ором намегирем, аз ин рӯст, ки мо дар камолот ба як нуқта басанда намекунем, балки ҳар чи огоҳ шавем ва бар илмамон биафзояд, боз ҳам мехоҳем бидонем. Яъне дар воқеъ мо Худоро мехоҳем, зеро камоли мутлақ ӯст.

Ҳол, агар мо худхоҳем, ба ҳамин хотир аст, агар худамонро дӯст дорем, ба ҳамин ҷиҳат аст, агар аз оқоӣ хушамон меояд ва аз бардагӣ мутанаффир, ба ҳамин далел аст.

Аммо бо ин вуҷуд, ин сифот дар мавриди инсонҳо, нописанд ва зишт дониста шуда ва ба шиддат аз он наҳй шудааст ва Худо фармуда: “Иззат, изори ман аст ва бузургӣ ва кибриёӣ ридои ман; касе, ки дар бораи яке аз ин ду бо ман ба низоъ бархезад, ӯро азоб медиҳам.”

Яъне эй инсон, ту бад-ин хотир, ки аз руҳи илоҳӣ бархӯрдорӣ ва асари манӣ, такаббур ва худхоҳиро меписандӣ ва ба он кашида мешавӣ, вале бидон, ки ту дар баробари ман, ҳечӣ, ҳар чи ҳаст, манам ва ту чизе нестӣ, ҳар чи дорӣ, аз ман аст, инро бидон!

Феълан ба ҳамин миқдор басанда мекунам. Дар қисмати баъдӣ, чанд ривоят дар ин замина меоварам, иншоаллоҳ.

Идома дорад…

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Шайх Содиқ ал-Ғирёнӣ: Бояд муттаҳид шавем ва як саффи воҳид ташкил диҳем
Саргузашти босмачиҳо – YIII

Матолиби пурбоздид