Чистии ҳикмат

Адаб

Чистии ҳикмат

Мактаби андеша

Аз таърифи “ҳикмат” метавон ба таърифи “инсон” расид. Ба иборати дигар, дар таърифи инсон “ҳикмат” нуҳуфтааст. Қудамо инсонро ҳайвони нотиқ ё оқил мехонданд; ба ин маъно, ки инсон ҳайвонест, ки фикр, фаҳм ва ақл дорад. Ба гумони қудамо, “фаҳм” сароғози ақл, ва “ақл” камоли фаҳм аст.

Бинобар ин, инсон метавонад ҳама чизро бишносад; ба ҳамин хотир, тамоми улуму фунун дар миёни анвоъи мавҷудот сирфан ба инсон ихтисос дода шудааст.

Аммо бархе ҳамчун Афлотун ҳикматро ба шеваи дигаре таъриф мекунанд ва бар ин боваранд, ки ҳикмат ташаббуҳ ба Худованд аст; ба ин маъно, ки инсон мазҳари тамоми асмо ва сифоти худоӣ аст, ба ҳамин ҷиҳат ин шоистагиро пайдо карда, ки халифаи Худованд бошад ва Худованд ин қудратро дода, то мо ҳама чизро бишносем.

Бино бар ин таъриф, ҳикмат таъаллуқ аст, ва таъаллуқ яъне худогуна шудан. Худованд ҳамаи сифоти худро ба сурати билқувва ба мо додааст ва мо бояд сифоти худамонро ба сифоти илоҳӣ баргардонем ва илоҳӣ шавем.

Як таърифи дигар аз ҳикмат, таърифе аст, ки Мулло Садро эълом мекунад, ва он, “таваллуди сонӣ” аст. Мо ду навъ таваллуд дорем: яке, “таваллуди ҷисм”, ва дигаре “таваллуди руҳ”, ки таваллуди руҳ кори ҳикмат аст.

 

Тафовути ҳикмат ва фалсафа

Дар ин фазо, ин пурсиш матраҳ мешавад, ки асосан, тафовути фалсафа ва ҳикмат чист? Воқеият ин аст, ки қудамо бештар фалсафа ва ҳикматро яке мегирифтанд ва ҳикматро дараҷаи олии фалсафа талаққӣ мекарданд. Аммо ба назар мерасад, ки имрӯз бо ин ки фалсафа ҳамчунон аҳаммияти волое дорад ва ба масоили муҳимме мепардозад, аммо аз мабодии ҳикмат қадре фосила гирифтааст ва наметавон фалсафа ва ҳикматро ба як маъно ба кор бурд.

Фориғ аз тафовути ҳикмат ва фалсафа, бояд ба тафовути “илм” ва “ҳикмат” низ таваҷҷӯҳ дошт. Воқеият ин аст, ки ҳар илме аз дараҷоте аз ҳикмат бархӯрдор аст; чун инсонро аз ҷаҳл раҳоӣ медиҳад, аммо бо ин ҳол, он чи “илм” ва “ҳикмат”-ро аз ҳам мутамойиз мекунад, ин аст, ки ҳикмат мавзӯе фаротар аз улуми дигар дорад. Улуми дигар ҳама ба мавҷуди хоссе таваҷҷӯҳ доранд, аммо ҳикмат ба масоили куллӣ мепардозад ва мекӯшад, то ба “маърифати ҳақиқии ашё” бирасад; ин ки ҳақиқати инсон чист? Хубӣ ва бадӣ ба чӣ маъност? Рафтор чӣ гуна бояд бошад? Чӣ гуна рафторе инсонро ба саодат мерасонад ва ғайра.. Ҳамаи инҳо ниёз ба ҳикмат дорад, то посух дода шавад. Бинобар ин, метавон гуфт, ки ҳикмат, “илм ба мутлақ” ва “мутлақи илм” аст. Ин дар ҳолест, ки улуми дигар, улуми муқайяд ҳастанд.

Ба қалами дуктур Ғуломризо Аъвонӣ, устоди фалсафа ва узви ҳайъати илмии Фарҳангистони улуми Эрон

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Озмоиши илоҳӣ
Луқмон ва мақоми ҳикмат

Матолиби пурбоздид