Шиори “ҳуқуқи башар” ва “озодии баён” дар Урупо ҳарфи беҳуда аст
Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ
Муҳимтарин далел бар ин муддао, ки “ҳуқуқи башар” ва “озодии баён”-у ин ҷур чизҳо дар Урупо вақте навбати ғайриурупоиҳо бирасад, ҳамааш кашк аст ва дурӯғ, вазъу ҳолест, ки паноҳандаҳо, ҳамин рӯзҳо дар он қарор доранд.
Ва он ин ки: азизон дар ин фазо ҳатто ҷуръати инро надоранд ҳарфи дили худро дар робита бо режими саҳюнистӣ, яъне Исроил бинависанд ва ошкоро аз Эрон ё Фаластин ҳимояти худро эълон кунанд. Зеро медонанд (ва инро ошкоро ба ман менависанд), ки тибқи қонуни нонавиштаи урупоиҳо ва шояд навиштаи онҳо, ин кор ҷурм маҳсуб шуда ва анҷомдиҳандааш ҳамон лаҳза ихроҷ мешавад.
Ин аст муҳимтарин далел! Оё метавон инро инкор кард?! На! Чун ба чашмонатон доред мебинед, ки чӣ гуна бо тазоҳуркунандагон бархӯрд мешавад, аз ҷумла бо шаҳрвандони худашон, чӣ расад ба ағёр.
Чаро чунин аст?! Оё аз худ суол кардаед?! Ин чӣ ҷомеаи ба истилоҳ озод ва демукротик аст, ки саҳюнизм дар он хатти қирмиз маҳсуб мешавад, ки агар касе аз он хат таҷовуз кунад, хонааш хароб мегардад?! Оё ин озодӣ аст?!
Оё ин озодӣ аст вақте паноҳандаҳо ва ғайриурупоиҳо аз баёни он чи дуруст медонанд, мамнӯъ ҳастанд?! Онҳо ҳеч ҷинояте муртакиб нашудаанд. Фақат мехоҳанд, ҳарфи дили худро бигӯянд! Аммо аз ин меҳаросанд. Зеро медонанд, интиқод аз саҳюнизм ҷурм ва ҳимоят аз Фаластин ва Эрон дар имрӯз, назди онҳо ҷурм аст.
Оё ғайр аз ин аст?!
Ин чӣ вазъест?! Оё ин озодӣ аст?! Фард ҳатто ҳарос дорад аз гуфтани он чи дар дил дорад! Баҳс ин нест, ки чӣ касе дуруст аст ва чӣ касе нодуруст! Балки тамоми ҳарф ин аст, ки чаро фикри мухолиф – ҳатто агар нодурусташ бидонем – соҳибаш аз ибрози он мамнӯъ аст?!
Оё ин ҷомеаи озод ва ба истилоҳ, демукротик аст?!
Пас, он шиорҳо ҳамааш кашк ва дурӯғ аст!
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн