Чӣ тавр ва чаро ҳамлаи заминии Исроил ба Ғазза шикаст хоҳад хӯрд? 

Таҳлили хабарӣ
Чӣ тавр ва чаро ҳамлаи заминии Исроил ба Ғазза шикаст хоҳад хӯрд? 
Ёддошди рӯзномаи Guardian
Таҳлил аз Guardian
Рӯзномаи Guardian дар ёддоште дар бораи ин мавзӯъ навишта, ки таҳоҷуми заминии Исроил ба Ғазза чӣ гуна анҷом хоҳад шуд – ва чаро ба таври қатъӣ шикаст хоҳад хӯрд. Дар ин ёддошт, ки ба қалами Пол Роҷерс, устоди бознишастаи мутолеоти сулҳ дар Донишгоҳи Брэдфорд ба риштаи таҳрир даромада, ин воқеият мавриди таъкид қарор гирифта, ки амалиёти семарҳилаии артиши Исроил дар Ғазза, на танҳо мӯҷиби ҳазф ва хомӯшии Ҳамос нахоҳад шуд, балки ҳатто нуфузи онро дар минтақа бештар ҳам хоҳад кард. Вай менависад:
Артиши Исроил омодаи шурӯъи амалиёти заминӣ дар шимоли Ғазза аст ва ҳадафи ин нерӯҳо низ чанд вақте аст, ки таъйин шудааст – ки албатта чизе ҷуз гузоштани нуқтаи поён бар фаъолиятҳои Ҳамос нест. Бо ин ҳол, таҷрибаҳои қаблии исроилиҳо нишон медиҳад, ки ба рағми ин воқеият, ки аз назари нерӯ ва таслеҳоти низомӣ бартарии возеҳ ва ошкоре доранд, аммо ин бор низ шикаст хоҳанд хӯрд.
Исроил дар ҳоли барномарезии як амалиёти семарҳилаӣ дар Ғазза аст. Ба гуфтаи Йоав Галлант, вазири дифоъи Исроил, “марҳилаи аввали ин амалиёт, бо бомбборонҳои шадиди ҳавоӣ оғоз хоҳад шуд ва ин низ дар идома бо амалиёти заминӣ бо ҳадафи хунсосозии теруристҳо ва нобудии зерсохтҳои Ҳамос дунбол хоҳад шуд.”
Фози дуввуми амалиёти Исроил шомили нобудӣ ва саркӯби ҳар гуна муқовамати боқимонда хоҳад буд ва ба дунболи он низ марҳилаи ниҳоӣ оғоз хоҳад шуд, ки бо ҳадафи эҷоди як минтақаи ҳоил дар атрофи Ғазза ба анҷом хоҳад расид. Бо шикасти Ҳамос, ин навори борик дар заминаи эҳтиёҷот ва рафъи ниёзҳое монанди таъмини барқ, об, ғизо ва дигар ниёзҳои асосӣ таҳти назорат ва контроли ҷомеаи байналмилалӣ дархоҳад омад.
Ин панҷумин ҷанги Ҳамос ва Исроил аз соли 2008 ба ин сӯ аст. Чаҳор ҷанги пешин ва хушунатҳои мутаъоқиби он мунҷар ба ҷон бохтани 5365 фаластинӣ ва 308 исроилӣ шудааст. Ҷанги кунунӣ низ барои Исроил ҳадди ақал ба баҳои ҷони 1400 тан ва захмӣ шудани 3400 нафар тамом шудааст. Вокуниши артиши Исроил низ то кунун мӯҷиби кушта шудани наздик ба 6000 фаластинӣ аз ҷумла беш аз 2000 кӯдак ва маҷрӯҳ шудани беш аз 16000 нафар шудааст. 29 нафар аз нерӯҳои имдодии Созмони Милал низ дар ин даргириҳо кушта шудаанд.
Танҳо дар яке аз ҷангҳои қаблӣ байни Ҳамос ва Исроил, дар июли 2014, артиши Исроил даст ба як таҳоҷуми заминии бузург зада – ва дар ҳамон як бор ҳам типи “Гулонӣ” мутаҳаммили хасороти ҷиддии фаровоне шудааст. Ин воқеият дар канори эъломи омодагии қатъии Ҳамос, артиши Исроилро ба ин натиҷа расонда, ки ин бор пеш аз оғози ҳар гуна ҳамлаи заминӣ, аз ҳамалоти ҳавоии бисёр сангин истифода кунад. Вайронӣ ва тахриби комили шаҳр қабл аз даргир кардани нерӯҳои заминӣ, яке аз токтикҳо ва вежагиҳои такрории ҷангҳои мудерн аст ва инро пештар дар амалиёти Русия дар Чечен ва Укройн ё амалиёти эътилофи таҳти раҳбарии Иёлоти Муттаҳида дар Ироқ ва ба вежа дар тахриби шаҳри қадимии Мусил ба хубӣ дидаем.
Ин яъне вайрониҳои Ғазза ҳанӯз комил нестанд ва дар ин шаҳр бисёре дигар аз манотиқ вайрон хоҳанд шуд ва ба хусус тунелҳои зерзаминии ин шаҳр борҳо ва борҳо бо бомбҳои мавсум ба зидди сангар мавриди исобат қарор хоҳанд гирифт – ки Омрико дар ҳоли ҳозир ҳудуди 100 бомб аз ин навъро дар ихтиёри Исроил қарор додааст.
Бо таваҷҷӯҳ ба азми давлати Бенёмин Натонёҳу барои нобудии Ҳамос, кушта шудани ҳазорон фаластинӣ ва маҷрӯҳ шудани даҳҳо ҳазор нафари дигар низ қатъӣ аст – ва албатта ин воқеият, ки баъд аз поён ёфтани ҷанг, душвориҳои фаластиниҳои Ғазза эҳтимолан бештар ва муроқибат ва назорат бар онҳо ба маротиб шадид хоҳад шуд.
Инҳо ҳама иттифоқоте ҳастанд, ки Исроил бояд ба онҳо ба унвони хатароти фазояндаи стратегӣ нигоҳ кунад. Чун бо таваҷҷӯҳ ба раванде, ки дар ҷараён аст, метавон гуфт, ки ин ҷанг ба ҷойи хомӯш кардани Ҳамос, мунҷар ба пайвастани даҳҳо ҳазор ҷавони хашмгини фаластинӣ ба созмони Ҳамос ё Созмони ҷонишини Ҳамос хоҳад шуд.
Агар фарзро бар ин бигирем, ки назорати шадиди Исроил бар ду миллион фаластинии асир дар бахши кучаке аз Ғазза, ҷараёни пайвастани ҷавонони Ғазза ба Ҳамосро коҳиш хоҳад дод, аммо бо ин ҳол наметавон чашм бар иттифоқоте баст, ки дар каронаи Бохтарӣ рӯй хоҳад дод. Минтақае, ки дар он беш аз се миллион фаластинӣ таҳти ишғоли сахтгиронае зиндагӣ мекунанд, ки зери назари давлати тундрави Натонёҳу ба маротиб бадтар ва сахтгиронатар аз қабл низ шудааст.
Илова бар ин, каронаи Бохтарӣ аз ду ҷанба тафовутҳои муҳим бо Ғазза дорад. Аввал густариши сареъи шаҳраксозии исроилиҳост, ки шаҳракнишинонаш даргири таркибе қудратманд аз носиюнолисми ифротӣ ва бунёдгароии мазҳабӣ ҳастанд. Нукта ин ки аҳзоби мазҳабии ҳозир дар давлати Натонёҳу ин ифротро ҳимоят карда ва ҳатто бархе аз онҳо дидгоҳе ошкоро коҳонистӣ нисбат ба фаластиниҳо доранд.
Дуввумӣ ҳам ин ки густариши шаҳракҳо дар саросари Фаластин боис шуда таниш ва даргирӣ дар саросари ин сарзамин бисёр боло бошад, то ҷойе, ки аз ибтидои соли ҷорӣ то миёнаҳои сентябр, яъне дар наздик ба 9 моҳ, 189 фаластинӣ кушта ва беш аз 8000 нафар захмӣ шудаанд – ки оморе ба шиддат болост.
Ин яъне тахриби шадид ва вайронии Ғазза ба ҷойи поён додан ба Ҳамос ва мубориза, танҳо маҳалли даргириро тағйир дода ва онро ба каронаи Бохтарӣ мунтақил хоҳад кард. Дар бисёре аз манотиқи ҷануб ва ба вежа Ховари Миёна як руҳияи зидди исроилӣ дар ҳоли рушд аст. Ҳоло бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Ҳамос аз қабл ҳам дар каронаи Бохтарӣ аз ҳимояти мардумӣ бархӯрдор буд, бекифоятӣ ва фасод дар Ташкилоти худгардони Фаластин зарфияти муваффақияти Ҳамосро метавонад болотар аз ин ҳам бибарад. Ин яъне аҳаммияти каронаи Бохтарӣ ва зарфияти он барои табдил шудан ба маҳалли ҷунбиши неоҳамосро наметавон нодида гирифт.
Guardian
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Холид Машъал: “Афсарони омрикоӣ раҳбарии ҳамлаи заминӣ ба Ғаззаро бар ӯҳда хоҳанд гирифт”
Ҳамлаи мушакии муқовамати Фаластин ба Телавив

Матолиби пурбоздид