Эрдуғон: Ҳамлаҳои Исроил таҳдиде барои тамоми минтақа
Ахбори байналмилал
Эрдуғон ба Ҷулонӣ: Ҳамлаҳои Исроил таҳдиде барои тамоми минтақаанд
Дафтари раёсати ҷумҳурии Туркия эълон кард, ки Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар як суҳбати телефонӣ бо Аҳмад Шаръ дар бораи таҳаввулоти ахир, пас аз ҳамлаҳои Исроил ба Сурия гуфтугӯ кардааст. Вай ин ҳамлаҳоро ғайриқобили қабул ва таҳдиде барои амнияти тамоми минтақа хонд.
Президенти Туркия ҳамчунин бар идомаи ҳимояти Анкара аз мардуми Сурия таъкид кард ва аз тавофуқи оташбас бо ақаллияти дарузӣ дар Сурия истиқбол намуд.
Қаламонлайн