Шекспир: «Ҷаҳаннам холист, ҳама ҷину шаётин дар рӯи заминанд…”

Адаб

Шекспир: «Ҷаҳаннам холист, ҳама ҷину шаётин дар рӯи заминанд…”

Ҳафиз Раҳмон

Бахши аввал

Оғози сухан

“Хиради як шахсияти бузург дастоварди як марҳилаи том аст”, гуфтааст Гуссерл. Ин мутафаккир киро дар назар дорад, намедонам, аммо нисбат ба шахсияти Шекспир басо дурусту воқеӣ менамояд. “Ахлоқ набояд ҳадаф, балки натиҷаи асари ҳунарӣ бошад”, мегӯяд Бенҷамин Констан. Ин гуфтор ҳам ба осори Шекспир комилан дахл дорад. Ӯро бидуни муболиға нобиға номидаанд ва содатарин исботаш ҳамин аст, ки тӯли 400 сол меросаш куҳнагӣ пайдо накард, баръакс, барои ҳар даврону айём замонавӣ шуд, арзиши маърифатию эстетикиаш гаронтар гардид.

Ӯро дӯст надоштан ғайриимкон аст. Кофист, ки як бор ба ганҷинаи осораш ворид бишавӣ. Кофист, ки як каф об аз чашмаи осораш бинӯшӣ… Барои ҷавонони ишқомӯз ҳамин “Ромео ва Ҷулйеттааш” кофист, ки моҳияти муҳаббату садоқати одамиро наку дарёбанд, барои алоқамандони фалсафа ҳамин “Ҳамлет”-аш кофист, ки умре ба суоли “будан ё набудан” посух ҷустуҷӯ кунанд…

Ӯро чун нобиға эътироф накардан ғайримумкин аст. Адибе, ки дар бузургтарин саҳнаи театрҳои дунё (чи Шарқу чи Ғарб, шояд ба истиснои чанд ҷазиракишварҳо) ҳамасола драмаҳояш гузошта мешаванд, ҳатто равияи илмие бо унвони шекспиризм ё шекспиршиносӣ ба вуҷуд омадааст, ки перомуни он на танҳо адабшиносон, балки сотсиологҳо, файласуфон, равоншиносону уламои ахлоқ таҳқиқот мекунанд.

Ӯро ҳамчун шоири инсонсаро, дромнависи моҳиятназар ва мутафаккири оянданигар нашнохтан имкон надорад. Ҳақиқати зиндагӣ, гуманизм, тасдиқи ормонҳои накуиву зебоӣ дар муқобили бадиву зиштиҳо мероси адабии ӯро ҷовидонӣ гардонидаанд.

Ӯро дӯст надоштан ғайрииимкон аст… Шояд дар синфи охири мактаб мехондам, ки рӯзе китобдор эълон кард: китобҳои нав гирифтем, биёед шинос шавед. (Ёди он давра ҷигарро реш-реш мекунад: ҳамин ки ба китобхонаи мактаб китобҳои нав ворид мешуд, дарҳол китобдор синф ба синф гашта, ҳамаро огоҳ мекард, ки китобҳои нав овардем, биёед… Китоб қадри азим дошт, китобхонӣ як амали муқаррарии ҳар толиби илм ҳисоб мешуд, варақаи ҳар хонанда мавриди назорат қарор мегирифт ва ба роҳбарони синф ҳар чоряк иттилоъ дода мешуд… Аз хурсандӣ гӯё “мекафидем”, агар ба ноҳия шоире, нависандае аз марказ меҳмон мешуд… Эҷодкорро (шоиру нависандаро) симои миллат мегуфтанд ва мо ҳамчунон мепиндоштем. Воаҷаб, чи даврае… Аз назари имрӯз фантастика, вале он замон раванди муқаррарии ҳаёт…). Ҳамин тавр, рафтем ба китобхона ва назари банда афтид ба як китобчаи муқовааш сахти ҷигарранг – “Уилям Шекспир, Ҳамлет. Шоҳзодаи Дания”. Баъдтар дигар тарҷумаҳо аз ҷониби устодон Лоҳутиву Улуғзода дастрас шуданд. Ҳоло дақиқ намедонам, ки кадом асари ин бузургвор бидуни тарҷума мондааст, зеро банда тавассути забони русӣ бо мероси Шекспир ошно шудаам. Охирин навгонӣ шояд ҳамин бошад, ки соли 2012 хроникаи “Ричарди III”-ашро устод Низом Қосим тарҷума ва дар шакли китоби алоҳида бо унвони “Чор қулла” (якҷо бо “Электра”-и Софокл, “Тӯрондӯхт”-и Карло Готси, “Маснад”-и Брехт) нашр кард…

Аз фавти ин ҳунарвари асил 404 сол сипарӣ шуд. То кунун ҳазорон таҳқиқот рӯи кор омадаанд. Гӯё сухани мегуфтагӣ намонд. Аммо “ҳар сареву савдое” гуфтаанд. Навиштори зер маҳсули қалами чандрӯза пештари банда роҷеъ ба бархе масоили шекспиршиносист. Албатта, барои онҳое, ки ба ин суханвари беназир таваҷҷуҳе доранд…

Идома дорад…

Ҳафиз Раҳмон

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Пайдо мешавам…
Нолаи қалби муҳоҷир

Матолиби пурбоздид