Чехов – нобиғае пушти вожаҳо

Адаб

Чехов – нобиғае пушти вожаҳо

Фирдавси Аъзам

Адабиёт

Фақат 44 сол зист…

Антон Чехуф намоишноманавис, пизишк ва достоннависи дӯстдоштанӣ яке аз бузургтарин ва пуровозатарин ганҷинаҳои торихи адабиёти Русия ва ҷаҳон маҳсуб мегардад. Сабку усули нигоришии ӯ таъсири амиқу мондагоре бар адабиёти муосир гузошта ва ҳамчунон мавриди мутолиа, таҳсин ва ҳатто рашки нависандагону пажуҳишгарону мунтақидону хонандагон қарор мегирад.

Маҳорати ӯ дар истифода аз насре устодона бо ниҳояти эҷозу пиростагӣ, ҳассосияти васвосгунаи ӯ нисбат ба шахсиятҳо, ҷузъиёт лаҳн, пайранг… ҳайрати нависандагони бузургро ба вуҷуд оварда аст. Нависандае, ки эҳсосоти зиёде барои ҳаяҷоноти дарунии шахсиятҳояш дошт. Намоишномаҳои ӯ дар филмҳо, сериёлҳои телевизиюнӣ, теотр ва барномаҳои бешуморе иқтибос шудаанд ва осораш илҳомбахши бисёре аз қаламбадастони матраҳ низ буда аст. Бо гузашти беш аз як қарн осораш ҳанӯз бӯи куҳнагӣ ва ғубори фаромӯшӣ нагирифтаанд.

Дар ин навиштор, ба таври бисёр фишурдаву шогирдона ба баррасии бархе аз аносири калидии сабку усули нигоришии Чехуф мепардозем ва намунаҳое аз осори ӯро барои нишон додани ин нукот ироа мекунем.

Ҷузъиёт

Осори Чехуф дар густараи равони одамӣ кандуков мекунанд. Яке аз барҷастатарин аносири навиштаҳояш тавваҷуҳ ба ҷузъиёт аст. Ӯ ба хотири тавсифи дақиқу мушаххас аз шахсиятҳо, танзимот ва эҳсосот шӯҳрат дорад. Ин тавваҷуҳ ба ҷузъиёт ба хонандагон имкон медиҳад то ба таври комил дар достон ғӯтавар шаванд, шахсиятҳо ва ангезаҳои онҳоро дар сатҳи амиқтар дарк кунанд. Барои мисол, ӯ дар достони кӯтоҳи «Бону бо саги малус» (ё “Бону бо саги кӯчак”) шарҳи муфассале аз шахсияти аслӣ, Димитрий Гуруф ироа мекунад ва ӯро «марде ҳудудан сиюпанҷсола, бо мӯи рӯшан ва ришҳои нозуку нӯктез» тавсиф мекунад. Ин тавсиф тасвири рӯшане аз зоҳири шахсият тарсим карда, саҳнаро барои достон танзим мекунад. Намунаҳои бештарро дар осораш метавонед бубинед.

Эҷоз

Яке дигар аз вижагиҳои боризи навиштаҳои Чехуф эҷоз аст. Ӯ қодир аст чизҳои зиёдеро бо вожаҳои бисёр андак мунтақил кунад ва навиштаи ӯ бештар бо сарфаҷӯӣ дар забон мушаххас мешавад. Ин минимолисм ба хонандагон фурсат медиҳад ки бар достону эҳсосоти шахсиятҳо тамаркуз кунанд, на инки ҳавосашонро парешон кунад. Барои мисол, дар ҳамин «Бону бо саги малус» аз забони содаю саррост барои тавсифи робитаи ошиқонаи байни Димитрий ва Анна истифода мекунад ва ба хонандагон иҷоза медиҳад то комилан бо эҳсосоти шахсиятҳо даргир шаванд.

Чехуфи муъҷазнавис ангушт бар ҳассостарин асл дар ҳунари достоннависӣ гузошта. Бидуни шак, дар ҳамаи замонҳо ва маконҳо, ҳатто дар пешравтарин назарияҳои адабӣ, эъҷоз яке аз румузи аслии муваффақияти ӯст. Ӯ барои тавсифи шахсиятҳо, ашё, лаҳзаҳо бо камтарин калимот, бештарин маъноро илқо мекунад. Ӯ нависандае буд, ки ба гуфти муҳаққиқон, тавонист “бори бештареро дар бастабандии кучактаре қарор диҳад то роҳаттар ба мақсад бирасад”. Дар яке аз номаҳояш Чехуф ба бародараш менависад: “Ба ақидаи ман, тавсифи табиат бояд хеле кӯтоҳ бошад ва бояд хислате иттифоқӣ дошта бошад. Ҳарфҳои муфтро бояд дур рехт. Дар тавсифи табиат, одам бояд ба ҷузъиёти кучак бичаспад ва онҳоро ба шевае паҳлӯи ҳам қарор диҳад ки хонанда пас аз он ки онҳоро хонд, чашмонашро бибандаду ҳамаи онҳоро пеши худ муҷассам кунад”.

Идома дорад…

(Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Фирдавси Аъзам)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳаёт – амри маънавист
Баҳои биҳишт дар баёни Паёмбари Акрам(с)

Матолиби пурбоздид