Чин байни Фатҳ ва Ҳамос оштӣ андохт

Чин, байни Фатҳ ва Ҳамос оштӣ андохт

Ахбори байналмилал

Aljazeera

Ду ҷаноҳи рақиби фаластинӣ: Ҳамос ва Фатҳ тавофуқномаи ваҳдатро бо миёнҷигарии Чин имзо карданд ва давлати Чин мегӯяд, ин ду ҷаноҳ бар сари “давлати муваққати оштии миллӣ“ тавофуқ кардаанд.

Ба гузориши Алҷазира, гурӯҳҳои фаластинии Фатҳ ва Ҳамос тавофуқномаи “ваҳдати миллӣ”-ро дар Пекин ва бо висотати Чин имзо карданд, ки ҳадафи он ҳифзи контроли фаластиниҳо бар Ғазза пас аз поёни ҷанги Исроил дар Ғазза аст.

Ван И, вазири умури хориҷаи Чин гуфт, ин тавофуқ, ки пас аз 3 рӯз гуфтугӯҳои фишурда дар Чин ба имзо расид, заминаро барои “давлати муваққати оштии миллӣ” барои ҳукумат бар Ғазза пас аз ҷанг фароҳам мекунад. Ин тавофуқнома тавассути рақибони баландмуддат, яъне Ҳамос ва Фатҳ ва ҳамчунин 12 гурӯҳи фаластинии дигар имзо шудааст.

Мӯсо Абӯмарзуқ, яке аз мақомоти аршади Ҳамос, дар як конфронси хабарӣ дар Пекин гуфт: “Имрӯз мо тавофуқномае барои ваҳдати миллӣ имзо мекунем ва мегӯем, ки роҳи такмили ин масир ваҳдати миллӣ аст.”

Абӯмарзуқ афзуд: “Мо дар як дуроҳии таърихӣ ҳастем. Мардуми мо дар талош барои мубориза бапо хостаанд.”

Оштӣ байни Ҳамос ва Фатҳ, нуқтаи атфи калидӣ дар равобити дохилии Фаластин хоҳад буд.

Ду ҳизби сиёсии аслии фаластинӣ дар сарзаминҳои фаластинӣ, аз замони оғози даргирӣ дар соли 2006 ва пас аз он ки Ҳамос контроли Ғаззаро ба даст гирифт, рақиби сарсахте будаанд.

Дар он сол Ҳамос дар интихоботи демукротик пирӯз шуд, аммо гурӯҳи Фатҳ бо пуштибонии кишварҳои ғарбӣ натоиҷи интихоботро напазирфт ва гурӯҳи Ҳамос пас аз он танҳо дар қаламрави навори Ғазза давлати худро ташкил дод ва дар каронаи Бохтарӣ давлати фаластинии таҳти назари гурӯҳи Фатҳ боқӣ монд.

Ҳамос, ки бар Ғазза ҳукумат мекунад ва ҳамлаи 7-октябр ба Исроилро раҳбарӣ карда, аз муқовамати мусаллаҳона дар баробари ишғолгарии Исроил ҳимоят мекунад.

Фатҳ контроли Ташкилоти худгардони Фаластинро дар ихтиёр дорад, ки контроли идории ҷузъе бар каронаи Бохтарии ишғолиро дар даст дорад. Ин гурӯҳ тарафдори музокироти мусоламатомез барои дастёбӣ ба як кишвари фаластинӣ аст.

Тайи солҳои гузашта тамоми талошҳо барои оштӣ байни ин ду ҷаноҳ шикаст хӯрдааст.

Бо ин ҳол, бо тӯлонӣ шудани ҷанги Ғазза ва ҳамчунин музокироти Исроил ва муттаҳидонаш, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида, барои ин ки чӣ касе метавонад пас аз поёни ҷанг бар Ғазза ҳукумат кунад, ду гурӯҳро ба самти оштӣ мутамойил кардааст, то пас аз ҷанг битавонанд контроли навори Ғаззаро дар қолаби як эътилофи фаластинӣ дар даст бигиранд.

Чин, ки ба дунболи ифои нақши миёнҷӣ дар муноқиша аст, пеш аз ин дар моҳи апрел мизбони Фатҳ ва Ҳамос буд.

Лин Тсзян, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин, дар он замон гуфт, дар ин гуфтугӯҳо, ин ду гурӯҳ “иродаи сиёсии худро барои дастёбӣ ба оштӣ аз тариқи гуфтугӯ ва машварат иброз карданд” ва дар “бисёре аз мавзӯъоти хосс” пешрафт доштанд.

Дар охирин даври музокирот, Исмоил Ҳаниа, раҳбари сиёсии Ҳамос ва Маҳмуд ал-Олул, муовини Фатҳ (муовини Кумитаи марказии Фатҳ) ҳузур доштанд.

Вазири хориҷаи Чин пас аз имзои он чи ки аз он ба унвони “Эъломияи Пекин” ёд мешавад, гуфт: “Оштӣ як мавзӯъи дохилӣ барои ҷаноҳҳои фаластинӣ аст, аммо дар айни ҳол, бидуни ҳимояти ҷомеаи ҷаҳонӣ наметавон ба он даст ёфт.”

Чин аз лиҳози таърихӣ бо ормони Фаластин ҳамдил буда ва аз роҳи ҳалли дукишварӣ барои муноқишаи Исроил ва Фаластин ҳимоят мекунад.

Си Тсзинпин, раисиҷумҳури Чин, хостори баргузории “конфронси сулҳи байналмилалӣ” барои поён додан ба ҷанг шудааст.

Aljazeera

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Давои дардҳо
Номаи Назаралии Толиқонӣ ба Худо

Матолиби пурбоздид