Чанд нукта аз Луқмони Ҳаким

Адаб

Чанд нукта аз Луқмони Ҳаким

Тавсияҳои Луқмони Ҳаким ба фарзандаш

Илму ҳикмат биёмўз, то шарофат ёбӣ. Зеро ҳикмат инсонро ба дин раҳнамун мешавад ва бардаро бар озод шараф медиҳад ва ниёзмандро бар тавонгар рафъат мебахшад ва кўчакро бар бузург муқаддам медорад ва фақирро дар ҷойгоҳи подшоҳон менишонад ва бар шарофати шариф ва сарварии сарвар ва азамати ғанӣ меафзояд.
Ва чӣ гуна одамизод гумон дорад, ки кори дину дунёяш беҳикмат фароҳам мегардад, дар ҳоле ки Худои азза ва ҷалла кори дунёву охиратро ҷуз бо ҳикмат маҳйё намесозад?! Ва масали ҳикмати бидуни тоат, монанди ҷисми беҷон ё хоки беоб аст ва ҷисми беҷону хоки беоб ва ҳикмати бетоат, ҳеҷ фоидае надоранд.

***
Ҳаргоҳ мардум ба некўии суханонашон фахр намуданд, ту ба некўии сукутат мубоҳот кун.

***
Тангдастӣ, беҳтар аст аз ин ки ситамгару туғёнгар бошӣ…
Эй писаракам! Ҳазар кун аз ин ки фақир аз дунё биравӣ, дар ҳоле ки умуру дороиҳоятро ба дигарӣ вомегузорӣ ва ўро амиру фармонраво мекунӣ.
***
Некият туро ба худписандӣ вомадорад ва кори хубатро бузург машмор, вагарна ҳалок мегардӣ.
***
Гуноҳонатро то рўзи қиёмат пеши чашмонат қарор деҳ, аммо аз некиҳоят ғофил шав, зеро онҳоро касе ки мешуморад, фаромўш нахоҳад кард.
***
Ҳар кас молики забонаш набошад, пушаймон мешавад.
***
Аз қарздор шудан бипарҳез, зеро мояи зиллати рўзу андўҳи шаб аст.
Эй писаракам!… Аз навкиса қарз магир ва ҳаргиз бо доруға бародарӣ макун.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Қазоқистон дар дуроҳаи демукросӣ ва қавмгароӣ – III
Ду гузориш

Матолиби пурбоздид