Қасам ба бод…

Адаб

Қасам ба бод…

Фирдавси Аъзам

Табар ба пои дарахтону боғ пажмурда

Замона домани сабзи баҳорро бурда

Даҳони панҷараҳо баста, кӯчаҳо холӣ

Сипоҳи мӯру малах, рӯҳи шаҳрро хурда

Садои чилчила дар ҳич ҷо намеояд

Нишаста дар ғами худ боғбони афсурда

Маҷоли ханда надорему ғарқи андӯҳем

Шикаста боли умеду чароғи дил мурда

***

Қасам ба бод, ки айёми ғам нахоҳад монд

Худо ба фикри ману туст, эй дилозурда!

Фирдавси Аъзам

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Зебо хондани Қуръон
Боязиди Бастомӣ кист?

Матолиби пурбоздид