Хуҷанд мизбони меҳмонони эронӣ
Ахбори фарҳангӣ
Хуҷанд дар паи баргузории “Ҳафаи фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон”, ба муддати як ҳафта, мизбони меҳмонони эронӣ мебошад.
Барномаҳои “Ҳафтаи фарҳангии Эрон” аз рӯзи душанбе даршаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд дар ҳоли баргузорист.
Дар идомаи ин барномаҳо, Хуҷанд ба муддати як ҳафта, мизбони меҳмонони эронӣ мебошад.
Шоираи маъруфи Тоҷикистон, Фарзонаи Хуҷандӣ дар маҳфили шеърхонӣ, ҳузур дошта ва аз тарафи оқои собирӣ, сафири Эрон дарТоҷикистон, ба поси талошҳо барои баёни иштирокоти ду кишвар ва тақвияти забони форсӣ, лавҳи тақдир дарёфт намудааст.
Собирӣ инчунин дар ин маҳфил хабар додааст, маҷмӯаи шеърҳои Фарзонаи Хуҷандӣ, дар Эрон мунташир хоҳад шуд.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн