Хушии дурӯғин

Фарҳанг

Хушии дурӯғин

Мавлоно фармояд:

“Дасти яке буридаанд ё шикастаанд ва овехта аст, каж шуда. Ҷарроҳ онро рост мекунад ва бар ҷойи аввал менишонад, ӯро он хуш намеояд ва дардаш мекунад, ончунон кажаш хуш меояд.

Ҷарроҳ мегӯяд: Туро аввал он хуш меомад, ки дастат рост буд ва ба он осуда будӣ, ва чун каж мекарданд мутааллим мешудӣ (яъне дардат мешуд) ва меранҷидӣ. Ин соат агар туро он каж хуш меояд, ин хушӣ дурӯғин аст, инро эътибор набошад.

Ҳамчунон арвоҳро (руҳи инсонҳоро) дар олами қудс хушӣ аз зикри Ҳақ ва истиғроқ дар Ҳақ буд ҳамчун малоика. Агар эшон ба воситаи аҷсом (ҷисми моддии худ) ранҷуру малул шуданд ва гил хӯрданашон хуш меояд, набӣ ва валӣ, ки табибанд мегӯянд: Туро ин хуш намеояд ва ин хушӣ дурӯғ аст, туро хуш чизи дигар меояд, онро фаромӯш кардаӣ. Хушии мизоҷи аслӣ (ва) саҳеҳи ту он аст, ки аввал хуш меомад. Ин иллат (дард) туро хуш меояд, ту мепиндорӣ, ки ин хуш аст ва бовар намекунӣ.”

(Фиҳӣ мо фиҳӣ)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Худшиносӣ
Китоб

Матолиби пурбоздид