Эрон
Қитъае адабӣ аз Пайрави Иқбол
Инак замони ғурриши шерон расидааст,
Вақти суқути душмани инсон расидааст.
Дар фикри маҳв кардани ин сарзамин мабош,
Лутфи Худо ба кишвари Эрон расидааст.
Бе шакку райб аҳли башар баргирифтаанд,
Бахши тамаддуне, ки ба эшон расидааст.
Ин ҳиммату муқобала баҳри нифоқу зулм,
Мерос аз ниҳоди шаҳидон расидааст.
Уммеди адлу дод намоӣ аз он, ки маҳз…
Дасташ фақат ба куштани тифлон расидааст!?
То чанд аз сутӯҳи замон дард мекашӣ,
Ҷоно биё, ки сабр ба поён расидааст.
Эрони ман насибаи наслат ғамин мабод!
Насли туро чу манзари Яздон расидааст.
Пайрави Иқбол
Қаламонлайн