Чаро таърихи исломӣ мавриди эътимод аст?

Таърих

Чаро таърихи исломӣ мавриди эътимод аст?

Пас аз зуҳури ислом, дар суннати таърихнигорӣ ва куллан дар суннати нақл, як таҳаввули шигарф ва решаӣ дар ҷаҳон рух дод. То зуҳури ислом, ба “санад” ва эътибори “ровӣ” чандон аҳаммият намедоданд. То он даврон, худи таърихнигор мавзӯият дошт, то нақли вай. Таърихнигор ҳар ки ҳаст, ҳар чи навишта, пазируфта мешуд.

Аммо пас аз зуҳури ислом, нақл (ва ибтидо ҳадисҳои ҳазрати Паёмбар (с) ва сипас ҳар нақле аз ҷумла нақлҳои таърихӣ) то модоме ки “санад”-и он, (яъне касоне, ки ҳодисаи мавриди назарро нақл кардаанд) муттасил набошад ва сониян, худи ровӣ мӯътабар набошад, ба ҳеч ваҷҳ нақли ӯ эътибор пайдо намекард.

Иттисол дар санад, яъне ин ки таърихнигор вақте ҳодисаеро нақл мекунад, бояд аз касе нақл кунад, ки ӯро дидааст ва он санад низ ба навбаи худ бояд ҳодисаи нақлшударо аз касе ривоят кунад, ки ӯро дидааст ва ҳамин тавр кулли санад ҳамагӣ бо ҳам муттасил ва пайваста бошанд ва миёни онҳо инқитое вуҷуд надошта бошад.

Ва аммо эътибори ровӣ, худаш як масъалаи дигар аст. Ва он ин ки: бар фарз агар санад муттасил бошад, ин кофӣ нест, балки ровӣ низ бояд инсони ростгӯ ва дар ҳифзу забт одами дурусту ҳисобӣ бошад. Бинобар ин, агар дар силсилаи санад, ҳатто як ровӣ дида шавад, ки ростгӯ нест ва дар ҷиҳати ҳифзу забт дорои мушкил бошад, нақли вай аз эътибор соқит хоҳад шуд.

Мо дар фарҳанги исломӣ садҳо китоби риҷолӣ дорем, ки дар онҳо фақат биюгрофӣ ва шарҳи ҳоли ровиён оварда шудааст. Ин китобҳо дар воқеъ як меъёр ҳастанд барои ташхиси сиҳҳату суқми ровиён ва нақлҳои таърихӣ.

Аз ҳамин рӯст, ки дар фарҳанги мо мусалмонон, на ҳар китоби ривоӣ ва на ҳар китоби таърихӣ мӯътабар аст, балки аз миёни садҳо ва балки ҳазорон китобҳои таърихӣ, фақат теъдоди мушаххасе мӯътабаранд, мисли Таърихи Табарӣ (он ҳам на тамоми нақли Табарӣ), Сираи Ибни Ҳишом, Билозарӣ, Комили Ибни Асир ва ғайра… Зеро ин китобҳо тамоми воқеаҳоро бо санад нақл мекунанд ва аз ҳама муҳим, таърихнигорони мазкур дарборӣ ва вобаста набуданд. Вагарна, дар ҳар замон ва дар даврони ҳар амиру подшоҳе, таърихнигороне буданд, ки таърихро тибқи ҳавои умаро менавиштанд, мисли “Зафарнома”, “Бобурнома” ва аз ин қабил китобҳо, ки бисёр фаровонанд ва шуморашон аз ҳазор адад ҳам бештар аст, вале ҳеч як аз эътибори лозим бархӯрдор нестанд.

Аз ин рӯст, ки мо мусалмонон ба таърихи худ итминони бештаре дорем, то дигарон.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Гуфторе аз Иммануил Кант
Оғози нишасти руасои дафотири миллии Итерполи Осиёи Миёна дар Душанбе

Матолиби пурбоздид