Шаҳодати 10 размандаи дарёии Яман аз сӯйи амрикоиҳо дар баҳри Сурх
Ахбори байналмилал
Нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар баёнияи якшанбешаби худ (31 декабр), шаҳодати теъдоде аз размандагони дарёии худ дар ҳамлаи Омрико ба баҳри Сурхро таъйид кард.
Ба гузориши Алмасира, сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар баёнияи худ тасреҳ кард, нерӯҳои омрикоӣ ба 3 қоиқ ҳамла карданд ва 10 нафар аз нерӯҳои моро ба шаҳодат расонданд.
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман таъкид кард, ки нерӯҳои омрикоӣ паёмадҳои ҳадаф қарор додани қоиқҳои нерӯҳои мо дар баҳри Сурхро мутаҳаммил мешаванд.
Вай афзуд: “Нерӯҳои мо муваффақ шуданд як амалиёти низомиро бо ҳадаф қарор додани киштии Maersk Hangzhou, ки ба самти бандарҳои Фаластини ишғолӣ дар ҳаракат буд анҷом диҳанд. Ин киштӣ дар пайи адами посухгӯии хадама ба ҳушдорҳои артиши Яман, ҳадаф қарор гирифта шуд.”
Яҳё Сареъ идома дод: “Ба ҳамаи кишварҳо тавсия мекунем, ки ба нақшаҳои душмани омрикоӣ, ки саранҷоми онҳо гирифтор шудан дар баҳри Сурх аст кашида нашаванд. Таҳаррукоти нерӯҳои Омрико дар баҳри Сурх барои ҳифозат аз киштиҳои исроилӣ монеъ аз ҳимояти мо аз мардуми Ғазза нахоҳад шуд.”
Ин баёния пас аз он содир шуд, ки субҳи имрӯз Фармондеҳии марказии Омрико (CENTCOM) дар баёнияе эълом кард, ки як киштии тиҷории мутаъаллиқ ба Maersk аз ҳамлаи қоиқҳои ҷангии яманӣ ба худ хабар дод ва дархости кӯмак кард.
CENTCOM афзуд, ки қоиқҳои яманӣ ба самти киштӣ шиллик карда ва бархе аз сарнишинони қоиқҳо талош карданд, ки вориди киштӣ шаванд.
Дар баёнияи CENTCOM омадааст, ки болгардҳои омрикоӣ барои кӯмак ба киштӣ роҳии минтақа шуданд ва қоиқҳои яманӣ ба самт онҳо шиллик карданд.
CENTCOM дар баёнияи худ муддаӣ шуд, болгардҳои омрикоӣ ба самти се қоиқи яманӣ шиллик карда ва онҳоро ғарқ карданд ва хадамаи онҳо кушта шуданд.